Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили ҷамбастии Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён, ки бахшида бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик», «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «700-солагии Ҳофизи Шерозӣ» баргузор гашта буд, доир гардид.
Маҳфили ҷамбастиро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ба рӯзи таваллуди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва рӯзи таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меояд. Дар ин росто ҳамасола ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар донишкадаи мо низ «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрони муассисаро бозгӯ мекунанд, гузаронида мешавад, ки дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар донишкадаи мо низ тайи якҳафтаи охир баргузор гардид. Ректори донишкада тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳамаи суханрониҳо ва вохӯриҳо вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд мекунанд.
Сипас, устоди донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ гузориши омоданамудаашро аз раванди баргузории ҳафтаи илм дар донишкада ироа намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки аз 18-ум то 25-уми моҳи апрели соли 2025 дар дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён ҳамчун «Ҳафаи илм» таҷлил гардид, ки бешубҳа ба таври чашмрас ба фаъолияти илмии ҳайати бисёрҳазорнафараи донишкада таҳрик мебахшад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар доишкадаҳо ва донишгоҳҳои кишвар ин анъанаи нек шукӯҳу шаҳомати тоза касб карда, дар заминаи санаҳои муҳимми таърихӣ баргузор мегардад.
Конференсияи имсола бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик, «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ» гузаронида шуд. Ҳафтаи илми донишкадаро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам намуда, тазаккур дод, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ба рӯзи таваллуди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва рӯзи таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меояд. Дар ин росто ҳамасола ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар донишкадаи мо низ «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрони муассисаро бозгӯ мекунанд, гузаронида мешавад. Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо эълон кардани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2025 — 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ба роҳ мондани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ба рушди илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Зикр гардид, ки дар қисми пленарии конференсияи мазкур дар қатори ҳайати раёсати донишкада, профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён, инчунин корманди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон», доктори илмҳои тиб, пиряхшинос, профессор Қаюмов Абдулҳамид ширкат варзида, бо мақолаи илмиву таҳлилӣ суханронӣ намуд. Номбурда маърузаи илмии худро дар мавзуи «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили пиряхҳо» ироа намуда, оид ба ташаббуси навбатии сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мулоҳизаҳояшро зикр намуд.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ бо маърӯзаи «Бозтоби мусиқӣ ва истилоҳоти он дар шеъри Ҳофизи Шерозӣ» ва докторанти (PhD) курси 3-юми кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ Исрибшоева Нуринисо дар мавзуи «Перомуни баъзе масъалаҳои ташаккули фарҳанги мусиқии Бадахшон дар солҳои 40-50-уми асри ХХ» баромад намуданд. Дар анҷоми қисми пленарии конференсия миёни маърузачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» на фақат дар таълими кадрҳои баландихтисосу парчамбардори миллат, балки дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбар ва бузурги илмии кишвар дар соҳаи фарҳангу санъат маҳсуб ёфта, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илм ва фарҳангу санъати тоҷик дар дохил ва хориҷ аз кишвар мебошад. Ҳамчунин, дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳо ва таъкидҳои Пешвои маҳбубамон ба ҳамгироӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот талош намуда, ба рушди илмҳои соҳа диққати ҷиддӣ медиҳад.
Барномаи Конференсия бо бахши ифтитоҳӣ 19 бахшро дар бар гирифта, дар он устодону донишҷӯёни тамоми кафедраҳо фаъолона иштирок намуданд. Аз натиҷаҳои баргузории бахшҳои конференсия дар кафедраҳои донишкада дар сомонаи донишкада маълумотномаҳо ва аксҳо ҷой дода шудаанд.
Ҳамин тариқ кори Конференсия дар доираи кафедраҳо як ҳафта давом карда, маърузаҳои зиёде аз тарафи устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён ироа гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар дигар кафедраҳо низ бахшҳои Конференсия бо иштироки бевоситаи намояндаи раёсати илм ва рушди инноватсионӣ баргузор гашта маърузаҳои дар барномаи Конференсия сабтшуда аз тарафи маърузачиён ироа гардиданд.
Дар муддати баргузории Конференсия-ҳафтаи илм ҳудуди 260 маъруза, аз тарафи устодону кормандон, докторантону унвонҷӯён ва магистрону донишҷӯён ироа гардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки нисбат ба соли 2024 хеле назаррас буда, ин шумора ҳудуди 110 нафар боло рафтааст.
Ҳадафи асосии Конференсияи мазкур ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ мебошад.
ҚУДРАТОВ СИНО