ДУШАНБЕ, 04.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Тоҷикистон доир гашта, дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки маҳз таҳти дастгириву талошҳои бунёдкоронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ гашт. Пойтахти Тоҷикикистон — шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, дар ин замина шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Ҳоло Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои нахустин ва устуворонаи худро мегузорад, дар ин ҷараён омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии мамлакат басо муҳим аст.
«Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, табдил додани пойтахт ба як макони тамошобоби сайёҳӣ аз ҷониби раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад. Имрӯзҳо ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд», — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри душанбе зиёда аз 40 адад меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ менамоянд. Ҳамзамон, мавҷудияти боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва фаввораҳои назаррабо дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳони хориҷӣ гаштаанд. Имрӯзҳо ҳар нафаре, ки ба пойтахти Тоҷикистон сафар менамояд, бори дигар аз мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдгардида дидан намуда, воқеан дарк менамояд, ки Душанбе ба як шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳӣ ва баҳри ба шаҳри сайёҳон табдил додани Душанбе як зумра тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.
Тавре дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъкид гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ — ин узвият ба созмонҳо, ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) пазируфта шуд.
Чанд рӯз қабл, тибқи назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.
Боиси фараҳмандист, ки меҳмоннавозии суннатии сокинон ва бахусус амнияту осоиштагии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба раванди рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд.