Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳоноро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.

   Дигаргуниҳои куллие, ки дар даврони истиқлоият дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба вуқуъ омаданд, нисбат ба рушди соҳаи китобдорӣ муносибат ва талаботи навро ба миён гузоштанд. Ҷорӣ намудани навгониҳо ё ба ибораи нисбатан маъмул, «инноватсияҳо» тақозои даврони истиқлол гардид.

   Бо шарофати сиёсати оқилонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ  хеле беҳтар гардида, таъминоти онҳо бо маводи таълимӣ ба  забони давлатӣ ба маротиб афзуд.

   Дастури таълимие, ки муррифӣ мешавад, «Инноватикаи китобдорӣ»  унвон дошта,  аз ҷониби дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Сафар Шосаидзода барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, онҳое, ки дар зинаи доктор (PhD) таҳсил мекунанд, инчунин роҳбарони китобхонаҳо, мутахассисони хадамоти методии китобхонаҳо таҳия гардидааст.

   Дар дастур мундариҷаи «Инноватикаи китобдорӣ», моҳият, самтҳо ва функсияҳои менеҷменти инноватсионӣ дар китобхонаҳо  шарҳу эзох дода шуда, ба таҳлили масъалаҳои истифодаи самараноки неруи инноватсионии китобхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.

   Вобаста ба муҳиммияти ҷоринамоии инноватсияҳо дар соҳаҳои гуногуни илму истеҳсолот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод менамоям, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникиву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд».

   Вобаста ба ин, дар дастури таълимии мазкур ба масъалаҳои таҷрибаи идоранамоии инноватсияҳо дар сатҳи ташкилӣ (яъне дар сатҳи китобхонаи мушаххас) таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамзамон инноватсия ва раванди инноватсионӣ ҳамчун объекти идоракунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

   Мураттиб мақсад гузоштааст, ки дар доираи дастури мазкур  назарияи инноватика ва менеҷменти инноватсиониро таҳлилу ҷамъбаст намуда, хусусияти истифодабарии онро дар соҳаи китобдорӣ ошкор созад, ҳамзамон таҷриба ва натиҷаи истифодаи методҳои менеҷменти инноватсиониро дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ таҳлил кунад.

   Барои дарёфти бештари  иттилоот мундариҷаи дастури таълимии     «Инноватикаи китобдорӣ»   манзури хонандагон мегардад:

 

М у н д а р и ҷ а

Муқаддима…………………………………………………………              4-7

1. Мундариҷаи инноватикаи китобдорӣ……………………………     

1.1. Моҳияти инноватикаи китобдорӣ…………………….      7-30

1.2. Хусусияти инноватсияҳои китобдорӣ ва принсипҳои фаъолияти инноватсионӣ………………………………………….      30-34

1.3.Сохтори фаъолияти иннноватсионии китобдорӣ-библиографӣ   34-36

1.4. Равандҳои фаъолияти инноватсионӣ…………………………      36-40

1.5. Захираҳои фаъолияти инноватсионӣ…………………………      41-43

2. Асосҳои консептуалии менеҷменти инноватсионии китобхона….

2.1. Моҳияти менеҷменти инноватсионии китобхона………….…..  43-50

2.2. Самтҳо ва функсияҳои менеҷменти инноватсионӣ дар китобхонаҳо. Идоракунии стратегии инноватсияҳо……………………………………………..………  50-70

3. Идоракунии лоиҳаҳои ииноватсионӣ…………………….. 70-73

3.1. Лоиҳаро чӣ тавр бояд навишт?………………………………..  73-81

3.2. Таснифоти лоиҳаҳои инноватсионӣ ва принсипҳои лоиҳасозии инноватсионӣ………………………………………..    82-93

3.3. Неруи инноватсионии мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва механизмҳои идоракунии он…………………………………………………..   93-104

4. Ташкили фаъолияти инноватсионии китобхона………. 104-117

4.1. Моҳият ва сохтори неруи инноватсионии китобхона, таҳлили самаранокии истифодабарии он………………………………………….   117-122

Хулоса ……………………………………………………………..   123-124

Адабиёт………………………………………………………….   125-134

 

Зафари  ШАРИФ,

 мудири кафедраи китобхонашиносӣ

ва библиографишиносии

ДДФСТ  ба номи Мирзо Турсунзода.