Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоянд.
Шумо аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ва соҳибэҳтироми санъати тоҷик буда, бо ҳунари воло, фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва саҳми арзандаатон дар рушди фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хос касб намудаед. Эҷодиёти пурғановат ва фаъолияти омӯзгории Шумо дар тарбияи ҳунармандони ҷавон намунаи ибрат буда, барои пешрафти санъати касбии тоҷик хизматҳои шоиста анҷом медиҳад.
Зодрӯз муборак, устоди арҷманд!