16-уми октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» вобаста ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии фарҳангҳои бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ бо иштироки раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Изат, муовини раиси  Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шаҳзод, намояндаи раёсати кор бо ҷавонони Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатӣ дар шаҳри Душанбе Набиев Фарух ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» вохӯрӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз», ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба мақоми олии қонунбарори мамлакат иброз намуданд, ки  бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ  рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги хештаншиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан  тарғиб ва ташвиқ намоем. Маҳз шуҷоату мардонагии Сарвари хирадманду доно ва саховатпешаи диёри маҳбубамон буд, ки дар зарфи 34 — соли Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои наҷибу боварибахш барои фардои дурахшони Тоҷикистон ҳамаро муттаҳид намуданд,  то ин ки дар ин сарзамини муқаддас як ҷомеаи комилан озоду адолатпарвар ва сарсабзу хуррам бунёд гардад.

Сипас, Ҳабибзода Зоҳир Иззат — раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳимзода Шаҳзод Абдулфаттоҳ — муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе ва Набиев Фарух-намояндаи раёсати кор бо ҷавонони Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатӣ дар шаҳри Душанбе фикру мулоҳизаҳои худро дар доираи мавзуъҳои чорабинии мазкур баён намуданд.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Изат ва муовини раиси  Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шаҳзод ба чанд нафар донишҷўёни фаъоли донишкада шаҳодатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардид.

Дар интиҳои вохӯрӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

 

Зафари ШАРИФ,

котиби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии

«Оламафрӯз»-и МДТ «ДДФСТ ба номи

Мирзо Турсунзода» дар назди ҲХДТ-и

Ноҳияи Сино шаҳри Душанбе