
17.03.2026 таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ташаббуси кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии донишкада конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он устодону муҳаққиқон ва магистрону докторантон фаъолона иштирок намуданд.
Конференсияро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ба масъалаи ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар фазои фарҳангии муосир таваҷҷуҳ зоҳир кард. Зикр гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашни миллии Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамчун падидаи муҳимми тамаддунӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҷаҳонишавии Наврӯз на танҳо нишони эҳтиром ба мероси фарҳангии тоҷикон, балки омили муҳимми таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва ҳамгироии тамаддунҳо мебошад.

Сапас, мудири кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ, дотсент Раҳмонзода Абдусаттор дар мавзуи «Наврӯз — омили таҳкимбахш барои худшиносии миллӣ» суханрони намуда, қайд кард, ки агар ба таърихи тамаддуни башарӣ назар афканем, Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳо ба шумор меравад, ки решаҳои он ба ҳазорон сол қабл мерасад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, тантанаи зиндагии нав ва пирӯзии некӣ бар бадӣ маҳсуб мегардад. Таҳлили моҳияти фарҳангӣ ва иҷтимоии он нишон медиҳад, ки барои халқҳои дорои тамаддуни ориёӣ аз ҷумла, мардуми тоҷик, Наврӯз на танҳо ҷашни суннатӣ, балки падидаи муҳимми фарҳангӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат ва эҳтироми мероси фарҳангии ниёгон таҷлил мегардад. Бо сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба яке аз рамзҳои муҳимми худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, ҳифз ва густариши анъанаҳои наврӯзӣ вазифаи муҳимми иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Наврӯз бояд ҳамеша ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва омили пешрафти ҷомеаи инсонӣ эҳтиром ва таҷлил гардад.

Мудири шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва омависозии илмии раёсати АМИТ Нуров Нозим дар мавзуи «Наврӯзи ҷамшедӣ — ҷашни тамаддунсоз» суханронӣ, намуда қайд кард, ки Наврӯзи ҷамшедӣ яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, ҳузури он ба замони подшоҳии Ҷамшед нисбат дода мешавад. Тибқи ривоятҳои таърихӣ ва адабӣ, маҳз дар давраи ҳукмронии Ҷамшед ин ҷашн ба сифати оғози соли нав ва эҳёи табиат асос гузошта шудааст. Ин ҷашн рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва зиндагӣ бар хомӯшӣ маҳсуб ёфта, таҷассумгари андешаҳои баланди инсонӣ, аз ҷумла созандагӣ, адолат ва ҳамбастагӣ мебошад.
Наврӯзи Ҷамшедӣ дар тули таърих ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги халқҳои ориёӣ ташаккул ёфта, то имрӯз арзишҳои маънавию иҷтимоии худро ҳифз намудааст. Он натанҳо оғози фасли баҳор, балки оғози марҳилаи нави зиндагӣ, тозагиву навсозӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз низ Наврӯз ҳамчун ҷашни тамаддунсоз дар таҳкими худшиносии миллӣ, густариши фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим мебозад.

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада Гулова Ш.М. низ вобаста ба мавзуи конференсия суханронӣ намуда, дар маърузааш ҷанбаҳои фарҳангии суннатҳои қадимаи Наврӯзро таҳлил намуда, хусусияти фаромиллӣ ва нақши онро дар густариши робитаҳои фарҳангии байни халқҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дотсенти кафедраи технологияҳои иҷтимо-фарҳангӣ ва сайёҳӣ Ашуралиев М. дар маърузааш имкониятҳои истифодаи иқтидори фарҳангии Наврӯзро дар рушди сайёҳии фарҳангӣ таҳлил карда, пешниҳодҳоеро ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ироа намуд, ки барои муаррифии мамлакат заруранд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки маърузаҳои пешниҳодшуда дорои арзиши назариявию амалӣ буда, ба омӯзиш ва муаррифии амиқтари ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

