Мудири кафедра: Гулчехра Нуъмонова номзади илмхои фалсафа, санъатшинос дотсент
Барои тамос: ш.Душанбе, хиёбони Борбад 73а 2-юм ошёна
Тел: 907-70-10-62
E-mail: monovag@ddst.tj
[su_accordion][su_accordion] [su_spoiler title=»Таърихи кафедра» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
Баробари кушода шудани шўъбаи актёрӣ дар Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г. Шевченко мутахассисони соҳаи нутқи саҳна низ ба кор ҷалб карда шуданд. Бояд гуфт, ки, давраи ташкил ва ривоҷу пешрафт ёфтани театри тоҷик мебошад. Ин аст, ки то имрўз аз мактаби русӣ аз мактаби К.С. Станиславский омухта аз он истифода мекунем. Устодони мо М. Файзов, С. Салоҳ дар асоси ҳамин мактаб шакли миллии дарсҳоро бо истифода аз адабиёти ѓании ниёгон ба роҳ монданд ва дастурҳои таълимӣ пешниҳод намуданд. Бо истифода аз ин дастурхои таълими муваффақиятҳо дар саҳнаи театри тоҷик меафзуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки шодёд М. Воҳидов ҳамчун нотиқ, суханвари хушбаён, публитсисти қависухан, ситояндаи сулҳ ва пойдории сулҳ дар тамоми гўшаву канори Ҷумҳуриҳои Сотсиалистӣ ва аз он берун баромад карда нақши хоси худро ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳаи нутқ дар дили ҳазорҳо ҳазор бинандагону шунавандагон гузошт. Тарзи шеъру сухан гуфтани М. Воҳидов намуна ва дарси хосатан хубе шуд барои шогирдон ва пайравони М. Воҳидов.
Маҳмудҷон Воҳидов аз соли 1973 дар Донишкадаи педагогӣ ба шогирдон дарси нутқи саҳна меомўхт. Шогирдони бисёре аз истеъдоду устодии ў баҳравар шуданд.
Тарбияи шогирдонро муаллима М. Исоева низ ба уҳда доштанд. М.Исоева низ форихуттаҳсили ГИТИС ба номи Луначарский буда бо пайроҳаи устодон ва меҳрубонии модарона ва андешаҳои тоҷикона ба шогирдон дарси сухан, нутқ мегуфтанд.
Аз барномахои пешниходнамудаи М.Файзов ва С.Солехзода бисёр шогирдон бахравар шуда,дар сахнаи театри точик мувафакиятхои зиёде ба даст оварданд.
Умар Алиев хамон солхо муаллими калони кафедраи махорати актёри буда,фанни нутки сахнаро низ ба шогирдон меомузониданд. Ҳунарманди театр,кино Нуров Хотам ва муаллима Саноат Умарова аз чумлаи устодони фанни нутки сахна буданд.
Аз соли 2001 бо дархости роҳбарияти он вакта барои таъсиси кафедраи «Нутқ ва ҳаракати саҳна» устоди донишкада Р.Вохидӣ вазифадор шуданд ва кафедра ҳамчун кафедраи ёрирасон ба кафедрахои тахассусӣ оғози фаъолият намуд .Айни ҳол аз китобҳои тахия ва нашр намудаи Р.Вохиди «Рисолати касб» ки дар 8 чилд пешниҳод гардидааст, донишҷӯён истифода намуда нозукиҳои фанро меомӯзанд.
Баъди ба низоми кредитии таҳсил гузаштан дар кафедра навгонихо назаррас мебошанд. Барномаҳои «Нутқи саҳна», «Ҳусни баён», «Нутки ровии телевизион ва радио» «Суханварӣ» аз чониби омузгори клони кафедра С.Боев аз нав таҳия шуда пешниход гардид
Фанни «Асосхои харакати сахна» яке аз мухимтарин кисмати тарбияи актёр дар сахна мебошад.Аз ин ру рохбари кафедра муаллима Нуъмонова Г.Т.барномахои таълими омода намуда дар хама бахшхои тарбияи пластики, «Мавзуният»,«Харакати сахна», «Чанги сахна», «Шамшерзани» барои устодони фан дастур пешниход намуданд
Боиси хурсандист,ки дар кафедраи нутк ва харакати сахна устодони сохаи театр ба мисли Исо Абдурашидов, Сухроб Лукмонов, Сухроб Чанчолов, Вахоб Дустов ба донишчуён дарс меомузонанд.
Таърихи пайдоиши дарси харакати сахна хамчун фан.- дар академияи театрии шахри Санкпетербург арзи хасти кард.
Олимони машхури сохаи театр И.Э. Кох, Е.Морозова,И.П.Олеванов мебошанд.
Устодони кафедраи нутк ва харакати сахна бар он мекушанд,ки аз гавхари адабиёту санъати ниёгон, аз каломи хирадмандони миллат истифода бурда, ба донишчуён дарси хушбаёни,нутки гуворо, мавзуният сухани пурмаъно омузонанд.
[/su_spoiler] [su_spoiler title=»Ҳайати омӯзгорон» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]Скрытое содержимое[/su_spoiler] [su_spoiler title=»Фанҳои таълимӣ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]Скрытое содержимое[/su_spoiler] [su_spoiler title=»Маводҳои таълими» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]Скрытое содержимое[/su_spoiler][/su_accordion]