Баъд аз зӯҳри 4 октябри соли 2019 бо ибтикори кафедраи Рӯзноманигории телевизион ва дар ҳамкорӣ бо мудирияти Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар доираи чорабинии илмӣ-фарҳангӣ дар толори хониши Китобхона бо ҳузури донишҷӯёну устодон ва меҳмонон таҳти унвони “Дарёфти маънӣ” рӯйнамоии китоби тозанашри Мудири бахши мониторинги сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, Бобоҷон Раҳимов доир гардид.
Китоби Бобоҷон Раҳимов таҳти унвони “Маънии зиндагӣ”, ки ба тозагӣ рӯйи чоп омадааст, нахустин намунаи эҷодиёти бадеӣ-публисистӣ буда, қиссаеро дар бар мегирад, ки он реалӣ ва барои дигарон дарси ибрат аст. Чуноне, ки аз дебочаи худи асар бар меояд, муаллиф берагу бори зиёдатӣ ҳаёти воқеиро тасвир мекунад, ки дар асоси он хонандаи китоб метавонад бо образҳои мусбат ва манфӣ шиносоӣ пайдо карда, нақши ҳар кадоми онҳоро дар зиндагӣ муайян намояд. Ишора намудан ба маврид аст, ки мазмуни қиссаи “Маънии зиндагӣ” фарогири бунёдкорию созандагӣ, ишқу муҳаббат, меҳнатдӯстӣ ва анъанаҳои миллӣ буда, хонандаро ба зебопарастӣ, ватандӯстӣ, донистани эҳтироми якдигар равона месозад.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедраи Рӯзноманигории телевизион Зулфуддин Муъминҷонов ифтитоҳ намуда, доир ба мавқеъ ва муҳимияти асар мазкур суханрони намуда, баъдан, суханро ба муаллима профессори фахрии Донишкада, Гавҳар Умарова вогузор кард. Мавсуф дар бораи образҳои мусбию манфии қаҳрамонони асар гузориш дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки дар китоб хислатҳои хуби инсонӣ, маданияти баланд, тарзи муносибату муошират бо бадеияти хосса оварда шудааст. Пайвастагии мантиқии ҳодисаву воқеаҳои дар аср овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф диди хуби бадеӣ доранд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Бобоҷон Раҳимов баробари нишон додани ҷараёни зиндагии мардуми деҳа онро бо шаҳрнишинон қиёс намудааст: «…Дар вокзал расидан баробар чашми Абдулло ба занаш афтод,ки сумкачаи пуландозӣ дар дасташ, дар таги кашаш як бастаи донаи офтобпараст ва дар дасти дигараш «хот-док» рост истода, монанди одаме, ки солҳо рўйи нонро надидааст, «хот-док»-и дасташро калон-калон газида, як маротиба ба ин тарафи даҳон ва як маротиба ба тарафи дигари даҳонаш тоб дода, фурў бурда истодааст…»
Гуфтан лозим аст,ки номи ин қисса хеле ва хеле бо шукуҳу шаҳомат аст. На танҳо дарё-дарё, балки як баҳри беканор маъниро ифода менамояд.
Сипас донишҷӯёне, ки аз қиссаи мазкур баҳравар гардида буданд, назари худро ҳамчун муқарризи ҷавон баён доштанд. Донишҷӯйёни шуъбаи Рӯзноманигори телевизион Умеда Ғашова, Яҳёи Абдураҳмон, Ҷамшед Латипов, Юнусалиев Умед ва дигарон то чи андоза аз қиссаи мазкур бардошт карданд сухан ронданд ва пешниҳод карданд, ки китоби мазкур ботеъдоди бештар чоп карда шавад то дастраси ҳамагон гардида, ғизои маънаӣ гиранд.
Мубодилаи афкор, ки байни донишҷӯйён ва муаллиф доир гардид хотимабахши чорабинӣ гардид.
Китоби “Маънии зиндагӣ” аз рӯйи таъйини хонандагӣ ва мақсаднокӣ ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад. Ба иттилои хонанда мерасонем, ки асари мазкур дар ҳаҷми 208 саҳифа ва бо теъдоди сад нусха дар чопхонаи “Бебок” ба нашр расидааст. Хоҳишмандон метавонанд баҳри мутолиа ва шиносоӣ бо ин китоби “Маънии зиндагӣ” ба Китобхонаи илмии ДДФСТ ба Мирзо Турсунзода муроҷиат намоянд.
Мудири Китобхонаи ДДФСТ
ба номи М.Турсунзода, С. Надиров