Таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чиняке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

   Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсояҳои хеле наздик ва шарикони боэътимод мебошанд. Мамлакатҳои моро кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳо ба ҳам мепайванданд. Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Ҳанӯз 2000 сол пеш Роҳи бузурги абрешим мамлакатҳои моро натанҳо муттаҳид месохт ва дар байни онҳо боигариҳои фарҳангиро иваз мекард, балки нуқтаи ибтидоии равобити дӯстонаи халқҳоямонро ифтитоҳ намуд. Имрӯз муносибатҳои гуногунҷанбаи Чин ва Тоҷикистон босубот ва самарабахш рушд меёбанд.  Сафари давлатии ахири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои 18 санади ҳамкорӣ ва иштироки ӯ дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои густариши бештари муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин заминаҳои мусоидро фароҳам оварданд. Дар ин росто, ҳамкориҳои мутақобилан судманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарду кишвар низ сол ба сол тавсеа меёбанд, ки мисоли равшани онро дар таҳкими равобити дуҷонибаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи санъат ва  илми Ланҷоу дида метавонем.

   Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд ва ба роҳ мондани табодули таҷриба, дар асоси розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман, инчунин ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ  Р. Амиров, мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ М. Холов ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Садиров, аз 9 то 16 июни соли ҷорӣ, ба шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин  сафари хидматӣ анҷом додем. Бинобар сабаби ба воситаи шаҳри Урумчӣ будани хатти парвоз, рӯзи аввали сафар дар шаҳри Урумчӣ мондем ва рӯзи дигар ба шаҳри Ланҷоу парвоз намудем. Дар фурудгоҳи шаҳри Ланҷоу  моро сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи санъат ва  илми Ланҷоу ва донишҷӯи тоҷикистоние, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамояд,  истиқбол гирифтанд.

   Дар доираи ин сафар субҳи 11 июни соли 2019  бо ҳузури мо ва иштироки Ян Сяохуй — котиби Ҳизби коммунисти донишгоҳ, Чжен Вэйсян — ректори донишгоҳ, Ли Минвэй — ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,  Ма Чжэнчао — директори кумитаи Ҳизби коммунисти донишгоҳ,  ҳамзамон сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Ши Кэтсян — мудири таблиғотии донишгоҳ, Го Пин — сардори шуъбаи кадрҳо, Чтен Тин — муовини сардори шуъбаи идоракунии  илм ва техника, Ван Сзиншеу — котиби ҳизбии факултаи рӯзноманигорӣ  ва коммуникатсия, Ниу Хайсзюн — декани факултаи сайёҳӣ, Ли Хендми — сардори факултаи медиаи рақамӣ, Чен Сиву — декани факултаи медиаи инженерӣ, Ван Сай — роҳбари мактаби мусиқӣ ва рақс, Лю Чанг — декани факултаи иқтисод ва менеҷмент, Уян Сяолин — декани коллеҷи санъат ва дизайн вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар мулоқот  котиби Ҳизби коммунисти донишгоҳ  Ян  Сяохуй ва ректори  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Усмонзода Хайридин Усмон сухани табрикотӣ намуда, вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва иқтидору раванди таълими  ҳарду муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

   Ректори  Донишгоҳи санъат ва  илми  Ланҷоу  Чжен Вэйсян моро ба узвияти асосии Маркази тадқиқот ва табодули фарҳангии Чин ва  Тоҷикистон  пазируфта, бо сертификатҳои фахрӣ сарфароз гардонд. Баъди аз ҷониби Чжен Вэйсян — ректори Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоу супурдани  туҳфаҳои хотиравӣ,  ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба иштирокдорони вохӯрӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.  Дар баробари  ин,  барои Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон китобҳо оид ба фарҳангу санъат ва таърихи Тоҷикистон бо забонҳои англисию русӣ ва  асбоби мусиқие, ки аз Тоҷикистон бурда шуда буданд, супурда шуданд. Пас  аз вохӯрии  расмӣ боздиди ҳайат аз Китобхонаи Дон Хуа ва китобхонаи илмии донишгоҳ сурат гирифт.

   Худи ҳамон рӯз ҳайати расмӣ аз факултаҳои рӯзноманигорӣ, медиа — рӯзноманигорӣ ва сайёҳӣ боздид  намуда, бо базаи моддӣ- техникии онҳо  шинос гардид. Сипас, бо котиби  Ҳизби коммунисти донишгоҳ  Ян Сяохуй  вохӯрӣ сурат гирифта, як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани табодули таҷриба  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

   Рӯзи 12 июни соли 2019 роҳбарияти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода бо 13 нафар донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд,  вохӯрӣ  анҷом дода, вобаста ба шароити таҳсил ва будубош суҳбати самимӣ намуд.  Баъд аз ин, Усмонзода Х.У. дар мавзӯи «Ҷойгоҳи фарҳанги чинӣ дар тамаддуни тоҷикон» дар ҳузури   омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи санъат ва илми шаҳри  Ланҷоу маърӯза кард. Сипас, филми  мустанад, ки пурра фарогири маълумоти муфассал дар бораи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода буд, ба забони англисӣ намоиш дода шуд.

   Рӯзи дигар бо омӯзгорону намояндагон ва донишҷӯёни факултаҳои мусиқӣ ва рақс, сайёҳӣ, рӯзноманигорӣ, дизайн, санъати мусиқӣ, навозандагӣ ва медиа — рӯзноманигорӣ  вохӯрӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни ин мулоқоти судманд чанд нафар донишҷӯён ва устодони ин муассисаи таълимӣ иброз доштанд, ки мехоҳанд дар риштаи магистратура ва доктор PhD дар Тоҷикистон таҳсил намоянд. Ба онҳо дар бораи шароити таҳсил, талабот  ва маблағи шартномаи таҳсил дар ин зинаҳо маълумот дода шуд.  Пас аз нисфирӯзии ҳамон рӯз дар толори консертии донишгоҳ барномаи махсуси кансертӣ дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ (сарояндагии халқӣ,овозхонҳои опера, оркестри созҳои миллӣ, рақсҳои классикӣ ва миллӣ)  намоиш дода шуд.

   Баъд аз барномаи ҳунарӣ роҳбарияти ҳарду муассисаи таълимӣ дар саҳни донишгоҳ бо мақсади поянда будани дӯстиву ҳамкориҳо миёни муассисаҳо «Дарахти дӯстӣ» шинонданд. Ҳамчунин, дар назди он лавҳаи мармарии дӯстӣ насб карда шуд. Баъдан, мо бо фаъолияти факултаи мусиқӣ ва рақс шинос шудем. Ба мо якчанд намуди рақсҳои чинӣ ва уйғуриро пешкаш намуданд. Дар қисмати бегоҳии ҳамон рӯз моро бо студияи сабти овоз, ки аз ду толор иборат буда, хеле замонавӣ сохта шудааст, шинос намуда, ҷараёни сабти овозхониро нишон доданд.

   Рӯзи 14 июн  мо дар дарси грим, чеҳрапардозӣ ширкат варзида, бо тарзи фаъолияти утоқи чеҳрапардозӣ шинос гардидем. Ҳамзамон, аз тамошои Осорхонаи «Музофоти Гансу, Боғи миллӣ,  Муҷассамаи модари дарёи Хуан-хэ»,  дарёи  Хуан-хэ ва манзараи шабонаи шаҳри Ланҷоу тавассути киштӣ таассуроти нек бардоштем. Дар охир «Барномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019 — 2020» вобаста ба табодули устодону донишҷӯён ба имзо расонда шуд.

   Тибқи ин санад, дар оянда, табодули профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, таъсиси марказӣ фарҳангии чинӣ  дар назди донишкада, қабули магистрон ва доктор PhD аз ҳисоби омӯзгорони Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоу сурат хоҳад гирифт.  Яъне, муносибатҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба зинаи сифатан нав бароварда хоҳад шуд.

Усмонзода Хайриддин Усмон,
ректори  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа,
профессор
узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон