Ҳамасола дар нимаи дуюми моҳи декабр дар ҷумҳурӣ  Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Паёми навбатии Пешвои миллатро, ки  рӯзи 26 декабр  мустақиман  тавассути шабакаҳои электронии ВАО  манзури ҳамагон гардонида шуд, ҳайати профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  дар толори консертии «Арғунун»  тамошо карданд.   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯҳои вобаста ба татбиқи нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва ҷории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани маънавиёти аҳли ҷомеа, таъсиси корхонаю коргоҳҳои  пуриқтидор ва ғайра, ки барои  некуаҳволии аҳолӣ мусоидат мекунанд, дарбар мегирифт.

   Тазаккур бояд дод, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии рушд пешбинӣ шудаанд, асоси фаъолияти давлатдориро таҳким бахшида, дар пешрафти  устувори иқтисодӣ, тақвияи неруи ҷисмонӣ ва зеҳнии инсонӣ, рушди соҳибкорӣ ва дастгирии тоҷирон, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, баланд гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, бахусус дар  соҳаи сайёҳӣ нақши муҳим бозиданд.

   Дар Паёми Сарвари давлат  аз фаъолияти тоҷирони кишвар дар обод кардани гӯшаю канори Ватан, бахусус сохтмони иншоотҳои маданию маърифатӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозии пӯлу роҳҳои мошингузар,  дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон  изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

   Хусусияти хоси Паёми имсола аз он иборат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг  диққати махсус дода, таъкид доштанд, ки базаи моддӣ — техникии муассисаҳои соҳаи маориф  таъмин гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама  зинаҳои донишгирӣ аҳамияти хосса дода шавад. Аз ҷумла, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани омӯзиши фанҳои мазкур  Сарвари давлат солҳои 2020-2040  — ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон доштанд. Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки ниҳодҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ тартиб дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

   Ҳамзамон аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» миёни  таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, муассисаҳои олӣ  ва ба ин восита ҷалб намудани ҷомеа ба китобу китобхонӣ доир карда шаванд. Дар ин баробар  масъулонро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти  хуби китобхонаҳоро дар  мақомот, ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхонаҳо  созанд ва онҳоро   бо китобҳои бадеӣ ва тарҷумашуда аз адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, ки  чопи китобҳои бадеиро зиёд намоянд ва сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеаро тариқи дар як сол хондани накамтар аз панҷ китоби бадеӣ баланд бардоранд.

   Нашр ва ҳадя кардани  китоби «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Сарвари давлат дастур доданд, ки китоби «Тоҷикон» бо забонҳои хориҷӣ чоп ва ба шакли электронӣ паҳн карда шавад.

   Президенти мамлакат мужда расонданд, ки бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард.

   Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳад.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода.