Таъмини рушди устувору босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ бе истифодаи мақсаднок ва ҷорӣ намудани навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат имконнопазир аст. Дар ин росто, китобхонаҳо ба сифати ниҳодҳои масъули иҷтимоию фарҳангӣ ва иттилоотии ҷомеа, ки дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмии афроди ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалби насли наврас ба ихтироъкорию навоварӣ нақши калидӣ мебозанд, истисно шуда наметавонанд.

Бо дарназардошти муҳиммияти масъала ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 январи соли 2025 Фармон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030-ро имзо намуданд, ки ин масъулияти китобхонаҳоро ҳамчун ниҳодҳои муҳимми иттилоърасони ҷомеа дар ин самт боз ҳам бештар намуда, тамоюлоти инноватсионию методии фаъолияти онҳоро ҳамчун омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорию библиографӣ ба илму истеҳсолот вусъат бахшид.

Хонандае, ки монографияи мазкурро мутолеа менамояд, аз масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ — фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳои давлатию оммавии Тоҷикистон огоњӣ пайдо менамояд.

Муаллиф ҷанбаҳои таърихию назариявии фаъолияти инноватсионӣ-методӣ, вазъи имрӯза, ҳамбастагии таҷрибаи таърихӣ бо дастовардҳои муосири фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо, тамоюлҳои рушди онро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Муҳаққиқ дар заминаи таҳқиқоти таҷрибавӣ-озмоишӣ ҷараёни фаъолияти марказҳои илмию методии мамлакат – Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳоро ба таври амиқ омӯхта, консепсияи дурнамои рушди таъминоти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардааст.

Мавод, натиҷаҳои асосии илмии таҳқиқот ва тавсияву пешниҳодҳои муаллифро метавон ҳамчун асоси консептуалӣ барои такмили раванди таъмини инноватсионӣ-методии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон истифода бурд.

Монография ба олимону мутахассисон, омӯзгорону донишҷӯён ва унвонҷӯёни соҳаи китобдорӣ тавсия мешавад.

 

Исмоилов Эраҷ — омўзгор