Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҷаласаи васеи Шурои олимони муассиса бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов, аъзои Шурои олимон, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 ироа гардид. Ректори донишкада зимни ироаи ҳисоботи солонаи худ иброз дошт, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  дар соли таҳсили 2024 фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дасту супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  рисолати худро ба ҷо оварданд. Зикр гардид, ки Шурои олимони донишкада яке аз бахшҳои муҳимми сохтори донишкада ба ҳисоб рафта, дар он масъалаҳои мубрами самти илм, таълим, эҷод, тарбия ва хоҷагидорӣ баррасӣ гардида, ҳаллу фасли худро пайдо менамоянд.

   Сарвари муассиса қайд намуд, ки барои ҳар давлат, ки ҷиҳати афзоиши сармояи миллии худ саъй дорад, то дар қатори кишварҳои пешсафи ҷаҳонӣ қарор гирад, рушди низоми маориф яке аз масъалаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Барои расидан ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” моро зарур аст, ки сатҳи омода намудани мутахассисони касбиро хуб намуда, сатҳи сифати таълимро марҳила ба марҳила баланд бардорем. Зеро рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат аз сатҳи сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон вобастагии калон дорад.

   Аз ин рӯ, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва хориҷӣ, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, сатҳи иҷрокунандагӣ, малакаи баланди баёни ибрози ақида ва фикрронӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён, малака ва маҳорати хосси кор бо технологияи ҳозиразоамон дар донишкада таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.

   Қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои натиҷаи фаъоли сессияи санҷишу имтиҳонӣ дар соли 2024 сатҳи сифати таълим дар донишкада 43,4% ва дарсазхудкунӣ 66,5%-ро ташикл медиҳад. Сатҳи сифати таълим дар имтиҳонҳои тестӣ 33,4% ва дар имтиҳонҳои эҷодӣ 53,4%- ро ташкил додааст, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.    Дар соли 2024 15 донишҷӯ танҳо аз бахши рӯзона донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки ин дастовард дар 5 соли охир бори аввал мебошад    Бояд зикр намуд, ки тибқи натиҷагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикитон донишкада аз ҷиҳати донишҷӯёни аълохон дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи шумораи донишҷӯёни аълохон дар ҷои 6 — ум қарор дошта, аз натиҷаи фаъолияти босамари муассиса дарак медиҳад.

   Бояд гуфт, ки Раёсати донишкада ба рушди илм дар муассиса таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона карда, барои тақвияти иқтидори илмии донишкада шароити мусоид фароҳам меоварад. Масъалаи илм ва мабоҳиси марбут ба он дар Шурои олимони муассиса ва ҷаласаҳои раёсат ҳамеша бахши асосии масъалаҳои баррасишавандаро ташкил медиҳад. Дар соли сипаришуда ба иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии донишкада Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони илмии профессор  дода шуд. Инчунин, аз тарафи ниҳоди мазкур номзади илмҳои таърих, омӯзгори кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Муъминова Ҳаётхон ва омӯзгори кафедраи сарояндагӣ Раҳимзода Кароматулло бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси санъатшиносӣ сарфароз гардиданд.

   Дар соли ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии донишкада  4 конференсияи муштараки байналмилалии илмӣ-назариявӣ, 1 Форуми байналмилалии илмӣ-амалӣ, 26 конференсияву семинарҳои илмӣ-назариявии сатҳашон гуногун баргузор гардиданд, аз натиҷаи он дар саҳифаи расмии донишкада ва фейсбук инъикос ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ устодону донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои ҷуҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла 6 нафар устодону донишҷӯён ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” роҳ ёфта, аз ин миён, ду нафар дар даври шаҳрӣ  сазовори ҷойҳои аввал гардида, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоии озмун донишҷӯи курси 2-юми факултети журналистикаи телевизион ва радио Кароматзода Меҳрафзо сазовори ҷойи 3-юм гардид, ки боиси сарфарозии кулли устодону донишҷӯёни донишкада маҳсуб мешавад.

   Дар озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ низ муассиса, бо вуҷуди ғайритахсассусӣ ширкат кардан, ба комёбиҳо ноил гардидаанд. Дар давоми чор соли охир дар се соли он донишҷӯёни донишкада бо гирифтани як ҷойи якум аз фанни педагогика ва ду ҷойи дуюм аз фаннҳои педагогика ва забони тоҷикӣ сарфароз гардидаанд. Аз ҷумла, дар соли равон донишҷӯи соли аввали факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Абдусатторов Меҳроб аз фани забон ва адабиёти тоҷик ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардида, донишкадаро дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовор муаррифӣ намуд. Донишҷӯи соли 4-уми факултети фарҳангшиносӣ Давлатов Саҳобиддин дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон ва магистранти сол» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардид, ки барои донишкада дастоварди назаррас маҳсуб мешавад. Дар соли 2024 бори аввал дар таърихи фаъолияти муассиса омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Зокирзода Суҳроб Ибод барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

   Дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024», ки бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф иштирок намуда, соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид, ки боиси ифтихори устодону донишҷӯён мебошад.

Инчунин, дар соли 2024 бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода С.Х. аз 25.10.2024, №406/шд дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои – 6D090400 – Хизмати иҷтимоӣ-фарҳангӣ (6D090401 – Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ) 6D091000 – Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо аз рӯи ихтисосҳои 13.00.05 – «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) ва 05.25.00 Иттилооти ҳуҷҷатӣ (05.25.03 – «Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ» таъсис дода шуд. Раёсати донишкада итминон дорад, ки таъсиси шурои диссертатсионии назди МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ шароити мусоидро фароҳам оварда, дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи омоданамоии кадрҳои илмию педагогӣ иқдоми муҳим хоҳад гузошт. Тазаккур дода шуд, ки Раёсати робитаҳои байналмилалӣ яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб мешавад. Айни замон донишкада бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.

   Дар соли ҷорӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманди илмиву таълимӣ ва эҷодӣ бо 5 муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҳамчунин муҳлати 1 созишномаи ҳамкорӣ барои 5 соли оянда тамдид карда шуд. Дар соли ҷорӣ 46 нафар олимону ҳунармандони хориҷӣ ба донишкада ташриф оварда, бо иштироки онҳо 6 вохӯрӣ-мулоқоти роҳбарияти донишкада, 8 дарсҳои маҳорат ва 3 чорабинии фарҳангӣ-консертӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин 10 нафар устодони донишкада дар соли 2024 дорои сертификат — гувоҳномаи хатми курси такмили ихтисоси байналмилалӣ гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти эҷодии донишкада  низ дар соли 2024 назаррас буда, ба таври умумӣ, аз оғози соли таҳсил то кунун дар донишкада чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар (бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Амонзода), Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи фарҳанг,  Рӯзи ҷаҳонии ханда,  100-солагии шаҳри Душанбе, Мирзо Турсунзода, 55-солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҳошим Гадо (бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода), рӯзи “Шашмақом”, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи дониш, Бузургдошти устод Рудакӣ,  Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгорон, 100-солагии доктори илмҳои фалсафа  Ғаффорова Мунзифа, “Рузи Фалак”, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  консертҳо ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

   Аз 25-ум то 30-юми сентябр соли 2024 даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид, ки аз онҳо 4 нафар: Бойматов Шаҳзод навозандаи академӣ, Тошбеков Парвиз навозандаи анъанавӣ, Ёрматов Ҳаким композитори анъанавӣ ва Баракаев Абдумалик сарояндаи анъанавӣ иштирок намуда, Баракаев Абдумалик сазовори ҷойи 3-юм гардид. Як қатор устодону донишҷӯён ба даври ниҳоии озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” роҳ ёфтанд, ки самараи неки фаъолияти эҷодии донишкада мебошад.

   Фаъолияти тарбиявӣ ва иҷтимоии донишкада дар давраи ҳисоботӣ барои ҳиссагузорӣ дар сифатан такмил додани таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, инчунин дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва тарбия намудани донишҷӯён равона гардид.

   Қайд кардан ба марид аст, ки қисми тарбия дар давоми сол барои татбиқи сиёсати идеологӣ ва иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва нуктаҳову ҳадафҳои барномаҳои давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширакти фаъол доштанд. Кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ҳамарӯза дар аксияҳои тозагии ноҳиявию шаҳрӣ, марафонҳои гуногуну дави миллӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ, рӯзҳои фарҳанг, чорабиниҳои илмию сиёсӣ ва фарҳангӣ, роҳпаймоиҳои зиёд, мулоқоту вохуриҳо дар конфронсҳои гуногун иштирок карданд.

   Ҳамин тавр, ректори донишкада тамоми фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро ба риштаи таҳлил кашида, камбудию норасоии мавҷударо ба миён гузошта, баҳри бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.

    Сипас, ҳисоботи ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Баҳрулло Хайруллозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз ироаи ҳисоботи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 ва ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Баҳрулло Хайруллозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада дар соли 2024 миёни аъзои Шурои олимон ва маърузачиён табодули афкор сурат гирифта, ҳисоботҳои ироашуда қаноатбахш арзёбӣ гардиданд. Дар ҷаласаи васеи Шурои олимони донишкада вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

   Дар анҷоми ҷаласа ба онҳое, ки дар озмунҳои гуногун ширкат варзида, ғолиб ё сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, инчунин ба онҳое, ки дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок доштанд, аз тарафи Раёсати донишкада Диплом, Ифтихорнома ва Сипоснома дода шуд.

 

 

ҚУДРАТОВ Сино