Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ташаббуси роҳбарияти муассиса маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассис ва баргузоркунандааш Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш мебошад, бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён хеле шавқовар ва хотирмон баргузор гашт.
Маҳфилро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандешро бо меҳру самимияти хос ба донишкада хайрамақдам гуфта, бо истифода аз фурсати муносиб ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модарон, фарорасии баҳори гулафшон ва омад-омади ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуд.
Мавсуф дар бораи саҳми Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш дар баланд бардоштани мақоми шеъру сухан ва таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон адешаҳояшро баён карда, ба кори маҳфил барор таманно намуд.
Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш бо баён намудани миннатдории худ ба роҳбарияти донишкада ва ҳозирин ҷиҳати иштироки дастаҷаъмонаашон дар маҳфили “Ҳамешабаҳор” изҳори сипосгузорӣ намуда, маҳфилро хеле муассир доварӣ намуд.
Маҳфил бисёр шавқовар бо ҳунарнамоии донишҷӯён доир гардида, кормандон ва донишҷӯёни донишкада шартҳои онро иҷро намуда, соҳиби туҳфаҳо гардиданд.