Наврӯз, ҷашни байналмилалии Наврӯз – иди баҳор ва соли нави кулли кишварҳои Шарқ ба шумор меравад. Пайдоиши ҷашни Наврӯз ва решаҳои он ба қаъри асрҳо рафта мерасад.

Ҷашни Нарвӯз яке аз ҷашнҳои  қадимтарин ва кӯҳанбунёд буда, умри дарози беш аз шашҳазорсола дорад.

Навруз – яъне «Рӯзи нав»- рӯзи Ҳурмузи моҳи Фарвардини солшумории офтобӣ ба шумор рафта, чун ҷашни соли нав қайд карда мешавад. Ин рӯз рӯзи баробаршавии шабу рӯз аст.

Дар кулли кишварҳое, ки ҷашни Наврӯзро қайд мекунанд ва бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд номи ҷашн қариб, ки як хел садо медиҳад. Мисол дар Тоҷикистон — Наврӯз, Эрон- نوروز, Navroz — Ӯзбекистон. Navruz — Озарбойҷон, Navruz -Туркманистон, Naypыз-Қирғизистон, Nowruz-Қазоқистон ва ғ.

Ҷашни Наврӯз  18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» қабул гардид ва дар асоси ин қарорнома аз соли 2010,  21 март ҳамчун рӯзи байналмиллалии Наврӯз таҷлил карда мешавад.

         Наврӯз таърихи қадима ва бою рангине дорад. Доир ба таърихи пайдоиши  ҷашни Наврӯз маълумотҳои зиёди илмӣ-татқиқотӣ таълиф шуда, «Наврӯзнома»-ҳои зиёде низ эҷод шудаанд.

Маълумотҳои ҷолибро мо метавонем аз «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и У.Хайём, «Осор-ул-боқия»-и А.Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва дигар мутафаккирони классикию муосир пайдо менамоем, ки аксари онҳо шоҳ Ҷамшеди пешдодиро асосгузори ҷашни Наврӯз номидаанд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар достони Ҷамшед роҷеъ  ба оғози ҷашни Наврӯз чунин навиштааст:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.

Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,

Зи ҳомун ба гардун барафрохтӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста ба ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Фурӯ монда аз фасрраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед – бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор1.

 

Аз боби идгузории мардуми Ирон, ба хусус Наврӯз Абурайҳон Берунӣ сухан карда аз рӯзгори Ҷамшед ривояте меорад.

(«Шоҳнома»,-ҷ.1. с. 64.)

 

«Чун Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме, ки ҳар андоза хӯрданию ошомиданӣ тановул мекардаанд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки сабаби рӯидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷамшед бо амри Худованд ва роҳнамои ӯ, ба қасди манзили Иблису пайравони ӯ ба сӯи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд,  то ин ки расвоиро бартараф намуд. Он гоҳ мардум ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё баргашт1 ва дар чунин рӯзе монанди Офтоб толеъ шуд ва Нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулӯи ду Офтоб дар як рӯз дар шигифт намуданд ва дар ин рӯз  ҳар чӯбе хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум гуфтанд: «Рӯзи нав!» Яъне рӯзи навин.

Дар ин рӯз буд, ки Ҷамшед ба ашхосе, ки ҳозир буданд, амр намуд ва бо онон, ки ғоиб буданд навишт, ки гӯристонҳои кӯҳнаро хароб кунанд ва гӯристони тозае насозанд. Ин кор дар Ирониён боқӣ монд ва худованд онро писандиду подоше, ки эзиди таоло Ҷамшедро барои ба ин кор дод, ин буд, ки раиятҳои ӯро аз пирию беморӣ ва ҳасаду фано ва ғаму мусибати дигар ҳифз намуд. Ва ҳеҷ гоҳ ҷонваре дар муддати подшоҳии Ҷамшед намурд…»2.

Мувофиқи маълумоти  Абӯрайҳони Берунӣ баъди пирӯзии Ҷамшед, ки онро Ирониён «Рӯзи нав» хонданд «Ҳар шахсе аз рӯи табаррук ба ин рӯз дар Таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар Ирониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори  хона ҳафт хел ғалла  бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯйидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯӣ кунанд»3.

Истиқлолият ба ҷашни Наврӯз, анъана, урфу одат ва маросимҳои миллӣ умри дубора бахшид.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои  ид» ба иди Наврӯз додани мавқеи иди миллӣ ва чаҳор рӯзи онро ҳамчун рӯзҳои ид эълон намудан гувоҳи файзи истиқлолият ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ва миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

 

  1. А.Берунӣ. Осор-ул-боқия. Д.-Ирфон, 1990.- 432с.
  2. А.Берунӣ. Осор-ул-боқия. Д.-Ирфон, 1990. С. 123-124.
  3. А.Берунӣ. Осор-ул-боқия. Д.-Ирфон, 1990. С. 235-236.

 

Иди Наврӯз дар даврони Истиқлол аз вохӯрии анъанавии Асосгузори сулҳу ва миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар оғоз гардида, тантанаҳои идона дар пойтахти кишвар ш.Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бевосита бо иштироки сарвари давлат баргузор мегарданд.

Дар рӯзҳои иди Наврӯз кӯмакҳои ашхоси сарватманд ба ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, ба хонаҳои бачагон, оилаҳои камбизоат, ба мӯҳтоҷон ба ҳукми анъана даромадаст, ки яке аз суннатҳои  башардӯстонаи Наврӯзӣ ба шумор меравад ва боиси дастгирист.

Бунёдгузорию созандагӣ дар даврони истиқлол ва дар рӯзҳои  ҷашнвораҳо ба  истифода додани онҳо фоли неки наврӯзӣ ба шумор мераванд. Чунки чизи нав дар рӯзи наву иди Наврӯз хос аст.

Истиқлолият имкон дод, ки ҷашни аҷдодии Наврӯз дар ҳар хона, кӯча, деҳа, ҷамоат, хоҷагӣ, шаҳру ноҳия, боғчаю мактаб, муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар ботантана таҷлил карда шавад.

Имрӯз дар ташкилу гузаронидани ҷашни Наврӯз бояд ғояи нав, диди нав, навоварӣ ҷой дошта бошад. Ин навоварӣ пеш аз ҳама дар таҳияи барномаҳои ҷашнӣ, маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ, суруду мусиқӣ, шеърҳои наврӯзӣ, намоишномаҳо зоҳир гардад.

Пеш аз ҳама бояд дар чор рӯзи ҷашни Наврӯз барномаҳои мушаххаси фарҳангӣ омода карда шавад. Мисол: рӯзи якум бигзор рӯзи Наврӯзи кӯдакон бошад. Дар ин рӯз таҳияи барномаҳои  кӯдакона, намоиши ҳунарҳо ва озмунҳои кӯдакона, намоиш ва фурӯши маводҳои кӯдакона, ташкили олами кӯдакон, олами афсона, атраксиону марказҳои  дилхӯшӣ барои кӯдакон ва ғайра мувофиқи матлаб мебошад.

Рӯзи дуюми ҷашн аз нигоҳи мо бояд рӯзи назму навои Наврӯзӣ ном гирифта рӯзи базмҳои ширу шакар, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, озмунҳои гуногуни наврӯзӣ аз қабили байтбарак, навои наврӯзӣ, сурудҳои наврӯзӣ ва намоишномаҳои наврӯзии  театрӣ ва ғ. бошад.

Рӯзи сеюми ҷашни Наврӯз рӯзи бозиҳои наврӯзӣ ном гирад. Дар ин рӯз бозиҳои миллии наврӯзӣ аз қабили гӯштингирӣ, аспактозӣ, хурӯсҷанг, тухмҷанг, бандкашӣ. Сангбардорӣ, камонкашӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шавад.

Намоиши оммавӣ-театронидашудаи наврӯзӣ дар наврӯзгоҳҳо, идгоҳ ва ва дар оғӯши табиат. Ин рӯз аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастурхонҳои ҳафт «син» ва ҳафт «шин», шириниҳо, маводҳои хӯрока ва дастовардҳои  корхонаю муассисаҳо оғоз гардида, бо намоиши калони театронидашудаи наврӯзӣ ҷамбаст карда мешавад.

Мақсад аз пешниҳоди рӯзҳои дар боло зикргардида аз он иборат аст, ки фароғати мардум дар рӯзҳои ид ва истироҳати идона пурра бо барномаҳои алоҳида таъмин карда шавад.

Аз мушоҳидаҳо чунон бармеояд, ки ташкили ид дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ бо як барномаи  театронидаи оммавӣ ва бозиҳои варзишӣ ҷамбаст мегардад.

Муассисаҳои фарҳангу фароғати ҷумҳурӣ метавонанд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз нақшаи чорабиниҳои фарҳангии худро вобаста ба маҳал ва минтақа тартиб дода барномаҳои фарҳангию фароғатии идона таҳия намоянд.

Омодагӣ ва таҷлили ҷашн ба фикри мо бояд дар давоми  сол аз Наврӯз то Наврӯз давом кунад. Ин имкон медиҳад, ки аҳли зиё, олимону шоирон ва эҷодкорон неъматҳои тозаю нави маънавӣ эҷод намоянд. Дар як ё ду моҳ таҳияи барномаҳои асили Наврӯзӣ тадқиқотҳои илмӣ, шеъру суруд ва оҳанг аз имкон берун аст.

Таърихи ҷашни Наврӯз хело бою қадимӣ аст. Лекин дар тӯли 26-соли Истиқлол ягон филми  бадеӣ дар васфи Наврӯз таҳия нагардидааст. Таърихи ҷашн ва қиссаву ривоятҳо оиди ҷашн чандин филму намоишномаҳо таҳия намоем.

Дар раванди эҳёи анъана ва оинҳои наврӯзӣ нақш ва мақоми муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ хело бузург аст. Онҳо метавонанд тавассути  таҳияи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ анъаноти таҷлили ин иди бостониро пешкаши мардум намуда, туфайли навоварии эҷодиву ҳунарӣ, шукӯҳу шаҳомати ҷашниро боз ҳам баланд бардоранд.

 

 

Ф.Мирахмедов
декани факултаи фарҳангшиносӣ