Бо дасгирии вазоратҳои  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Чеченистони  Федератсияи Русия, бахусус Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи  Мирзо Турсунзода мо — Варқа Ошурмамадов ва Сафарбегим Боронбекова  барои иштирок дар 11-умин  Фестивал-озмуни  байналмилалии рақси яккаи Маҳмуд Эсамбаев, 15 сентябри соли равон, ба шаҳри Грознийи  Ҷумҳурии Чеченистон сафар намудем.

   Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Грозний моро намояндагони  Вазорати фарҳанги Чеченистон самимона истиқбол гирифтанд.  Дар ин фестивал — озмуни байналмилалӣ намояндагон аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Булғористон,  Сербия, Ҷумҳурии  Мисри Араб,  Амороти Муттаҳидаи Араб, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Украина,  Ӯзбекистон, Тоҷикистон,  Қазоқистон, Белорус, инчунин, як қатор  шаҳру вилоят ва ҷумҳуриҳои Федератсияи   Русия ҳузур доштанд.

   Ин фестивал — озмун ҳар сол  ба  ифтихори  Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Маҳмуд Эсамбаев баргузор мегардад.  Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри  Грозний  ва толори  пешвозгирии  «Вайнах» бахшида ба ин ҷашнвора бо овезаҳо, аксу ҳайкалҳо ва расмҳои кашидаи рассомони ҷавону калонсол оро дода шуда буданд.

   Аз соати 17:00 бо иштироки ҳунармандони шаҳри Грозний  Фестивали байналмилалии рақси яккаи Маҳмуд Эсамбаев  ифтитоҳ ёфта,  иштирокчиён ба саҳна дават карда шуданд. Мо ҳам бо баланд бардоштани Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи саҳна баромадем.  Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ  вазири фарҳанги Чеченистон Ҳоҷӣ Баудӣ Дааев ҳусни оѓоз бахшида, иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро хайрамақдам гуфт. Баъди суханронии вазир барномаи консертӣ оғоз шуд. Дар ин барнома ансамблҳои рақсии «Вайнах», «Башлам», ансамбли кӯдаконаи «Вайнах»-и ба номи  Маҳмуд Эсамбаев ҳунарнамоӣ намуда, бо рақсҳои ҷолиб хотири  тамошобинонро   болида гардонданд.

   Рӯзи 16-уми октябр мо дар ин фестивал рақсҳои  хатлонӣ ва бадахширо  пешкаши ҳозирин  намудем. Пеш аз ба саҳна баромадан моро ҳаяҷон пахш кард, зеро нахустин шуда дар ин фестивали байналмилалӣ мо ҳунарнамоӣ кардем. Дар аввал мо рақси хатлониро манзури тамошобинон ва доварон гардонда, баъдан рақси бадахширо  бо истифода аз кӯза, муҳра ва аспак иҷро намудем.  Баъзе аз иштирокчиёни фестивал аз мазмуну моҳияти рақси бадахшӣ ва аз  аспаке, ки аз он истифода кардам, пурсон шуданд. Ман ба онҳо аз таърихи пайдоиши ин рақс маълумоти муфассал додам.  Аз он қаноатманд гаштем, ки  иштирокдорони ҳамоиш баъди тамошои ин барномаи рақсии манзурнамуда бо мо ҳамсуҳбат гардида, ба пурсишҳояшон посухҳои қаноатбахш гирифтанд ва ба ҳамин васила аз фарҳанги бою қадимаи  тоҷикон  иттилоъ ёфтанд.

   17-уми сентябр бошад,   масъулони баргузории фестивал кулли иштирокчиёни чорабиниро дар назди толори киноконсертии шаҳри Грозний ҷамъ оварда,  то толори консертии  «Вайнах» як пойгоҳи калон, яъне расми гузашт барпо карданд.  Дар он ҳар яки мо бо либосҳои миллӣ  ва парчамҳои давлатҳоямон иштирок намудем. Баъди анҷоми ин чорабинӣ мо ба толори консертии «Вайнах» ворид шудем ва  масъулон номераҳои беҳтарини рақсиро интихоб намуданд. Барномаи рақсии мо-намояндагони Тоҷикистон  дар қатори намояндагони дигар шаҳру вилоятҳои  Федератсияи Русия, инчунин Мисри Араб, Булғористон,  Қазоқистон,  Ӯзбекистон  аз  ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуд. Коргардон аз ин номераҳо як барноми вижае таҳия намуда, зимни пӯшидашавии фестивали байналмилалӣ,  ки  бо иштироки роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон  Қодиров баргузор гардид, пешкаши ҳозирин  гардонд.
Дар охири барнома   роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон  ва  вазири фарҳанги ин кишвар суханронӣ намуда, кулли иштирокчиёнро бо дипломҳои Вазорати фарҳанги Чеченистон, барои иштироки фаъолона дар  фестивали мазкур,  қадрдонӣ  карданд. Мо аз ин ҷашнвораи  бузурги фарҳангӣ рӯҳу  илҳоми тоза  гирифтем ва ба ҳамин васила ҷаҳонбиниамонро васеъ гардондем.

[metaslider id=1591]

Варқа ОШУРМАМАДОВ,

 магистранти курси дувуми бахши

намоиши театрӣ ва идҳо