Сафари давлатии Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров як рӯйдоди муҳим дар минтақа арзёбӣ мешавад, ки ба ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин ҳамкории минтақавӣ аҳамияти бузург дорад.
Баъд аз баҳсҳои тулонии наздисарҳадӣ, ки ба сард шудани муносибатҳои ду кишвар замина гузоштанд ва боиси коҳиш ёфтани муносибатҳои дипломатӣ ва баста шудани сарҳад гардиданд. Роҳбарони олии ин ду кишвари ҳамсоя дар тафовут аз дигар кишварҳо, ки мехостанд низоъҳои сарҳадиро танҳо бо роҳи истифодаи таслеҳот ва алайҳи ҳам сангар гирифтан ҳал кунанд, тавонистанд бо роҳи мусолиматомез ба ҳадаф расанд. Ин усули бархурд нисбат ба масъалаи хеле мураккаби сарҳадӣ як тасмими нодири таърихӣ буд, ки дар оянда метавонад барои кишварҳои дигар дарси ибрат бошад.
Сафари таърихӣ бо даъвати расмӣ аз ҷониби Президенти Қирғизистон Содир Жапаров сурат гирифта, мақсади асосии сафар ривоҷи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ буд, ки тавонист дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя саҳфаи тозаеро боз кунад. Дар сафари расмӣ Пешвои миллатро намояндагони баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва раисони кумитаву идораҳои дахлдори давлатӣ ҳамроҳӣ карданд.
Бояд ин нуктаро таъкид намуд, ки Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи хеле баланд пешвоз гирифта, мулоқоти роҳбарони ду кишвари ҳамсояро ба таври хеле олӣ барномарезӣ намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ: Гуфтушунидҳо дар бораи афзоиши савдои дуҷониба, ҳамкории саноатӣ ва истеҳсолӣ, инчунин ҳамкории нақлиётӣ ва транзитӣ. Масъалаҳои минтақавӣ: Баррасии вазъияти минтақавӣ, ҳамкории амниятӣ ва мубориза бо терроризму ваҳшатпароканӣ. Ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ: Ташаббуси ҳамкории фарҳангӣ, табодули донишҷӯён ва ҳамкории илмӣ-техникӣ. Масъалаҳои марзӣ: Муҳокимаҳо дар бораи ҳалли масъалаҳои марзӣ бо роҳи гуфтушунидҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи мулоқот як қатор созишномаҳо ва меморандумҳо ба имзо расиданд, ки ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои гуногун таъмин мекунанд. Сафари мазкур ва мулоқотҳои дуҷониба ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар, ҳамкориҳо ва таҳкими фазои ором дар минтақа мусоидат карданд.
Сафари Пешвои миллат-Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши ҳамкории иқтисодӣ ва савдои дуҷониба имконияти нав фароҳам овард. Мулоқоти сарони давлат ба ҳалли масъалаҳои марзӣ бо роҳи гуфтушунидҳои дуҷониба мусоидат намуда, Сарони ду давлати дуст ва ҳамсоя дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмӣ баҳои баланд дода, дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ карданд, ки дар он нуктаҳои зер таъкид гардид:
Ин, пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ ба шумор меравад, ки таи чанд соли охир мавриди мувофиқа ва баррасии ниҳодҳои дахлдори ду кишвар қарор гирифта буд.
Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодии шарикии ду кишвари ҳамсоя нигаронида шуд. Дар ин замина комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ба Шӯрои байниҳукуматӣ табдил дода, ҳамраисони Шӯро дар сатҳи сарвазирон таъин карда шуд..
Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шеваҳои нави зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти мубодилашаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Барои то ба 500 миллион доллари ИМА расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот мувофиқа ба даст оварда шуд.
Дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои рушди кооператсияи саноатӣ ҳамчун асоси рушди робитаҳои иқтисодии ду давлат дар оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пешниҳод гардид, ки таҷрибаи ташкили истеҳсолоти муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат идома дода шавад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият доранд.
Дар музокироти сатҳи олӣ мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳамкории ду давлат дар бахши гидроэнергетика густариш дода шавад. Таъкид шуд, ки дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, КАСА-1000 аҳамияти муҳим дорад.
Дар раванди мулоқоти дуҷониба Сарони давлатҳо ба хулоса омаданд, ки барои ҳалли масъалаҳои таъмини оби манотиқи наздисарҳадӣ, Комиссияи муштараки хоҷагии об таъсис дода шавад.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Президентони ҳар ду кишвар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намуданд. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар рафти гуфтушунид ба робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш тасмимҳои ҷиддӣ гирифта шуданд.
Роҳбарони Олии ду кишвар хатару таҳдидҳои амниятиро баррасӣ карда, доир ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули афкор намуданд.
Дар маҷмӯъ натиҷаҳои гуфтушунидҳо аз он далолат мекунанд, ки муносибати ду кишвар бо принсипҳои ҳамсоягии нек ва ҳамзистии осоишта идома хоҳанд ёфт.
Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров ба мувофиқа расиданд, ки дар фурсати наздик Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ имзо гузоранд. Имзои ин санад дар доираи таҷлили ҷашни қарибулвуқуи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба нақша гирифта шуд.
Ба мақсади идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Нургожаевич Жапаров даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии давлатӣ анҷом диҳанд.
Лутфулло Раҳимӣ