Ба маълумоти ҳаводорон ва дилбохтагони ҳунари воло мерасонем, ки рӯзи 17.10.2025, соати 09:00 бахшида ба ҷашни Меҳргон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» консерти бошукӯҳ баргузор мегардад.
Ҳаводорон ва мухлисони сурудҳои ҷаззоб ва мусиқиҳои дилангез метавонанд дар чорабинӣ иштирок намуда, аз ҳунари устодону донишҷӯёни донишкада баҳравар гарданд. Даромад озод аст