Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор карда шуд.
Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳозиринро бахшида ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, ҳамзамон дар бораи ин ҷашни воқеан ҳам барои миллати тоҷик тақдирсоз андешаҳои хешро иброз карда, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат 27 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳо роҷеъ ба мушаххасоти ин ҷашни таърихӣ, ҳаводиси даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, нақши фарҳангиёну ҳунармандон дар таҳкими ваҳдат ва созгории миллӣ, бо чашми ибрат нигаристан ба гузаштаи талхи таърихи ватанӣ, гиромидошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сифати иди ватанӣ ва умумимиллӣ суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом дода мешаванд, ки ба устувор намудани ягонагиву ҳамдилӣ равона гардидаанд. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ бо арҷгузорӣ ба фаъолияту осори намояндагони барӯманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ аз он ҷиҳат муҳим мебошанд, ки тавассути ин иқдом на танҳо, аҳли илму эҷод балки оммаи васеъ низ амиқтару густардатар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзоннамуд. Ин рӯзи таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ва шукуфо ба мерос гузорад. Ин дастоварди муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши бузург дошта, моро муваззаф месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Воқеан, Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси амнияту суботи минтақа гардид, балки механизмҳои рушди давлатдории миллиамонро заминагузорӣ кард. Ин аст, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин ҳодисаи таърихи ватанӣ маҳсуб меёбад.
Пас аз анҷоми суханронии роҳбари муассиса Низомӣ Муҳриддин Зайниддин барои болидаруҳии ҳозирин аз ҷониби устодон, шогирдон ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” барномаи рангини консертӣ бо суруду навоҳои тоза ва рақсҳои зебо пешкаш гардид, ки ҳозирин хуш истиқбол гирифтанд.
ҚУДРАТОВ Сино