Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, тибқи нақша-чорабиниҳои алоҳидаи худ оид ба пешгирии ҷавонон  аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди пойтахт мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо ҷалби коршиносону мутахассисони соҳа баргузор намуда истодааст.

   Дар   Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки Шамсов Сайдалӣ — мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои дохилаи  шаҳри Душанбе, маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам бо омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

   Ба чорабинӣ ректори донишкада, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Х.У. ҳусни оғоз бахшид.

   Баромадкунандагон зимни гузориши хеш атрофи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, се ҳадафи стретегӣ расидан ба истиқлолияти  энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муроҷиатномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавонон, риояи тартибу низоми шаҳрдорӣ, саҳмгузорӣ дар ободонию хуррамгардонии пойтахт, пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ миёни ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки нисбат ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб бетараф набошанд.

[metaslider id=2525]

   Ҳамзамон, бо овардани далелҳои мушаххасу дақиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, ба таври  возеҳу равшан ба ҳозирин маълумот доданд.

   Дар фарҷоми  чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои дохилаи  шаҳри Душанбе, маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам барои фароҳам овардани шароити мусоиди  баргузории чунин мулоқот ба раёсати донишкада изҳори сипос намуданд, Ректори донишкада аз номи коллективи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ба меҳмонон барои вохӯрӣ ва  баромадҳои самимӣ арзи ташаккур намуданд.

Пуштибони миллату кишвар шавем,

Ҳамдигарро ҳамдаму ёвар шавем.

То ки гардад сабзу хуррам ин макон,

Сарзамини сулҳбори тоҷикон.

Зинда бодо ваҳдату  иқболи мо,

Сарзамини тозаистиқлоли мо!

 

Холов БОЗОРБОЙ, Зафари ШАРИФ,

омӯзгорони кафедраи китобхонашиносӣ

ва библиографишиносии

ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода