Имрӯз дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳамоиши бузургдошти устод Рудакӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид кард, ки аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд. Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт”.

Зикр гардид, ки агар дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузошт. Устод Рӯдакӣ на танҳо ба унвони поягузори шеъри форсии тоҷикӣ, балки ба сифати мубаллиғи фарҳанги миллӣ дар қаламрави тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

 

Роҳбари муассиса тазаккур дод, ки ҳанӯз аз замони зиндагиаш миёни ҳамасрон чун қофиласолори шеъри форсӣ эътироф гардидааст. Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накукорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Устод дар асрҳои минбаъда аз ҷониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорӣ ёд шудаву бо сифатҳои зиёде васф шудааст. Дар сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ миқдори ашъори шоир ба таври гуногун 130 ҳазор байт, 180 ҳазор байт, 800 ҳазор байт ва ниҳоят 1 миллиону сесад ҳазор байт ба қалам дода шудааст. Шеъру адабиёти асил ва сарчашмаҳои маънавӣ бо марзҳои замонию маконӣ маҳдуд нестанд ва шеър бояд чунон офарида шавад, ки дили хонанда ва шунавандаро тасхир созад ва зиндагии ҷовидона пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, донишмандон, пажӯҳишгарон ва соҳибназарон шеъри Рӯдакиро ҳамчун намунаи олии бадеияту назокати шеъргӯӣ ва ҳунари суханварӣ эътироф кардаанд.

Ректори донишкада аз ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 баргузор гардида буд, ёдовар шуд, ки марҳилаи тозаеро дар Рӯдакишиносӣ боз намуд. Ба он муносибат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ташкил гардида, осори зиёди илмӣ ба табъ расида буданд.

Қайд гардид, ки устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷик аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирон ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ намуданд, зеро забони содаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд. Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимонаи хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшании дил, чароғи ақлу хирад номидааст. Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ намуда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд.

Баъдан, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов андеша ва назари худро оид ба осори устод Рӯдакӣ дар мавзуи “Мусиқии шеъри Рӯдакӣ” баён намуда, ҷойгоҳи мусиқиро дар шеъри Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар маҳфили Рӯзи Рӯдакӣ котиби Шурои олимони донишкада, шоир Синои Абӯалӣ ба васфи устод Рӯдакӣ шеър гуфта, бо забони шеър дар бораи мақом ва манзалати устод Рӯдакӣ андешаҳояшро иброз намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён барномаи ҷолиби консертӣ аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ пешкаши иштирокдорони маҳфил гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино