Юнусалиев Умедҷон — донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион, факултаи театр, кино ва телевизион мебошад. Соли 2018 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Аштро бо гирифтани стипендияи аълои раиси ноҳия ва шаҳодатномаи сурх хатм намуда, ба шуъбаи рӯзноманигори телевизиони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардид. Маҳз фаъоливу маҳорати ташкилотчигии ӯ буд, ки ӯро сардори курс интихоб намуданд. Умедҷон Юнусалиев иштирокчии даврҳои 1, 2, 3-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» буда, бо диплому туҳфаҳои арзишманд  сарфароз гардонда шудааст. Тайи соли хониши гузашта ӯ гирандаи Стипендияи аълои донишкада буд. Дар донишкада Умедҷон раиси маҳфили «Муаррихони ҷавон» буда, бо Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» пайваста ҳамкории судманд дорад ва қариб дар ҳар шумораи нашрияи рӯзномаи мазкур мақолаву шеърҳои худро таҳти тахаллуси Умедҷони Амонӣ ба табъ мерасонад.

   Чанде пеш, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Стипендияи кумита озмун доир гардида буд, ки Умедҷон низ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро намояндагӣ намуд. Тазаккур бояд дод, ки аз байни 257 ҳазор нафар донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо 13 нафар ба дарёфти Стипендияи кумита шарафёб гардиданд. Хушбахтона, Умедҷон Юнусалиев аз љумлаи онҳост. Маросими ҷоизасупории озмун санаи 28-уми декабри соли равон, дар толори фарҳангии меҳмонхонаи HAYAT REGENCI баргузор гардид, ки хотирмону фаромӯшнопазир ба интиҳо расид. Дар идомаи соли таҳсили 2019-2020, мо ба Умедҷон зеҳни комил ва пешравиҳои боз ҳам назаррастарро хоҳонем.

Р.Воҳидӣ

Декани факултети театр, кино ва телевизион