Имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ (17 октябр) дар бинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода маҳфили илмӣ-оммавии навбатии «Маърифати фарҳангӣ» бо роҳбарии Мирзошариф Абдусаломов — омӯзгори калони кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкада баргузор гардид.
Дар маҳфил мавзӯи «Эҳё ва рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардида, мавриди маърӯза ва баҳсу мунозираҳои ҷолиб қарор гирифт.
Дар маҳфили илмӣ-оммавӣ инчунин, мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкада, муаллима Раҳмхудоева Бахтибегим ва ҳайати донишҷӯёни ихтисосҳои фарҳангшиносӣ, осорхонашиносӣ, веб-журналистика, китобдорӣ ва ғайра иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш маърӯзаҳо аз ҷониби мудири кафедраи мазкур, муаллима Раҳмхудоева Бахтибегим, Абдусаломов Мирзошариф ва донишҷӯён — Холиқов Сайфиддин, Ҷаъфаров Сӯҳроб, Шарифзода Сафармоҳ ва Усмонқулов Шералӣ доир ба мавзӯи матраҳ ва бахусус ҷашнҳои чоргонаи бузурги миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон) шунида шуд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз санаи қабули Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО (17 октябри соли 2003) сарчашма мегирад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он соли 2010 ҳамроҳ шуда, то имрӯз дар татбиқи амалии ин ки ҳуҷҷати байналмиллалӣ иштирокчии фаъол дар арса ба ҳисоб меравад.
То имрӯз унсурҳои фарҳангии ғайримоддии миллати тоҷик ба монанди ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Сада, санъати мусиқии Фалак, Шашмақом, санъатҳои атласу адрас, чакан, оши палов, тазҳиб, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ ва ғайра ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашта, аҳамияти ҷаҳониро касб намудаанд.
Чун анъана дар қисмати музокира, баҳсу муколамаҳо доир ба мавзуъ сурат гирифт. Аз ҷониби роҳбари маҳфил Мирзошариф Абдусаломов ба иштирокчиёне, ки фаъолнокӣ нишон доданд, китобҳои нодири соҳавӣ аз ҷумла китоби «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд.
Маҳфили илмӣ-оммавии «Маърифати фарҳангӣ » мунтазам идома дошта, минбаъд низ бо ҷалби коршиносону мутахассисон касбӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯёни риштаҳои гуногуни фарҳангшиносӣ баргузор карда мешавад.
Баргузории маҳфил имкони амалӣ баҳри бедории фарҳангӣ, ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, сохтани идеяи миллӣ дар шуури ҷавонон ва ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Бо эҳтиром, Роҳбари маҳфил.
Мирзошариф Абдусаломов.



