03-05-2025 дар толори китобхонаи илмии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода» ҷиҳати ба роҳ мондани робитаи пайвастаи волидайни донишҷӯён бо донишкада бо падару модарони факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ ва факултети фарҳангшиносӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо, ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Махсудзода Ф. М., ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия Аминӣ А., ноиби ректор оид ба тарбия ва корҳои иҷтимоӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода З. маъмури хобгоҳи донишҷӯён Мисралиев А, декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Шарофидинзод М, декани факултети фарҳангшиносӣ Саидов Қ, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони донишкада иштирок намуданд.
Ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо зимни баромади худ қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, дар Паём ва суханрониҳои хеш таъкид мекунанд, ки рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллидошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст.
Дар партави гуфтаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар назар дошт, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шаклҳои асосии донишазхудкунии донишҷӯён, аз қабили навозандагӣ, сурудхонии дастаҷамъӣ, маърифати мусиқӣ, ки қисматҳои асоси фаъолиятро дар факултетҳои самти эҷодидоштаи донишкада ташкил медиҳанд, омӯзгорони соҳибмаълумотро зарур аст, ба таълиму тарбияи насли наврас бештар машғул шуда, дар таълим ва тарбияи фарҳангӣ ва мусиқии донишҷӯён нақши муҳимро бозида тавонанд.
Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ пайдо нагардад, онҳоро бояд хуб тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.
Чунин вохӯриҳо бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи дуҷонибаи муассиса ва оила баргузор шуда, ба тарбияи ҷавонони саодатманд мусоидат менамоянд.
Зикр намуданд, ки донишҷӯёне, ки барномаи додашударо дар сатҳи баланди касби азхуд намуда иҷро менамоянд ба консертҳои донишкадавӣ ва берун аз он тавсия карда мешаванд, ки натиҷаи сатҳи маҳорати шогирдон донишкадаро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ менамоянд.
Иштироки донишҷӯён дар ҳамаи чорабиниҳои донишкадавӣ бахшида ба ҷашнҳои тақвимӣ, озмуни «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Ту қалби Тоҷикистони Душанбе», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» барномаҳои телевизионӣ ва баргузор намудани консерту чорабиниҳои фарҳангӣ дар богҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳои пойтахт, ва дигар чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ натиҷаи дар сатҳи зарури аз худ намудани дарсҳои инфиродӣ мебошад. Натиҷаи меҳнату талошҳои устодону донишҷӯёни донишкадаро инҷо бояд қайд намоем, ки дар ҳамагуна чорабиниҳои донишкадавӣ ва берун аз он иштироки фаъол дошта соҳиби “Диплом”, “Сипоснома”, “Ифтихорнома” гардиданд.
Ноиби ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод зимни баромадашон қайд намуданд, ки мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.
Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.
Ноиби ректор оид ба тарбия ва корҳои иҷтимоӣ Иззатзода З. ба сухан баромада баён намуданд, ки ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки моро лозим аст, ки ба масъалаҳои риояи либоспӯшӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Донишҷӯёнро зарур аст, ки масъалаҳои фарҳангу этикаи либосҳои милливу муқарраргардидаи фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ ва эҳтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.
Декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Шарофидинзод М ва декани факултети фарҳангшиносӣ Саидов Қ дар навбати худ доир ба фаъолият, раванди таълим, дастовардҳои донишвӯён, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ-адабӣ, эҷодӣ дар назди факултетҳо амалкунанда маълумоти муфассал доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ректори донишкада ба падару модароне, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд бо “Сипоснома”-и донишкада қадрдонӣ намуданд.
Декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ
Шарофидинзод М. Ш