26 октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори ватаниву хориҷӣ ва иштирокчиёни Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони  «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар оғоз ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон меҳмонон ва журналистонро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки дар доираи ин фестивали байналмилалӣ, ки аз 26 то 29 октябри соли 2019  доир мегардад, ҳамзамон намоиши ҳунарҳои  мардумӣ, конфренсияи байналмилалӣ бо ширкати олимону  ҳунармандон аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст. Дар доираи конфренсияи илмӣ-назариявӣ  масъалаҳои зерин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

—  Шарқ — Ғарб масъалаҳои хос ва алоқамандии байнифарҳангӣ;

—  Санъати анъанавии мусиқӣ масъалаҳои ҳифз ва инкишоф;

—  Анъанаҳои миллии мусиқӣ дар эҷодиёти композиторони Авруосиё;

— Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун хориқаи нигоҳдории  мутаассили эҷодиёти бадеӣ.

   Инчунин меҳмонон аз мамлакатҳои дар боло номбаршуда таасуроти

аввалини хешро дар бораи ободии шаҳри Душанбе, боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои илмӣ-эҷодии байниҳамдигарӣ баён намуданд.

   Дар охир ректори Донишкада Усмонзода Х.У. ба саволҳои журналистони воситаҳои ахбори омма ҷавоб гуфта, ба консертҳои мусиқии анъанавӣ, арғунуннавозон ва симфонӣ, ки дар доираи ин фестивал аз тарафи устодони санъати кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 27, 28 ва 29 октябр барои тамошобинон ройгон баргузор мегардад, хоҳишмандонро даъват намуда, ба кори фестивали байналмилалӣ барор хост. Бо ҳамин нишасти матбуотӣ ба анҷом расид.