Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” маҳфили илмию фарҳангӣ бахшида ба 40-солагии фаъолияти илмӣ ва эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,  дотсенти кафедраи сарояндагии халқӣ Моҳрухсор Сафиева баргузор гардид.

Дар ҳамоиши фарҳангӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ҳунармандони шинохта, ҳамсабақону дӯстон ва шогирдони Моҳрухсор Сафиева аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҳузур доштанд.Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зимни суханронии ифтитоҳии хеш иштирокдорони маҳфилро ба МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” хайрамақдам гуфта, Моҳрухсор Сафиеваро аз номи раёсат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати 40 — солагии фаъолияти эҷодиаш самимона табрику муборакбод  намуда, тазаккур дод, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагии халқии факултаи санъати мусиқии мардумии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, яке аз бонувони ҳунарманду соҳибистеъдод ва соҳиб­сабку булбулнаво Моҳрухсор Сафизода, ки зиёда аз чил сол боз фаъолияти пурсамари эљодӣ дорад, чеҳраи маъруфи фарҳангї, инсони некиродаву хушгуфтор, ростқавлу поквиҷдон, овозхони маҳбубу машҳур ва фарди бо тамоми маънї комил маҳсуб ёфта, дар дубора эҳё намудани сурудҳои мардумї, тақвият бахшидан ба рушди жанрҳои мусиқии миллї ва ҳамчун омӯзгор дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъат нақши муҳимми мондагор бозидаасту мебозад. Ин чеҳраи маъруфи фарҳангӣ борҳо ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон (солҳои 1996-1997), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли 1982), Сурия (соли 1983), Ҷумҳурии Қазоқистон (соли 1989),  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 2004, 2005 ва  2007), Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 2009) сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, фарњангу њунари миллиамонро муаррифї намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи дар соҳаи санъату фарҳанг намудаи Моҳрухсор Сафизодаро ба инобат гирифта, ӯро бо Медали Хизмати шоиста ва унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадрдонї намудааст.

Назариён Обид Одилзода муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз дошт, ки роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи фарҳангу санъат ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Мавсуф қайд намуд, ки бо Моҳрухсор Сафизода ҳамсабақ буда, шоҳиди бевосита равнақи фаъолияти пурсамари беш аз 40 – солаи ӯ мебошад. Бо вуҷуди дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамої кардан, ҳангоми таҳсил дар донишкада Моҳрухсор танҳо дар фикри эҷод ва рушд додани санъати сарояндагиаш буду аз устодони бузурге, назири Барно Исҳоқова, Одина Ҳошим, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон ҳунар меомӯхт. Муовини аввали вазири фарҳанг  Моҳрухсор Сафизодаро аз номи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ба муносибати чилсолагии фаъолияти эҷодӣ табрику муборакбод гуфта, ба ӯ Сипосномаи вазоратро тақдим намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор аз овони кӯдакӣ ва талошҳои пайвастаи дар роҳи ба мурод расидану шавқи беандозаи Сафизода Моҳрухсор ёдовар шуда, ӯро инсони дорои иродаи қавӣ ва бонуи боҷасорат унвон намуд. Моҳрухсор дар оилае ба камол расидааст, ки суруду мусиқӣ, шеъру достон ва фарҳангу санъат арзиши олӣ дошта, маҳз ҳамин муҳити созгор ӯро сӯйи олами ҳунар раҳсипор намудааст. Хоҳарбузурги Моҳрухсор зикр намуд, ки дар зодгоҳаш, махсусан дар хонаи падариаш маҳфилҳое бо иштироки мардуми маҳал баргузор мегаштанд, ки дар онҳо соҳибзавқҳо бо сароидани шеърҳову достонҳо, навохтани асбобҳои миллии мусиқӣ ва шашмақомсароиву фалаксароӣ ба ҳозирин фароғати маънавӣ мебахшиданд. Дар ин маҳфилҳо падари Моҳрухсор бо вуҷуди хизматчии давлатӣ будан дутор менавохт ва нозукиҳои ин сози миллиро ба фарзандонаш ва ба ҳар нафаре, ки майли дуторнавозӣ дошт меомӯхт. Модараш низ дар оила дар ҳалқаи пайвандон дафнавозӣ мекарду дили Моҳрухсори кӯчакро ба ҳунар ва санъати бостониву волои мо гарм мекард.

Сипас ҳамсабақону дӯстон ва шогирдони Моҳрухсор Сафиева ӯро ба муносибати 40 — солагии фаъолияти эҷодиаш самимона муборакбод  гуфта, таманноҳои хешро барояш иброз намуданд.

 

 

Дар доираи маҳфил барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар, устодону донишҷӯёни донишкада ва шогирдони Моҳрухсор баргузор гашт, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

 

Синои АБУАЛӢ