Санаи 25.10.2025 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 081 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” рисолаи илмии докторанти PhD, доктори фалсафа аз рӯи ихтисоси 6D091000 – Кори китобдорӣ, (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ) Нодирзода Сайзароб Сайалӣ дар мавзуи “Таҳаввул ва рушди равандҳои библиографияи тоҷик дар замони Шуравӣ (солҳои 1960-1990): дастовардҳо ва мушкилот” зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шосаидзода Сафар Ҳасан бо муваффақият ҳимоя гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани мавзуи “Таҳаввул ва рушди равандҳои библиографияи тоҷик дар замони Шуравӣ (солҳои 1960-1990): дастовардҳо ва мушкилот” таҷрибаи фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва марказҳои библиографӣ дар солҳои 1960-1990 буда, барои асоснокнамоии таърихи падидоӣ, марҳилаҳои инкишофи назария ва амалияи библиографияи тоҷик шароит фароҳам оварда, ҷиҳати муайяну мушаххас намудани мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои рушди он мусоидат менамояд.
Дар раванди ҳимояи рисолаи диссертатсия осори интишорёфтаи муҳаққиқ, ки дар маҷмуаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ба нашр расидаанд, ба намоиш гузошта шуд.







