Имрӯз дар толори “Арғунун”-и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиронро бо Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки яке аз бузургмардони фарҳанги форсизабонон ва ҷаҳон шинохта шудааст, самимона табрик намуд. Зикр гардид, ки ҳамасола дар кишвар 30-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад ва ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”рӯи кор гирифта шуда, ба ҷашни ҳаводорни шеъру сухани ноб табдил ёфтааст.
Ҳамоиш дар ду бахш, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд, ки муҳтавои он писанди ҳозирин гашта, бори дигар бо дунёи рангини Мавлоно ошно гардиданд.
Ректори донишкада зимни суханронии ифтитоҳии худ аз андешаҳои бузургон нисбат ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки профессори фаронсавӣ Ҳонри Моссе дар ҷашни бознишастагияш дар донишгоҳи Сорбони Фаронса зимни суханронияш чунин қайд менамояд: Ман умрамро вақфи адабиёти форсӣ кардаам ва барои он ки дар рӯзи поёни корам ба шумо устодон ва равшанфикрони ҷаҳон дақиқан бишносонам, ки ин адабиёти аҷиб чист, чорае надорам ҷуз ин ки ба муқоиса бипардозам ва бигӯям, ки адаби форсӣ ба чаҳор сутун устувор аст: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно. Фирдавсӣ ҳамсангу ҳамтои Ҳуммери юнонӣ аст ва бартар аз ӯ, Саъдӣ Онотули файласуфро ба ёд меорад ва донотар аз ӯ, Ҳофиз ба Гётеи олмонӣ қобили қиёс аст ва Гёте худро шогирди Ҳофиз ва зинда ба насиме, ки аз ҷаҳони ӯ ба машомаш расида мешуморад. Аммо дар мавриди Мавлоно бошад чеҳраеро наёфтам, ки битвонам Мавлоноро ба ӯ ташбеҳ кунам, зеро ӯ ягона аст ва ягона боқи хоҳад монд. Воқеан ин бардошти профессори фаронсавӣ Ҳонри Моссе боиси ифтихор ва фараҳмандии мо мебошад, зеро Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзанди фарзонаи миллати мо аст.
Дар қисми илмии ҳамоиш ректори донишкада маърузаи илмии худро бо унвони “Ҷомӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” ироа намуд, ки бисёр пурмуҳтаво буда, робитаи маънавию ирфонии Ҷомӣ ва Мавлоноро инъикос менамуд. Ба гуфтаи ӯ, Мавлоно беш аз ҳаштсад сол аст, ки мардумро шефтаи рафтору гуфтор ва осори безаволи хеш менамояд. Ин нукта мусаллам аст, ки ҳар кӣ ба ҷид осори Мавлоноро мутолиа намояд, ҳамоно бештар мабҳути ақволу афкори пурвусъати ӯ гардида, ошиқонаю содиқона дар паи такрору талқини ашъори зебои ӯ мешавад.
Ректори донишкада дар бораи омӯзишу пажӯҳиши осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки дар баробари муҳаққиқини ҳамзабон иддае аз донишмандони хориҷӣ умри хешро сарфи омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно кардаанд, ки имрӯз ба шарофати ин иқдоми накӯ номи эшон дар радифи бузургтарин олимони ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Амсоли Роналд Николсони инглис, ки матни комили интиқодии «Маснавӣ»-ро ба вуҷуд овард, ки муҳаққиқин ва мутолиакунандагони ин шоҳасар бар асоси нусхаи омодакардаи ӯ «Маснавӣ»-ро мехонанд. Ё Ани Мори Шиммели олмонӣ, ки ба хотири Мавлоно исми Ҷамилабоҷиро барои худ интихоб карда буд ва ба шарофати хидмати бедареғаш дар мавлавишиносӣ дар Қуния хиёбонеро ҳам ба исми ӯ гузоштаанд.
Муҳриддин Низомӣ дар бораи камолоти маънавии Мавлоно, бо такя ба сарчашмаҳои муътамад, сухан гуфта, нақши Ҳаким Саноӣ ва Шайх Аттори Нишопуриро дар ҳаёти маънавии ин орифи бузург дар паҳнои ирфону адаби форсизабонон муҳим арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки дар камолоти маънавии Мавлоно, ҳамзамон шахсиятҳои бузурги адабию ирфонии гузаштаю муосири ӯ нақши муассире доранд, ки ҳам худи Мавлоно ва ҳам муаллифони сарчашмаҳои адабию ирфонӣ ин нуктаро таъкид кардаанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён барномаи ҷолиби консертӣ бо истфода аз ашъори ноби Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино