Имрӯз тибқи барномаи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Ҳафтаи илм ва ба муносибати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии факултаи фарҳангшиносӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Кори маҳфилро декани факулта Саидов Қобилҷон оғоз намуда, ба устодону донишҷӯён дар кори гузаронидани конференсия муваффақияту бурдборӣ таманно намуданд.
Сипас мудири кафедра Раҳмхудоева Б. доир ба илму таҳқиқот, рушд ва ташаккули фарҳанг ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози ақида намуд.
Дар конференсия устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ дар мавзуҳои марбут ба масъалаҳои муҳими фарҳанг, рушди осорхонаҳои Тоҷикистон, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, нақши фарҳанг ва ташаккули дастоварҳои он ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Аз ҷумла, профессори кафедра Махсудзода Ф. дар мавзуи “Нақши ҷашну маросимҳо дар ташаккули худшиносии миллӣ”, декани факултети фарҳангшиносӣ Саидов Қ. дар мавзӯи “Ба ҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар фаъолияти осорхонаҳо”, дотсенти кафедра Наимзода Д. дар мавзуи “Осорхона – оинаи ҳақиқатнамост”, профессори кафедра Умедов М. оиди “Толерантность – фактор развития общество”, мудири кафедра Раҳмхудоева Б. дар мавзуи “Масъалаҳои асосии фарҳанги муосир” муаллими кафедра Каримов О. “Осорхона ва нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон”, Фирдавси А., н.и.т. “Саҳми пешвои миллат дар рушди осорхонаҳои Тоҷикистон”, Абдусаломов М. “Марҳилаи нави рушд, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамчунин донишҷӯёни ихтисоси фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ Каримова С. ва Содатқадамова С. бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар анҷоми конференсия байни донишҷӯёну баромадкунандагон табодули афкор ба миён омад. Иштирокчиён аз рафти конференсия изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён баргузор карда шаванд.
Мудири кафедраи
фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ
Раҳмхудоева Б.