Паёмҳои ҳамасолаи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди доираи васеи масъалаҳои муҳимро дар чаҳорчубаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар фаро гирифтан, аз ин нукта тафовути куллӣ доранд, ки ба масъалаҳои калидие, ки ба таъхир гузоштани ҳалли онҳо метавонад ба раванди сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсиргузор бошад, таваҷҷуҳи бештаре дода мешавад.
Масъалаҳое, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор мегиранд, бо назардошти вазъи сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар дар заминаи таҳлилҳои ҳамаҷониба сурат мегирад. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Паёми навбатӣ дар гузориши худ ба масъалаи солҳои охир ба таври бесобиқа муташанниҷ шудани авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуданд ва алоқаманд будани онро бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо ёдрас шуданд: “…нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.”
Имрӯз ҷаҳони муосир майдони муҳорибаеро мемонад, ки дар он шеваҳои нави бархӯрди тамаддунҳо ҳукмрон аст. Новобаста аз ҳадафу манфиатҳо, коргардонҳои ин майдони разм барои шиддати бештаре бахшидан ба оташи он, омили дин ва мазҳабро хеле ҳунармандона истифода мебаранд. Ин муносибат боиси он гардидааст, ки дар ҷаҳони муосир неруҳои радикалӣ ва мутаассиби диниву мазҳабӣ аз дастгирии хосса ва маблағгузориҳои ҳангуфт бархурдор буда, беш аз пеш сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳшуда, ки ба ҳайси «қурбонӣ»-и «ҳадафҳои олӣ» истифода мешаванд, афзоиш медиҳанд.
Раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз сарҳади давлатҳоро убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангҳои миллӣ таъсир мерасонад, то андозае арзишҳои суннатии онҳоро низ тағйир медиҳад. Геополитикаи муосир барои як силсила кишварҳо агар «геополитикаи бедоршавӣ» (З. Бжезинский) арзёбӣ шавад, барои дигар кишварҳо ба геополитикаи яъсу ноумедӣ табдил ёфтааст. Иттиҳоду ҷиноҳҳои пешинаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз байн рафта ба ҷои онҳо созмонҳои нав арзи вуҷуд намудаанд, ки ногузир ба вазъи геополитикии ҷаҳон таъсир мерасонанд. Мо имрӯз шоҳиди он мешавем, ки сармояи корпоратсияҳои бузург рӯз то рӯз раванди сиёсии ҷаҳонро таҳти назорат гирифта, ҳатто бар сиёсати миллии баъзе кишварҳои ҷаҳон тасаллут ёфтаанд. Бояд ба хубӣ дарк кунем, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад.
Пешвои миллат дар заминаи андешаҳои боло ба он ишора намуданд, ки мардуми Тоҷикистон мисли халқҳои дигари мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд ва бояд дар ин росто тамоми чораҳоро андешид. Рақамҳое, ки дар Паём зикр шудаанд, далели пешравии иқтисод ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии ҷомеа буданд. Вале ҳароина дар Паём ишора ба он рафт, ки механизми дастгирии соҳибкорӣ, то ҳануз ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дошта, танҳо бартараф кардани фасод дар сохторҳои тафтишотӣ, метавонад омили рушди иқтисод ва беҳтар шудани авзои иҷтимоии ҷомеа гардад.
Ишора ба гуфтаҳои боло, агар мо ҷиддан таваҷҷуҳ намоем, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва корпоратсияҳои бузург, ки иқтисоди ҷаҳониро мехоҳанд ба таври пурра зери таъсири худ қарор диҳанд, аз ду омили ҳаросафкан, ки метавонанд низоъҳои хунини байналмилалиро таҳрик диҳанд, пайваста истифода мекунанд. Агар дақиқан мавриди таҳлил қарор диҳем дар кишварҳои Аврупо муноқишаҳо дар заминаи афкори миллатгароӣ ва миллатситезӣ сурат мегиранд, ки ҳаводиси минтақаи Балкан, низои Арманистони Озарбойҷон ва Руссия бо Украина дар ҳамин замина тарҳрезӣ шудааст.
Дар кишварҳои шарқ бошад, бештар барои шиддат додани баҳсҳои диниву мазҳабӣ, заминаҳо фароҳам оварда мешаванд, ки тамоми минтақаи ховари наздик ва миёнаро ба коми оташ кашидааст. (Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон, Фаластин)
Бубинед, дар Паём таъкид гардид, ки дар давоми се соли охир дар кишвар беш аз 1500 иншоотҳои соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳо бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Як таносуби аҷиб бо кишвари ҳамсоя, Афғонистон вуҷуд дорад. Солҳои охир баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон, дар ин кишвар низ 1500 иншооти соҳаи ба ном маориф бунёд гардидааст. Вале таълимот дар ин муассисаҳо сирф диниву мазҳабӣ буда, таҳсили духтарон дар онҳо манъ аст ва ягон барномаи он риштаи илм, пажуҳиш ва ё фанҳои дақиқро фаро намегирад ва ба низоми байналмилалии таҳсилоти олӣ ва миёна посухгӯ нест. Тасаввур кунед, ки наврасони 10-15 сола, ки бо ин навъи омӯзиш фаро гирифта мешаванд, чӣ гуна ба артиши миллионнафараи мутаассиб табдил меёбанд, ки метавонанд дар оянда ба фазои нисбатан ормоми минтақа ба таври ҷиддӣ таҳдид кунанд.
Яке аз ҳадафҳои калидии Пешвои миллат, ки дар Паём таъкид шуд, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд ва дар ин замина супориш ироа гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
“– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 дарсад зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.”
Сарвари давлат тавре, ки таъкид намуданд аз соли 2020 ин ҷониб маоши кормандони соҳаи буҷетӣ чанд маротиба боло бурда шуд, ки дар маҷмуъ 100 фоизро ташкил медиҳад.
То ҳанӯз фаромӯш нашудааст, ки солҳои 90-и асри гузашта ва ибтидои қарни 21 аксарияти омӯзгорон ба иллати паст будани маош ва бад будани вазъи иҷтимоӣ, касби худро тарк намуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё корҳои дигар, ки даромади бештар доштанд, машғул мешуданд. Дар макотиби таҳсилоти умумӣ бо сабаби нарасидани устодон, донишҷӯёни низоми таҳсилоташон фосилавӣ ва нафақахурон дарс медоданд. Имрӯз вазъият дар ин соҳа рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар аксари муассисаҳои таҳсилоташон умумӣ, яъне мактабҳои миёна, устодон аз тариқи озмунҳо ба кор қабул карда мешаванд, ки ин аз беҳтар шудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф дарак медиҳад.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф хоса буда, танҳо соли сипаригардида бо кормандони соҳаи илм ва маориф ду маротиба мулоқот доир намуданд, ки дар онҳо масъалаҳо ва мушкилоти ҷиддии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар самти рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми имсола ба панҷ бахш афзалият дода шуд:
- Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд. Дар ин замина ишора гардид, ки кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
- Ба муносибатҳои ҳасана бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки бо кишвари мо ҳамҷаворанд ва манофеи муштарак доранд, махсус таваҷҷуҳ зоиҳир гардид. Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад.
- Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад. Дар ин замина бояд таъкид намуд, ки дар баҳсҳо ва муноқишаҳое, ки мутаассифона дар байни баъзе давлатҳои узви ИДМ ба назар мерасанд, Тоҷикистон мавқеи дахлнопазириро дар умури дохилии ин кишварҳо пайгирӣ намуда, ҳамеша ҷонибдори ҳалли масъалаҳо бо роҳи мусолиҳатомез аст.
- Пойбанд ва иродатманд будани Тоҷикистон ба сиёсати “Дарҳои кушод”. Пешвои миллат дар ин замина таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.
- Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доир ба ҳалли масъалаҳои глобплӣ, аз ҷумла амният, пешгирии терроризм, қочоқи маводи мухаддар, гармшавии иқлим, фалокатҳои техногенӣ ва мисли ин. Пешвои миллат дари ин замина таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад.
Қобили зикр ва мариди таваҷҷуҳ аст, ки Роҳбари давлат махсус таъкид намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат маҳсуб мешаванд.
Ин нукта бо назардошти кишвари интиқолдиҳандаи нерӯи корӣ будани Тоҷикистон ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани теъдоди зиёди шаҳрвандонӣ мо хеле саривақтӣ ва муҳим буда, аз зери ҳимояти давлат қарор доштани ин қишри ҷомеа, ки далели ғамхории Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дарак медиҳад.
Номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти кафедраи технологияи ВАО
Ҳамдамов Бахтиёр