Имрӯзҳо довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» барои даври ниҳоии озмун, ки 20 декабри соли равон дар Китобхонаи миллӣ гузаронида мешавад, тайёрӣ дида истодаанд.

   Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасони кишвар мебошад.

   Боиси хурсандист, ки ба василаи озмуни мазкур шумораи хонандагон дар толорҳои хониш ва аъзошавӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба маротиб боло рафт. Инак, дар китобхонаҳову боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ хонандагони зиёдеро мебинем, ки бо шавқ ба хондани китоб машғуланд. Акнун, китоб дӯсти беҳтарин ва бовафои эшон гардидааст.

   Аз ҷумла, яке аз хонандагон-довталаби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯи наминатсияҳои «Адабиёти муосири тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон», хонандаи беш аз 550 асари бадеӣ, донишҷӯи бахши аввали шуъбаи рӯзноманигори телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Мадина Зоирова мебошад, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба хондани китобҳои бадеӣ шавқу завқи беандоза дошт. Ӯ 19 декабри соли 2001 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, соли 2008 қадами нахустини хешро ба даргоҳи илму фан-МТМУ №1-и ҳамин ноҳия мегузорад. Мадина аллакай аз ҳамон вақтҳо бо кумаку дастгириҳои бевоситаи волидайн ба хондани китобчаҳои хурди манзум шурӯъ намуд. «Офтобак»-аввалин китобчаи шеърҳои бачагона буд, ки дар он синну сол хонданаш ба Мадина муяссар гардид. Ҳамин тавр, ӯ аъзои хурдакаку фаъоли китобхонаи мактабашон шуд.

   Зимни суҳбат Мадина, ҳамчунин, нахустин китоби насрии хондаашро ба ёд оварда, бо рағбати зиёд чунин гуфт:

 — «Бепарастор» аввалин повести хондаам аз нависандаи фаронсавӣ Гектор Мало мебошад. Ман ин китобро хонда истода, кишвари афсонавии Фаронсаро ҳамроҳи қаҳрамони асосии асар-Реми парвоз карда, чарх задам. Повести мазкур ниҳоят шавқовар ва пурмоҷаро буда, дар он нависанда, асосан саргардониҳои Ремии ятим ва дӯстону наздикони ӯро хеле моҳирона тасвир намуда, хонандаро водор менамояд, ки нисбат ба тақдири минбаъдаи писарак бетараф намонад. Китоб ва мавзӯи фарогири он ҳеҷ вақт куҳна намешавад, зеро, ҳарчанд «Бепарастор» вазъи рӯзгори мардуми Фаронсаро дар охири асри XIX нақл кунад ҳам, мавзӯҳое чун носозгориҳои оилавӣ, бемасъулиятии волидайн, бепарастор мондан ва оворагардии кӯдаконро пайгирӣ мекунад, ки дар айни замон низ мушкилоти ҷомеа ва хеле муассиранд. Ҳамчунин, асари «Сағирабача»-и Марҳамат Очилова низ дар ҳамин мавзӯст, ки онро ҳам хеле барвақт хонда будам.

   Ҳанӯз ҳангоми дар синфҳои болоӣ хонданаш Мадина узви фаъоли маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон»-и мактаб гардида, пайваста бо ҳафтаномаҳои «Набзи Файзобод» ва «Пайрав» ҳамкорӣ менамуд ва мудом мақолаю ҳикояҳои шогирдонааш дар мавзӯҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба чоп мерасиданд. Имрӯзҳо бошад, кӯшиш дорад, то дар баробари ин, бо телевизиони «Тоҷикистон» низ ҳамкорӣ намуда, донишу таҷрибаашро сайқал диҳад.

   Ҳангоми дар синфи 11-ум хонданаш Мадина довталаби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» шуд ва то ба имрӯз бомуваффақият аз се даври озмуни мазкур гузашта, соҳиби ду дипломи дараҷаи 1 ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳо гардидааст.

   Чуноне маълум гашт, Мадина ба касби рӯзноманигорӣ ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ шавқи зиёд доштааст, ки ҷое шарҳ дод: «Дар тамоми асарҳои бадеӣ ҳатман ду қувва амал мекунад: некӣ ва бадӣ. Мутаассифона, буданд ҳолатҳое, ки асар бо фоҷеа анҷом меёфт. Ман, чун падарам ниҳоят ҳақиқатҷӯям. Рисолати касби рӯзноманигорӣ бошад, ба мардум ошкор намудани ҳақиқат мебошад. Барои ҳамин ҳам гуфтан мумкин аст, ки касби рӯзноманигориро интихоб намуданам маҳз зиёд китоб хонданам мебошад. Ғайр аз ин, рӯзноманигор бояд бо тамоми донишҳои муосир мусаллаҳ бошад. Бибиям Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъатро дӯст медошт. Талқини пайвастаи ӯ буд, ки ман ба ин донишкада меҳр пайдо намудам ва хушбахтона, имсол тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишкадаи орзуҳоям дохил шудам».

   Айни ҳол, дар замони донишҷӯӣ Мадина Зоирова аъзои фаъоли Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва Китобхонаи илмии донишкада мебошад. Тавре ки Мадина гуфт, ӯ аллакай дар замони донишҷӯияш ба хондани зиёда аз 50 асари дигар даст ёфтааст ва ҳоло ба мутолиаи асари нависандаи ҳинд-Робендронат Такур — «Чанорҳои хотироти ман» машғул аст. Китобдӯстӣ дар замираш маъво гирифтааст ва то ҳангоме ки пурра китобро нахонад, онро, ба фикри оне ки пасон хоҳад хонд, боз ба ҷояш гузошта наметавонад. Бахусус, асарҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ато Ҳамдам, Чингиз Айтматов ва Гектор Мало ба китобҳои дӯстдоштатаринаш табдил ёфтаанду асарҳои ин нависандагони писандидаашро  ба тамом хондааст. Қобили зикр аст, ки китоби нахустини Мадина Зоирова бо номи «Дар талоши зиндагӣ» дар дасти чоп буда, таассуроти бузурге аз асарҳои хондааш мебошад.

   Воқеан ҳам, китоб-дӯст тарбиятгар ва кушояндаи роҳи зиндагӣ буда, манбаи афкори солим ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, имконияти ҷавонон ҷиҳати омӯхтани илмҳои муосири дунявӣ хеле фаровон буда, барои ин аз ҷониби мо-ҷавонон кӯшишу ғайрат мебояд, то ба сатҳи баландтари донишу маърифат расида, фардо дар зиндагиву кору фаъолиятамон боиси ифтихори давлату миллати соҳибтамаддуни хеш бошем.

   Ҳоло Мадина Зоирова боли истеъдод кушодаасту дар ҳоли парвози эҷодӣ аст ва бошад, ки ин парвози фатҳи қуллаи мақсуд бошад. Аҳсанту офаринаш мехонем ва умед бар он мебандем, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ғолибият насибаш мегардад, зеро худ ба ин бовар дорад.

 

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,

донишҷӯи курси 3-юми

шуъбаи рӯзноманигори ТВ