24-04-2024 дар кафедраи хореография дар доираи Конференсияи ҷумуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Ҳафтаи илм ва ба муносибати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Конференсияро мудири кафедра, и.в.дотсент Искандаров Музаффар ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози назар намуда, ба кори конфренсия барору муваффақият таманно намуд.
Дар кори конференсия омӯзгорону донишҷӯёни кафедра маърузаҳои илмии худро ироа намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа ақидаҳои хешро баён намуданд.
Дар аввал устод Искандаров Музаффар дар мавзуи «Нақши Ғаффор Валаматзода дар рушди санъати хореографияи касбии тоҷик» баромад намуданд. Сипас, муаллими кафедра, и.в. дотсент, Казакова Х. дар мавзуи «Великий учёный Низам Хабибуллаевич Нурджанов», ва Боронбекова С. дар мавзуи “Рақсҳои маъмулии мардуми Бадахшон”, баромад намуда, андешаҳояшонро доир ба мавзуъҳои интихобнамудаашон баён намуданд.
Дар фарҷом доир ба маърузаҳои ироашуда табодули афкори судманд ба миён омада, иштирокчиёни конфронс баргузории чунин чорабиниҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Омӯзгори калони кафедра
Боронбекова Сафарбегим