Мусиқӣ аз офаридаҳои нодири фаъолияти мағзию зеҳнии инсон аст, ки ҳазорсолаҳост ҷомеаро аз бандубасти фикрию равонӣ наҷот дода, ба сӯйи худогоҳию худшиносӣ раҳнамун месозад. Дарки мусиқӣ дарки зиндагӣ ва шинохти моҳияти ҳаёт аст. Аз ин ҷост, ки мусиқӣ бо худии худ худшиносист. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки худогоҳӣ аввалин қадам дар роҳи худшиносӣ буда, пурсишҳоеро аз қабили аз зиндагӣ чӣ хостан ва ба дунболи чӣ буданро матраҳ мекунад. Яъне пурсиши калидии: «Куҷо мехоҳед мутамарказ шавед ва ба чӣ мехоҳед бирасед?» инсонро ба сатҳи худогоҳӣ расонида, ҷиҳати бозёфту ҳалли суолоту мушкилоти рӯзафзун аз ақлу шуур кор мегирад ва ба сарманзили мақсуд мерасад. Маншаи бисёр мушкилоте, ки афрод доранд, сардаргумӣ аст ва худшиносӣ метавонад ба ин сардаргумӣ поён диҳад. Ба ин тартиб, худшиносӣ аз худогоҳӣ оғоз меёбад ва худогоҳӣ доштани як дарки ҷомеъ аз эҳсосот, нуқтаҳои заъф ва қудрати шахсияти худи инсон аст. Худшиносӣ ин имконро ба мо медиҳад, ки худро бештар бишносем ва бифаҳмем, ки дигарон чӣ гуна моро мебинанд.
Дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бархӯрд мекунем, ки ҳамагӣ ҷараёни мусиқиписандии мардуми тоҷику форсро таҷассум менамоянд. Ромиш дар луғат ба маъниҳои оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст(ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1212). Наво маънои овоз, оҳанг ва номи яке аз оҳангҳои мусиқии ирониро ифода мекунад(ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.2419). Хунё бошад, ба маънои суруд, овоз, нағма далолат мекунад (ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1044). Ҳар се вожа, аз лиҳози этимологӣ ё баромад форсӣ-тоҷикианд ва дар имтидоди тӯлонии замонӣ барои ифодаи мазомини мусиқавӣ ва ҳолати мусиқиписандии ҷомеа корбаст шудаанд.
Мусиқӣ ҳунар аст, ҳунари бозофаринии эҳсос ва отифати инсонӣ, ҳунари тавозун бахшидани ҷисму рӯҳ, санъати шинохти арзишҳои ботинӣ ва сириштӣ ва билохира офариниши ҷаҳони зебоӣ. Тавассути эҷоди оҳангу суруд ва мутаносибан шунидани навою садои хушу форам инсон ба фазои худогоҳию худшиносӣ шомил мегардад. Бастагии инсон ба мусиқӣ, қабл аз ҳама, аз эҳсоси зебоиписандӣ ва завқи бадеӣ- эстетикиаш маншаъ мегирад. Маҳз талаботи эстетикӣ дар қиболи шунидани мусиқӣ инсонро ба сӯйи худогоҳию худшиносӣ савқ медиҳад.
Бо мақсади боло бурдани талаботи бадеӣ-эстетикӣ ва ҳифзи ҳалқаи васли мусиқии гузашта ва имрӯзаи миллӣ кафедраи филологияи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар доираи маҳфили илмӣ-фарҳангии «Ҷаҳони фарҳангӣ» мавзӯи «Мусиқӣ ва худшиносӣ»-ро дунбол карда, чорабиниро ба зиндагинома ва мероси ҳунарии хунёгари маъруфи Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир ихтисос дод. Воқеан, нунёгарӣ маънии хушнавоиро далолат мекунад ва Аҳмад Зоҳир ҳунарманде буд, ки бо хушнавоӣ ба арсаи зиндагӣ по ниҳода, бо хушнавоӣ (хунёгарӣ) дунёро падруд гуфт. Бояд таъкид кард, ки гузаронидани маҳфилҳои хосса ба поси хотири чеҳраҳои мондагори фарҳангу ҳунари ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Аҳмад Зоҳир дар Донишкада ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, маҳфил санаи 21 июни соли 2019, соати 14:00 дар толори хурди консертии Донишкада бо ҳузури устодону донишҷӯён ва ҳаводорони ҳунари овозхонии Аҳмад Зоҳир доир гардида, хусусияти фарҳангӣ-фароғатӣ касб кард.
Қисмати назариявии маҳфил бо гузориши мухтасари омӯзгори кафедраи филология Н. Нуров дар мавзӯи «Мусиқӣ ва худшиносӣ» оғоз ёфта, коршиносон С. Гулназаров (декани факултаи санъати сарояндагӣ), И. Шарифзода (мудири кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), С. Боев (омӯзгори кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна), Зоҳири Сайфуллоҳ (аспиранти шуъбаи фалсафаи фарҳанги Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигарон атрофи вежагиҳои мусиқии шарқӣ ва пайвандӣ мусиқӣ бо худшиносии миллӣ ибрози назар карданд.
Дар бахши эҷодии маҳфил ҳунармандону овозхонони Донишкада ва ҳаваскорон-ихлосмандони сабки сарояндагии устод Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти хунёгари бузург сурудҳо хонда, бад-ин тариқ хотири иштирокчиёни маҳфилро болида гардониданд. Муҳимтар аз ҳама, мусиқии асил ҳамеша сатҳи завқу салиқаи бадеӣ-зебоиписандии мардум ва махсусан, насли ҷавонро боло бурда, ҷавононро дар баробари мушкилоти фикрӣ, равонӣ ва идеологӣ-мафкуравӣ муқовиматпазир месозад. Ҳар қадар чунин маҳфилҳо зиёд шавад, хамон қадар сатҳи буҳронҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маданӣ пойин меравад. Мусиқии асил решаи хурофот, таассуб ва ҷаҳолатро, ки пӯсонандаи ҷомеанд, заиф месозад ва роҳи муборизоти маданӣ ва ҳунариро бо чунин навъи «вабо» ҳамвор мекунад.
Дарвоқеъ, сурудҳои ҷовидонаи устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир забони гӯёи муҳаббат, отифат, шарофат, самимият, латофат, ҷасорат, ҷуръат ва ҷасоратанд ва гиромидошти хотираи ӯ тавассути баргузории маҳфилҳои махсус ва аз ин тариқ тарғиби мусиқии зиндаи шарқӣ, ҳамчунин таҳкими раванди худшиносии миллӣ (дар мисоли мусиқии Аҳмад Зоҳир) рисолати маърифатию фарҳангии мост.
Нозим Нуров,
устоди кафедраи филологияи
ДДФСТ ба номи М. Турсунзода