Яке аз асбобҳои мусиқии ҷаззобу дилнишин, ки шунавандаро ба ҷаҳони ботинӣ, дунёи рангини хаёлот, фалсафаи ҳаёт ва илҳоми бепоён раҳнамун менамояд, сози арғунун мебошад. Арғунун аз созҳои куҳантарини таърихии мусиқии ҷаҳонӣ буда, дар тӯли асрҳои зиёд ҷою мақому манзалати хешро дар дунёи зебои мусиқӣ устувор нигоҳ доштааст. Ин сози мураккабу сеҳрангез, асосан аз ҷониби як нафар навохта шуда, зоҳиран амали як ансамбли мукаммали мусиқавиро иҷро мекунад.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 26 июни соли 2011,  зикр сохта буданд, ки: “Дарвоқеъ дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифтани толори нави консертӣ ва сози арғунун рамзи ниҳоят нек мебошад. Зеро ин сози қадима маҳсули ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ буда, аз нав тармиму таъмир гардид ва дар ин рӯз навозиши суруди ваҳдати миллӣ тавассути ин дастгоҳи мусиқӣ рӯйдоди ниҳоят хотирмону фараҳбахш аст”.

   Боиси ифтихор аст, ки консертҳои бошукӯҳи ин сози мусиқӣ дар донишкадаи мо дар сатҳи хеле баланди ҳунарӣ баргузор мегарданд ва барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи мусиқӣ ба навозиши Арғунун шароити мусоид фароҳам меоранд. Бо ин мақсад, 24 майи соли равон, бо ибтикори роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар Толори  консертии  “Арғунун” бо иштироки мусиқинавози машҳур, ҷоизадори озмунҳои байналмилалии мусиқии Арғунун – Авраменко Евгений Юревич консерти сеҳрангези сози Арғунун таҳти унвони “Мусиқии берун аз вақт” баргузор гардид.

   Дар консерт асарҳои машҳури мусиқинавозону бастакорони дунё, аз қабили И.С. Бах – “Дорийская токката”, “Фуге ре минор” ва “Ария”; А. Марчелло – “Адажио”; Г.Ф. Гендел – “Аллилуйя”; Х. А. Штамм – “Рондо алла латина”; Л. Бёлман – “Готическая сюита”; Н. Аливердибеков – “Баяты-Шираз»; М. Дюпре – “Прелюдия” ва “Фуга соль минор”; Д. Дианов – “Тарантелла”; Дж. Талбен-Болл – “Паганини для педали соло” аз тарафи Евгений Юревич дар сатҳи хеле баланди касбӣ иҷро гардиданд. Махсусан, баъди анҷоми ҳар мусиқӣ, мусиқинавоз – Евгений Юревич аз кафкӯбиҳои ҳозирин ба ваҷд омада, ҳар чӣ бештар мекӯшид, то асарҳоро самимитар навозад ва маънии бузургашонро бо тамоми вуҷуд ба шунавандагон расонад.

   Ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон  ба Евгений Юревич барои қабули ташриф ва хеле ҳунармандона навохтани сози Арғунун изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ роҳбарияти донишкада баргузории чунин консертҳои судмандро баҳри донишҷӯёни санъатдӯст ҷонноктар менамояд ва вобаста ба ин ҳозиринро ба консерти навбатӣ, ки 25 май дар ҳамин толор баргузор мегардад, даъват намуд. Ҳамин тавр, бо кафкӯбиҳои бардавоми меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишкада консерти ҳунарии сози Арғунун ба анҷом расид.

   Бояд ёдовар шуд, ки Евгений Юревич чун мусиқинавози шинохта дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Белорус, Украина, Қазоқистон, Латвия, Литва, Полша, Олмон маъруфият пайдо кардааст. Ва инак, бори нахуст, Евгений Юревич дар баҳори гулфишони Тоҷикистони ваҳдатобод ҳунарнамоӣ намуд. Косерти мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии “Телевизиони “Сафина” сабт ва пешкаши тамошобинон гардонда шуд.

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД (Муҳаммадҷон Раҷабов),

донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи

рӯзноманигори телевизион