Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт

Эмомалӣ Раҳмон

   Бешубҳа ҳаёти осудаи имрӯзаи мо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб шурӯъ шуд. Вазъияти солҳои 1991-1992 набояд аз хотири халқ фаромӯш шавад. Давлат ва сохторҳои идориву қудратии он фалаҷ гашта, Қонун амал намекард, ҳар минтақа дар дасти гурӯҳҳои мухолифи яроқнок монда, инсонҳоро бе пурсиш мекуштанд, хонаву коргоҳҳоро месӯзонданд, амволи халқу давлатро ба яғмо мебурданд. Ва давлат имкони пешгирии онро надошт. Ҳама дар фикри ҷони худ буданд. Ба мардум танҳо як чиз зарур буд: қатъи хунрезӣ ва сулҳ, тинҷии давлат ва саломатӣ. Чизҳои дигар аз ёди мардум баромада буданд.

   Он рӯзҳо давлат бе роҳбар монда, бо талаби мухолифин президенти онвақта Раҳмон Набиев ва ҳама вазирон истеъфо дода буданд. Барои таъсис додани давлат танҳо иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии аз ҷониби халқ интихобшуда – ягона сохтори расмии ҷумҳурӣ зарур буд. Дар мавриди интихоби ҷойи Иҷлосия баҳсҳо зиёд буданд. Аввал маслиҳат буд, ки дар пойтахт гузарад, кӯшиш ҳам шуд, вале дастаҳои мусаллаҳ имкони ҷамъ шудан надоданд. Ягона ҷойи тинҷу имконпазир шаҳри Хуҷанд  ва аз лиҳози бехатарию шароити мувофиқи корӣ Қасри Арбоб буд. Даҳҳо постҳои ғайриқонунӣ дар роҳ истода буданд.

   Дар ҷараёни иҷлосия ҳукумати нав таъсис дода шуд. Дарвоқеъ, бисёр касон аз тарс вазифаҳоро ба ӯҳда гирифтан намехостанд. Бисёриҳо бар он назар буданд, ки ин ҳукумат як ҳафта, дераш 6 моҳ мекашад. Вале хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 27-солагии онро ботантана чун иди умумии миллат таҷлил мекунем. Ин иҷлосия дар ҳақиқат, таърихӣ тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур — ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз шукр мекунем, ки Шӯрои Олӣ, он замон дар интихоби худ хато накард. Барои вакилони онвақтаи Маҷлиси Олӣ шахсият, ақидаву ҷаҳонбинии вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов равшан буд: аз соли 1990 то баргузории Иҷлосияи таърихӣ — ноябри 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаҳои муҳими барномавӣ ҳатман баромад мекард, вале дар суханронӣ хеле ботамкин буд, ба эҳсос дода намешуд, дархосту андешаҳояшро дақиқан дар тарозуи хираду адолат баркашида, пешниҳод менамуд ва пешниҳодоти ӯ барои осудагию тинҷӣ ва некӯаҳволии кулли сокинони ҷумҳурӣ равона шуда, аз ҷониби аксарият пазируфта мешуданд. Бинобар ин барои вакилони Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов чеҳраи ошно буд. Барои ҳамин ӯро аксари кулли вакилони Шӯрои Олӣ дастгирӣ намуданд. Пас аз баромади нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дигарон ҳам ба ӯ бовар карданд. Сухани аввалинашон ин буд: «То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ намешавам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!» Нутқи ӯ пас аз интихоб шудан бе тайёрии пешакӣ, бе коғаз сурат гирифт, вале асоси барномаи амали панҷ соли аввали фаъолияти тамоми ҳукумати ҷумҳурӣ гардид.

   Дар хотимаи иҷлосия байни сарварони нерӯҳои мухолифин ва Фронти халқӣ  паймони сулҳ баста, ҳамагон «оши оштӣ» хӯрданд. Аммо оштӣ ба вуқӯъ наомад. Зеро ки масъалаҳо хеле печида гашта, имкони якбора «оштӣ шудан» намонда буд. Ба ватан баргардонидани гурезаҳо нахустин роҳи ҳалли низоъ, дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти фавқулоддаи сиёсӣ дошта, таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳонро ба худ ҷалб карда буд. Мушкилот хеле зиёд буд.

   Шукр мекунем, ки аз пайи истиқлол ва сулҳу ваҳдат зина ба зина сатҳи зиндагии мардум хеле пеш рафт. Тақсими ҳазорҳо гектар замин, имтиёзҳои зиёд барои кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ, қарзҳои имтиёзнок боиси рушди баланд шуд. Асоси муваффақият истифодаи самараноки замин ва даромаднокии он, техникаву технологияи замонавӣ мебошад. Дар ин хусус ҳукумат барномаҳои рушди ҳама соҳаҳои истеҳсолиро қабул кардааст.

   Таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад мебояд, ки ин таҷрибаро дар мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ омӯзонида шавад, то чунин мушкилот дар таърихи минбаъдаи халқу давлати мо такрор нагардад.

 

   Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Эмомалӣ Раҳмон

   Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

   Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

   Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

   Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

   Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

   «Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд, ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.

Востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомаи нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (авестоӣ: ahura.mazdā-; порсии миёна: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (авестоӣ: vayu- / vayaw-; паҳлавӣ: порсии миёна: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (авестоӣ: θwāša-; порсии миёна: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста чунин гуфтанд:

«Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, якдилӣ ва мустаҳкамиву пойдории давлатӣ Тоҷикистон аст.

 

Ҷавлони парчам дар фазо,

Набзи дили мову шумост.

Ин хок чун хоки биҳишт,

Оганда аз нури Худост.

Ҳар ахтари тобони он,

Дар ин замини бостон,

Рамзи саодатмандиву,

Пирӯзиву иқболи мост.

 

   Хулоса, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии  асосҳои давлатату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеаи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс душманӣ ба рӯзи сахту гаронии мардум боис мегардад.

 

Саидраҳмон Бердиев

магистри соли якуми ихтисоси рӯзноманигори телевизиони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода