Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз ва дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар намудани мазмуни он сарчашма мегирад.

Эмомалӣ РАҲМОН 

           Дар тамоми давру замонҳо  китоб сарчашмаи асосии донишу хирад буда, дар он маҳсули тафаккури нобиғагон сабт гардидааст. Китоб дар рушди фарҳангу адабиёт, санъату ҳунар нақши бориз гузошта, ҳатто рисолати давлатсозӣ ва муҳофизи боэътимоди дастовардҳои таърихиро бар дӯш дорад. Намунаи олии ин андешаҳо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и  устод Садриддин Айнӣ ва асари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Устод Айнӣ бо дили хунину  сари шӯрида бо китоби арзишманди хеш «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ибтидои қарни  бистум ба дифои халқи тоҷик бархоста, ба дигар миллатҳо исбот кард, ки аз  кадимулайём миллати тоҷик  соҳибкитобу соҳибхирад  будааст. Пас, ҳамин  нуқтаи назар  аҳли илму адаб, инсонҳои бофарҳанг, равшанфикрон, муҳаққиқон, мутахассисон, собиқадорон муаллифони асосии китоб мебошанд. Дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯза масъулияти онҳо дучанд мегардад, чунки ҳама вақт дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи  арзишҳои миллӣ ва инсонии онҳо қарор  мегиранд.

      Дар мутолиа ва рушди  фарҳанги китобхонӣ нақши оила омили бисёр таъсирбахш аст. Хонавода  беҳтарин муҳит барои тарбияи насли наврас буда,  иртибот байни наврасон ва волидайн  нерумандтарин иртибот  ба ҳисоб меравад. Муҳит ва шароити  хонавода, роҳҳои  тарбия,  тарзи тафаккур ва нигариши волидайн  дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонон нақши бориз дорад. Дар робита  бо мутолиа  ва китобхонии ҷавонон, вуҷуди китоб ва дасрасӣ ба он, ҳамчун сатҳи  иқтисодӣ ва пойгоҳи иҷтимоии хонавода, барои одат кардани  мутолиа ба китоб нақши муҳим мебозад. Нақши  мактаб ва низоми омӯзишӣ низ дар густариши илми китобхонӣ бузург аст.  Пас аз хонавода, душвортарин вазифа дар ривоҷи китобхонии ҳар ҷомеа бар уҳдаи макотиб,  ниҳодҳои таълимӣ ва таҳсилӣ ва  махсусан, Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор аст. Агар донишомӯзии хонанда  дар макотиб  бо китоб оғоз ёфта, бо мутолиа ва худомӯзӣ идома ёбад, ӯ дар тамоми даврони зиндагӣ аз мутолиаи китоб даст намекашад.

    Омили дигари равнақи фарҳанги китобхонӣ, нақши китобдорон ва китобхонаҳо ба шумор меравад. Аз як ҷониб, агар китобдорони китобхонаҳо аз илми китобдорӣ бархӯрдор  бошанд, бе шубҳа  ҳамчун омӯзгор дар ташкили зеҳн ва маърифати хонандагон метавонанд саҳми муносиб гузоранд, аз ҷониби дигар, китобхонаҳо дар сурати бархӯрдор аз китобҳои муносиб ва китобдорони мутахассис ва таваҷҷуҳ ба ниёзҳо метавонанд омили муассир дар ташвиқи қишрҳои мухталифи мардум ба  мутолиа шаванд.   Азбаски мо аз зумраи халқҳои қадиматарини соҳибкитоб ҳастем, мақому манзалати илму ҳунар дар байни мардум волост.

    Ҳама, бахусус ҷавонону наврасон кӯшиши илмомӯзӣ доранд, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии хеш нигоҳ накарда, ҳунарҳои наву замонавиро аз бар менамоянд ва ба халқи хеш хизмат мекунанд. Ҳамин ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ки аз донишомӯзӣ,  ҳунармандӣ ибтидо мегирад, маҳз дар китобхона тарбият мешавад.

КИТОБ:

     Маро дар рӯзи нашр шуданам, яъне рӯзи таваллудам ба мағоза оварданду дар қатори дигар китобҳо ба рафе бо тамоми озодагӣ ва шукӯҳам гузоштанд. Моҳҳо дар интизори пайдо намудани аниси розшунаве будам. Хушбахтона, аз қазо рӯзе донишҷӯе ба суроғам омад. Маро бо тавсияи устодаш аз мағозаи китоб харида, мутолиа карду донандаи розҳои нуҳуфтаам гардид. Ба шарофати ман имтиҳонашро супурда, баъди ба ибораи худаш аз ин ташвиш халос шудан, маро ба гӯшаи фаромушӣ гузошт. Солҳо гузаштанду ӯ дар шоҳидии ман оиладор шуду соҳиби фарзандони некрӯ гашт. Фарзандонаш ба камол расиданд. Умедвор будам, ки ба онҳо хондани маро тавсия медиҳад. Аммо, сад афсӯс, ки ӯ ин корро накард ва фақат маро гоҳе аз чанг тоза мекарду боз ба раф мегузошт.

    Соҳибам фарзанди калониашро хонадор карданӣ шуду ба таъмири хонааш пардохт. Чанд рӯз дар берун мондам. Баъд аз он… Ҷойи маро «сервис»-ҳои хориҷӣ гирифтанд. Маро дар як гӯшаи болохона ҷой доданд.

Он ҷо 10 сол мондам.

    Даҳ сол анкабуту мушҳо дар паҳлуям буданд. Чанд саҳифаамро мушҳо пора-пора карданд. Ин чӣ зиндагист? Ба одамон чӣ шуда бошад? Ҳушу ёди ҳама ба молу пул!

    Ба ҷойи он ҳама умедвориҳо, интизорӣ кашиданҳо барои як хонанда ба тамошои ин манзара ҳасрату ғазабу буғз домангирам мешаванд ва дигар чизе аз дастам намеояд. Онҳо бошанд, назди дастархони пурнозу неъмат нишаста, механданду меболанд ва бо ин ғофилӣ аз имрӯзу фардо ғарқи дунёи андешаҳои пучу тиҳӣ ҳастанд.

    Хайр, ихтиёрашон. Ҳарчанд ман умедамро  аз  дидори хонандаи арзанда ҳанӯз накандаам, вале дилам ба соҳибе, ки маро асири ин хона карда, бо дӯстонаш айшу тараб дорад ва ба сӯям ҳатто нимнигоҳе намекунад, реш-реш мешавад. Фардояшон чӣ гуна хоҳад буд? Намедонам.

      26-уми декабри соли 2019 соҳибам аз чӣ бошад, ман ва дигар ҳамроҳонамро, ки 10 сол дар хонааш «хилватнишинӣ» мекардем, гирифта, аз чанг тоза карда, ба рафи ҷевонҳо қатори ҳамон «сервис»-ҳо гузошт. Таваҷҷуҳи ӯ ба ман зиёд шуд. Фарзандонашро талқин кард, ки маро мутолиа намоянд. Ҳатто маро яке аз хешовандонаш, ки дар соҳаи савдо буд, ба орият гирифту хонд. Ман даст ба даст мегаштам, ҳангоми варақ задан «нафас» мекашидам ва шод мешудам. Хушо, ки аз нав дӯст ва рафиқи танҳоӣ ва «фурӯғи субҳи доноӣ» шудам.

    Чӣ воқеа рух дода бошад? Ҳар чӣ шуда бошад, хуб шудааст. Мардум, бахусус наврасону ҷавонон китобхон шудаанд.  Аҳсант ба онҳо!

                                                                                          Зафари ШАРИФ,

Муслиҳиддин ШАРОФИДДИНЗОД,

 омӯзгорони МДТ «ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода»