Имрӯз дар толори “Арғунун”-и МДТ “Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳамасола дар кишвар 30-юми сентябр ҳамчун Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад ва ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”рӯи кор гирифта шуда, ба ҷашни ҳаводорни шеъру сухани ноб табдил ёфтааст. Масуф дар бораи осори безаволи Мавлоно ва ҷойгоҳу мақоми ӯ низ баёни андеш намуд.
Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳзиринро ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ самимона муборакбод намуда, зикр намуд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст. Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.
Ректори донишкада зимни суханронии худ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ёдовар шуда, чунин қавли баён кард: Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Аминӣ Алишер Файзуллоҳ дар мавзуи “Мафоҳими сулҳ ва сулҳхоҳӣ дар афкори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Мавлоно ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо аз қабили сулҳу сулҳхоҳӣ, сабру таҳаммул, инсонгароиву ҳамдилӣ такя карда, некиву накӯкорӣ, хайру эҳсон, навозиши ятимону бепарасторон, ахлоқи ҳамида, фазилатҳои писандида ва адолати иҷтимоиро дар осори ҷовидонаи худ тараннум кардааст.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён барномаи ҷолиби консертӣ бо истфода аз ашъори ноби Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО