Мардуми Тоҷикистон намоди арзиши сулҳу суботро  пеш аз ҳама ба шахсияти Президенти мамлакат нисбат медиҳанд ва ин нигоҳи холисона арзёбӣ намудани марҳилаи тақдирсози пуштисарнамудаи миллатамон дар роҳи эъмори давлати миллӣ воқеъбинона аст. Бинобар ҳамин ҳам, бо такя аз қазовати фавқуззикр гуфтан лозим аст, ки табодули андешаҳои як зумра намояндагони мардумӣ оид ба зарурияти таъсиси ниҳоди Пешвои миллат як навъ инъикоси мундариҷаи шуури ҷамъиятии солҳои охир ташаккулёфта буд, ки бо бардошт аз таҷрибаи иҷтимоӣ ҳангоми вохўрии Президент бо омма ҳувайдо мегашт. Истиқболи мардум аз Президент дар ин мавридҳо бо ироаи таманниётҳои бепоён, изҳори миннатдориҳо, қироати ашъори иншонамудаи ҳозирини алоҳида ва шодиву сурур сурат мегирифт, ки аксар маврид нидои «пешвои мо», «шоҳи мо» ва ғайра аз издиҳоми мардум ва аз забони онҳо беихтиёр танинандоз мегардид. Ин таҷрибаҳои иҷтимоӣ ба тадриҷ андешаи зарурияти нисбат додани унвони Пешвои миллатро ба Президент ҳамчун нишони қадрдонии заҳматҳое, ки ў баҳри сулҳу суботи мамлакат ба харҷ додааст, ташаккул доданд. Яъне инҳо арзишҳое мебошанд, ки на танҳо дар робита бо ҳодисаҳои аввали касби истиқлолиятанд, балки дар марҳилаи имрўзаи инкишофи ҳаёти ҷомеа низ асоси маънои мавҷудияти онро ташкил медиҳанд. Муайянкунандаи ҷойгоҳи ҳар як арзиш дар ҳаёти ҷомеа ба сатҳи муроҷиати одамон ба онҳо барои барқарории муносибат бо дигарон, ташкили беҳтари зиндагии фардию дастаҷамъӣ марбут мебошад. Барои шароити кунунии мавҷудияти  афзалияти арзишҳои ба сулҳу субот тавъамбуда дар раддабандии арзишҳои одамон гувоҳи муҳимияти онҳо барои таъмини шароити дилхоҳи иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар тасаввури аҳли ҷомеа сарчашма ва замонати устувории ин равандҳо ба фаъолияти созандаи ҷомеасозии сарвари мамлакат, Пешвои миллат рабт дода мешавад.

Ҳамин тавр, ба расмияти ҳуқуқӣ даромадани ин тамоюл аз он маншаъ мегирад, ки яке аз дастовардҳои пурарзиши давлати мо баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ ин таҳти сарварии Президент таҳия ва ба мардум пешниҳод намудани як мафкура, идеологияи кулли мардуми Точикистонро ба созандагию таъмини инкишофи кишвар сафарбаркунанда мебошад, ки таҳти унвони «вахдати миллӣ» ёдоварӣ мешавад. Пайравӣ аз ин мафкура ба мардуми тоҷик имконият дод, ки дар даврони аз ҳама душвортарини таърихӣ истиқлолияташ алангаи домангири низоъи дохилиро дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи мусолиҳатомез  хомӯш кунад ва  дар замири мардум умед ба фардои дурахшонро аз нав зинда намояд. Аз ин хотир мардуми мо ҳамасола таҷлили ду иди бузург, яъне касби Истиқлолияти сиёсии кишварамон ва Рӯзи ваҳдатро бо як самимияти хос таҷлил менамоянд ва онҳоро воқеан ҳам ҳамчун санаҳои сарнавиштсози таърихи навини худ меҳисобанд.

Чунин эҳтиром аз ин хизмати сарвари мамлакатамон ва санаҳои таърихӣ аз фаъолияти давлатдории ў маншаъгиранда воқеан ҳам асоси иҷтимоӣ доранд, зеро онҳо хатари даҳшатбори аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон ва ба минтақаҳо парокандашавии мардуми куҳанбунёдамонро дар оғози касби Истиқлолияти давлатӣ аз байн бурданд. Таҳдиди ин хатарро танҳо пас аз як муддати на чандон тўлонӣ кулли мардуми кишварамон дарк намуданд ва барои ҷомаи амал пӯшиданаш ба майдон ва арсаи сиёсӣ баромадани шахсияти фозилу ҷасоратманде лозим буд, ки кафолати ҷомаи амал пӯшидани ин орзую омоли мардумро ба зиммаи худ гирад. Таърихи навини тоҷикон чунин шахсиятро дар симои роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ овард ва эшон бо ҷасорати бузурги хеш фарорасии ин рӯзро барои ҷомеа наздиктар сохт. Ў таҳти шиори «тоҷикон худашон бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистонро аз роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд» гурўҳҳои ба оғӯши ҷанги таҳмилӣ ғӯтидаро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва номуси ватандорӣ даъват намуд. Новобаста аз фишори гурўҳҳои муқобили тантанаи оштии миллӣ дар Тоҷикистон дар он айём ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз ин даъват гарм истиқбол намуданд ва дар ҷодаи амалишавии он саъю кўшиши фаровон ба харҷ доданд.

Чунин икдоми тарафайн тавонист минбаъд хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона тақсим шудани онро аз байн барад. Тамоюли инкишофи ин хатарҳоро на танҳо фаъолияти рўзафзуни тарафдорони берунии ин раванд, балки фаъолияти бисёре аз нерўҳои иҷтимоию сиёсии дохилӣ низ суръат мебахшиданд ва пайваста ба хотири бесалоҳият нишон додани давлату мақомоти роҳбари сиёсии он барои доғдор сохтани фазои кишвар кўшиш ба харҷ медоданд. Бо истифода аз чунин вазъият баъзе аз воҳидҳои маъмурии Тоҷикистонро ташкилдиҳанда сайъ менамуданд, ки мухторияти ҳарчи бештарро аз марказ ба даст оранд ва онро дар рў ба рўи мушкилоти ба амаломада танҳо бигузоранд. Минбаъд аксарияти гурўҳҳои муқобил ба хубӣ дарк карданд, ки идомаи ҷанг танҳо харобиро ба бор меорад ва дар ин гуна низоъ касе наметавонад ба пуррагӣ ғолибиятро ба даст орад. Бинобар ҳамин ҳам роҳи ягонаи аз ин вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфтан ин танҳо тавассути паси мизи музокирот нишастан буду халос. Вале татбиқи ин ҳадаф ва ҳамчунин барои дар шуури аъзоёни гурўҳҳои мубталои ин муноқиша ба вуҷуд овардани боварӣ ба дурустии интихоби ин роҳ таҳаммул ва сайъу кўшиши ҳамешагӣ лозим буд. Барои таблиғи ин ҳадаф фаъолияти васоити ахбори умуми кишвар низ ба ин самт равона карда шуд.

Ҳамин тавр бо дарки зарурияти ҳалли мушкилоти фавқуззикр акнун мушкилоти сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеаро сарвари давлат ба яке аз масъалахои муҳими таъмини суботу инкишофи минбаъдаи кишвар табдил доданд. Ин раванд такони азиме ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар бахшид ва шаклу усулҳои нави ҳамкориро миёни нерўҳои мухталифи сиёсию чамъиятӣ ба вуҷуд овард. Ваҳдати миллӣ тавонист чунин таҷрибаи ҳамкориеро миёни онҳо эҷод намояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ аз манфиати умумимиллӣ дастгирӣ намуда, айни замон нуктаи назари худро доир ба ин ва ё он масъала озодона ва кушоду равшан баён намояд.

Маҳз, дар ҳамин раванди ҷомеасозӣ бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон роҳандозии муваффақонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати дастгоҳид ҳувиятсози миллӣ гаштем, ки он яке аз рукнҳои муҳими таъмини Истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор меравад. Амалияи мазкур хотираи таърихии мардуми тоҷикро дар намоди давлати миллӣ ғунҷонид ва бо шарофати ин иқдом акнун мудом саҳифаҳо аз бойгонии таърихи бою рангини ин сарзамин дар муоширату муносибатҳои гуногунҷанбаи нави ҷамъиятӣ ҳамчун навори зинда пеши назар меоянду чарх мезананд. Аз ҷумла, номи пули миллию намодҳои дар онҳо ғунҷонидашуда, номи аксари вилояту навоҳӣ, шаҳраку деҳаҳо хотироти таърихии мардумро дар меҳвари ифтихори миллию ватандўстӣ давр мезанонанд ва ба кору пайкори созанда барои рушди ҷамъиятии ин сарзамин ҳидоят мекунанд. Ҳамасола таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ бо арҷгузории фаъолияти намояндагони барӯманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ ба роҳ монда мешавад, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтар ба дарку омўзиши онҳо фурў мераванд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар амалияи ҷомеасозии даврони Истиқлолият эҳёи хотираи таърихии ҷомеа пайваста дар меҳвари андешаи ба ҳам созиш додани анъанаҳои фарҳангии қавму халқиятҳои гуногуни маскуни ин сарзамин давр мезанад. Ин гуна фазои ҷомеасозӣ тадриҷан заминаи асосиро барои ташаккули ҳуввияти шаҳрвандии кулли сокинони мамлакат фароҳам меорад ва онҳо новобаста аз мансубияти қавмию этникӣ худро ҳамчун «тоҷикистонӣ» мешиносанд ва дар симои давлати миллӣ кафили таъмини амнияту зиндагии шоистаи худро мебинанд. Ин тамоюлро яке аз тезисҳои барои гўшу ҳуши мардум хушнавози сарвари давлатамон «Тоҷикистон ватани кулли тоҷикистониён» маънии тоза мебахшад, ки он дар арафаи ҷашни 20-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд. Бинобар ҳамин ҳам дар ҷаҳони имрўз агар падидаи бисёрқавмӣ аз ҷониби баъзе кишварҳо мояи ташвишу нигаронӣ барои таъмини субботу Истиқлолияти давлатӣ пиндошта шавад, вале ҷомеаи тоҷикистонӣ бо такя аз таҷрибаи андўхтаи таърихияш ин падидаро ба сифати омили таҳкими суботу рушди худ қабул дорад. Имрўз ҳар як сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинанд. Зеро онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрўзаи Тоҷикистон дар ғояи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар атрофи худ гирд овардааст ва ҳамагуна кўшишҳои ба маҷрои дигар равона сохтани ин равандро дастгирӣ наменамоянд.  Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва ўро дар симмати Пешвои миллат шоиста ҷилвагар месозад. Зеро ҳузури ў дар арсаи сиёсӣ тавонист ин шароитро фароҳам орад ва идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.

Посухҳои муносиб ба талошҳои ҳассосу ҳавлангези ҷаҳони имрўз, хусусан дар даҳсолаи охир гувоҳи роҳандозии фаъолияти мўътадили ниҳодҳои давлатӣ аст, ки маҳсули сиёсати ҳадафмандонаи Президенти кишварамон аст. Дар ин радиф иқдомҳои барои ҳифзи Истиқлолияти кишвар аз таҳдидҳои мухталиф, эҷоди камарбанди дастаҷамъонаи амниятӣ дар тўли хатти сарҳади давлат бо Афғонистон, шарикӣ дар эҳёи “Роҳи абрешим”, эҷоди хатти иртибототии мустақим бо кишварҳои дунё, ҳимоят аз рукнҳои дунявии давлатдории миллӣ дар муносибатҳои сатҳҳои мухталиф ва ғайра пеши назари ҳар як фарди соҳибватан симои барҷастаи як давлатмарди асилу ҷасоратмандро ҷилвагар месозад, ки шоёни мақоми Пешвои миллат аст. Гуфтан чоиз аст, ки чунин сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатамон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби соири давлатҳои дунё ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ карда мешавад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шарофати роҳбари хирадманд ва ватандӯсти миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи  ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат  – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстонадошта Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмати босазое кардаанд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада мавқеи хосаро касб мекунанд.

Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриамон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши фарҳанги маънавии  таърихи миллати худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

Дар бораи ҷашни  Сада дар осори адибону мутафаккирони тоҷику форс маълумот оварда шуда бошад ҳам, вале оид ба таъриху баргузории он маълумоти нисбатан камтаре то замони мо омада расидааст. Анъанаҳои   пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар рафта мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух  ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард. Дар ҳақиқат, устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон  мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки: «ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мубадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид».

Ҳамин тариқ, дар  бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммули рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳад, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва пасиниён онро то рӯзгори мо расонданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама  хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус, хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Ба андешаи бархе аз донишмандон, ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сахту сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони мо — ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим, сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин бимонад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.

Мардуми шарафманди моро мебояд, ки аз файзу баракати истиқлолият истифода бурда, расму оин ва урфу анъанаҳое, ки вобастаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Сада мебошанд, дар доираи ахлоқу иродаи хеш нишонаҳо ва боқимондаҳои қариб фаромўшшудаи онҳоро бо истифода аз нақлҳои калонсолон эҳё намуда, дар комил намудани ҷашнҳои миллӣ дар шакли таърихиашон саҳмгузор бошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати ҷашни Сада аз 25 январи соли 2020, чунин изҳор доштанд: “Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард”.

 

Зокирзода Суҳроб Ибод

номзади илмҳои фалсафа,

дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ