Дар таърихи ҳар як миллат фарзонафарзандоне ҳастанд, ки баҳри истиқлолияту ваҳдат, эҳёву рушди илму фарҳанг ҷоннисориҳо менамоянд, ки номашонро дар саҳфаҳои таърих бо хатти зарин сабт месозанд. Насли ояндаи он миллат корнамоиву шуҷоат, ҷонбозиву ҷоннисории онҳоро дар қиссаву ривоятҳо ба некӣ ёд мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин қабил қаҳрамон ва абармардони миллати тоҷик буда, барҳақ метавон гуфт, ки асосгузори давлатдории муосири тоҷик мебошанд.
Воқеан, имрӯзҳо миллати шарафманди тоҷик бо ин қаҳрамони худ мефахраду меболад. Чуноне ки таърих шоҳид аст, дар як давраи кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварҳои назаррас ноил шуда, узви фаъол ва муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Бинобар ин, месазад, ки доир ба фазилатҳои Пешвои миллат, яъне хислатҳои неку накӯкориашон назму наср, қиссаву достон, повесту роман навишта, мактаби давлатдорию сиёсатмадории ӯро ҳаматарафа таҳлил карда, баҳри хонандагон эҳдо намоем.
Дар такя ба ин андешаҳои нек, метавон асари ба тозагӣ рӯйи чоп омадаи доктори илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ зери унвони “Фазилати Пешво”-ро мисол овард.
Китоби “Фазилати Пешво” ҳамчун дастури таълимӣ бо теъдоди 500 нусха бо сифати олии полиграфӣ аз ҷониби нашриёти “ЭР-граф” ба нашр расидааст. Ин асарест дар боби фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун мактаби сиёсати давлатдорӣ барои насли оянда ва намунаи ибрат ба ҳар як фард барои расидан ба мақсадҳои олӣ, дарки худшиносӣ ва инсони комил мебошад. Ин китоб ба хислатҳои беҳтарини Пешвои миллат ва иқдомҳои муҳимми он бахшида шудааст.
Дар пешгуфтори асари мазкур муҳимияти таҳқиқи мавзӯи “Фазилатҳои Пешвои миллат” олимона аз ҷониби муаллиф асоснок шудааст, ки хонандаи закӣ баъд аз мутолиаи ин китоб шоҳиди бевоситаи воқеаҳои таърихӣ ва хислатҳои неки инсонӣ хоҳад гашт. Ҳамчунин, дар ин қисмат вобаста ба муҳимияти ин асар гуфта шудааст, ки: “дар ин китоб чанде аз хислатҳои беҳтарини Пешвои миллат ҳамчун дастагуле аз бӯстони хираду заковати олӣ, одобу ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори омӯзанда ва лутфу меҳрубонӣ армуғон оварда шудаанд, ки барои ҳар фарди миллатдӯсту ватанпарвар, дӯстдори ин сарзамин ва хусусан, ҷавонони бонангу номус мояи ифтихор ва роҳнамо барои расидан ба қуллаи мақсуд мебошанд”.
Барои боз ҳам бештару хубтар иттилоъ гирифтани хонандагон дар бораи асари ҳикматомӯзи “Фазилати Пешво” мундариҷаи онро манзури хонандагон менамоем:
- Эҳдо ба хонанда
- Шоҳкориҳо барои давлату миллат
- Ваҳдати тоҷикон аз хиради Ҷаноби Олӣ буд
- Бо мардум будан мароми ӯст
- Сулҳовар ва наҷотбахши миллат
- Сухани ӯ садои миллат аст
- Таҷассумгари дониш, хирад ва ҳунар
- Эҳёгари анъана ва оинҳои миллӣ
- Муаррифгари исломи воқеӣ
- Роҳкушо ба суйи дилҳо ва марзҳо
- Бунёдгузори истиқлолияти энергетикӣ
- Тарғибгари тарзи ҳаёти солим
- Суханро аз Сарвари давлат бояд омӯхт
- Рафтор, либоспӯшӣ, кабули меҳмон ва оростани дастурхон
- Замин рӯзирасони мардум ва омили фаровонии бозор аст
- Бунёдгузори Артиши миллӣ ва созмондиҳандаи тартиботи ҳуқуқӣ
- Дипломат ва суханвар
- Афкори башардӯстона ва андешаи ҷаҳонситоӣ
- Худо ёру мададгори ӯст
- Охирсухан
- Нидои Пешво
- Фарҳанг омӯз
- Андешаҳо дар бораи Пешвои миллат
Аз мундариҷаи китоб бармеояд, ки дар он рисолаи тарбиявию таълимӣ ва ахлоқию зебоишиносии шоҳкориҳои Пешвои миллат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа васф шудааст. Воқеан, ҳар он чи, ки дар китоб иншо шудааст, аз фазилатҳои Пешвои миллат ҳикоят намуда, дар сиришти хонанда муҳаббат ба Ватан, обу замин, фарҳангу таърих ва забони тоҷикӣ, меҳр ба наздикону пайвандон, дилгармӣ ба кор ва умед ба зиндагиро бедор ва устувор менамояд.
Ишора намудан бамаврид аст, ки дар бораи фазилатҳои Пешвои миллати тоҷик андешаю гуфторҳои шахсиятҳои таърихии ҷаҳони мутамаддин зиёданд. Вобаста ба ин, муаллиф дар ин китоб андешаҳои якчанд шахсияти маъруфи дунёи сиёсату фарҳанг, аз ҷумла Владимир Путин-Президенти Федератсияи Россия, Евгений Примаков — сиёсатмадор ва дипломати шинохта, собиқ Сарвазири Федератсияи Россия, Кофи Аннан-собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ху Ҷинтао — собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кочерил Раман Нараянан — Президенти Ҳиндустон, Абдулло Дуст — собиқ Президенти Сенегал, Чионг Тан Шанг — собик Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Нурсултон Назарбоев — собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Александр Лукашенко — Президенти Ҷумҳурии Беларус, Илҳом Алиев — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Аҳмадшоҳи Масъуд — Каҳрамони миллии Афғонистон, Расул Ғамзатов — Шоири халқии Доғистон ва Дмитрий Попов — коршиноси масоили вобаста ба Осиёи Марказиро зери унвони “Андешаҳо дар бораи Пешвои миллат” ишора намудааст.
Китоб аз рӯйи таъйини хонандагӣ ва мақсаднокӣ ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад. Дар охири китоб муаллиф якчанд адабиётро вобаста ба сиришти фазилатҳои Пешвои миллат барои мутолиаи иловагӣ баҳри хонандагон пешниҳод менамояд.
Муаллиф дар қисмати “Эҳдо ба хонанда” вобаста ба хондашавии он ишора менамоянд, ки “ин китобро ҷустуҷӯ кунед, чун пайдо кардед, ҳатман мутолиа намуда, онро ба дигарон қисса намоед. Ва мутмаин бошед, ки бо ин амал шумо рисолати хешро дар ҷодаи миллатдустӣ ва ватанпарастӣ иҷро кардаед”. Бо чунин андешаи нек, мо низ ба хонандагон асари ниҳоят арзишманд – “Пешвои миллат”-ро тавсия менамоем.
Сайзароб Надиров, директори Китобхонаи илмии
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода