Санаи 18.11.2025 дар факултети мусиқӣ — омӯзгорӣ дарси амалии фанни “Хор” бо иштироки Сардори раёсати таълим, Набиев Ҳ.И. баргузор гардид. Дарси мазкурро омӯзгори ботаҷриба ва ҳунарманд Холов Пайрав бо маҳорати баланд ва равиши муосири педагогӣ пеш бурд.
Холов Пайрав ба дарс бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда, дар ибтидо ба донишҷӯён моҳияти кори хор, техникаи дурусти овозбарорӣ ва ҳамкорӣ дар иҷрои ҳамсароёнро тавзеҳ дод. Ҳар як марҳилаи дарс бо тариқи мантиқӣ, пайваста ва ба таври ҷолиб ташкил гардида, ба донишҷӯён имконият дод, ки донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ худро рушд диҳанд.
Донишҷӯён дар ҷараёни дарс фаъолона иштирок намуда, сурудҳоро бо ҳавас, масъулият ва ҳамоҳангии хуб иҷро намуданд. Ҳангоми иҷрои сурудҳо ҳис мешуд, ки донишҷӯён зери роҳбарии омӯзгори худ малакаҳои хорхониро хуб аз худ намудаанд. Лаҳзаҳои такрор, коркарди овоз, ҳамсадоӣ ва иҷрои гурӯҳӣ хеле ҷолиб ба назар мерасид.
Сардори раёсати таълим Набиев Ҳ.И. раванди дарсро бодиққат мушоҳида намуда, аз тарзи кори омӯзгор ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ӯ таъкид сохт, ки чунин дарсҳои эҷодиву амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи таълим, рушди завқи мусиқӣ ва такмили маҳорати саҳнавии донишҷӯён нақши муҳим доранд.
Дар фарҷом, Сардори раёсат ба омӯзгор ва донишҷӯён барои ташаббусу меҳнати созандаашон миннатдорӣ баён намуда, онҳоро барои боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои таълимӣ ва эҷодӣ ҳидоят намуданд.
Дарси мазкур нишон дод, ки сатҳи омодагӣ ва масъулияти омӯзгорону донишҷӯёни факултети мусиқӣ — омӯзгорӣ рӯ ба рушд дошта, барои таъмини сифати баландтари таълим заминаҳои устувор фароҳам омадаанд.
Маъмур administrator / / Нигаридаан: 4




