Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” таҳти роҳбарии ректори донишкада, профессор Назарзода Маҳмуд Мирзо ҷаласаи васеи Шурои олимони муассиса баргузор шуд.
Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти соли хониши таҳсил ва омодагӣ ба соли нави таҳсил, инчунин, сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
буд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гузоришҳои ироанамудаи масъулинро ректори донишкада ва аъзои Шурои олимон таҳлил ва муҳокима намуд, ки дар натиҷа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ректори донишкада зимни таҳлилу баррасии масъалаҳо, иброз дошт, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дасту супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати худро ба ҷо меоварданд. Инчунин, таъкид гардид, ки ҳар нафар бояд барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта, рисолати ватандории худро содиқона ба ҷо орад.
Дар анҷоми ҷаласа дар атрофи масъалаҳои баррасишаванда миёни ҳозирин мубодилаи афкори судманд ба миён омада, масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани раванди фаъолияти хеш вазифадор карда шуданд.