Имрӯз бо ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Ҳошим Гадо бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, чеҳраҳои саршиноси ҳунару санъати кишвар ва устодону донишҷӯён маҳфили пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
     Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо суханронии ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба ифтихори 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгории Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо самимона табрик намуд.
      Ректори донишкада зикр намуд, ки мо аз рӯзгор, ҷодаи эҷод, осору фаъолият ва аз маҳбубияти профессор Ҳошим Гадо ба хубӣ огоҳ ҳастем ва ифтихор мекунем, ки ин марди ҳунар дар Донишкадаи мо фаъолияти пурсамари омӯзгориро ба роҳ монда, рисолати худро ошиқонаву содиқона бо истифода аз таҷрибаҳои бисёрсолаи худ ба ҷо оварда, чароғи мактаби фардии худро, ки бо номи “Мактаби устод Ҳошим Гадо” маъруф аст, рӯшан нигоҳ медорад. Устод Ҳошим Гадо чандин сол аст, ки ба кори омӯзгорӣ машғул буда, аввал ҳамчун дотсент ва баъдтар ҳамчун профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кору фаъолият намуда истодааст.
Устод Ҳошим Гадо бо офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театр, синамо ва намоишномаву чорабиниҳои давлатию фарҳангии гуногун санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон диёри ҳунару фарҳанги олӣ буда, ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад.
Арбоби ҳунари Тоҷикистон устод Ҳошим Гадо бо омодагии ҷиддӣ ва огоҳии тамом ҳамаи нақшҳои офаридаи худро бо маҳорати баланд иҷро намуда, вориди зиндагии қаҳрамонҳои хеш гашта, дилбохтагони ҳунарро мафтуни истеъдоду малакаи худ намудаасту менамояд. Хусусан, пеш аз офариниши нақши Суҳроб аз адабиёти тоҷику порс, нозукиҳои меъморӣ, пайкарнигорӣ, ториху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок шинос шуда, бо варзиши ҳамешагӣ худро обутоб дода, ба дунёи Суҳроби Фирдавсӣ ворид гаштааст. Ин ҳама омӯзиш ва сахткӯшӣ натиҷаи бисёр хубе ба бор овард — мунаққидон ин намоиш ва бозии устодро чунон хуш пазируфтанд ки аз он замон то кунун филми «Рустам ва Суҳроб» яке аз беҳтарин филмҳои сохтаи замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад. Шоҳидон мегӯянд, ки шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, аз бозии Ҳошим Гадо ва ҳамкоронаш дар намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» дар Театри Лоҳутӣ чунон мутаасир гашта буд, ки гирён шуда, беҳуш афтода буд.
   Таъкид гардид, ки устод Ҳошим Гадо дар баробари нақшофарӣ, фаъолияти пурсамари нависандагӣ ва омӯзгорӣ бо киностудияҳои кишварҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол доштанду доранд. Аз ҷумла, «Мосфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», студияи синамои Марокаш устодро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» тамошобинони сипосгузор дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае номи Ҳошим Гадоро мондаанд.
Директори театри «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Маскав Михаил Чигир дар китоби хотироташ чунин суханонро сабт намудааст: «Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосияш — шоҳ Эдип Ҳошим Гадоев мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнаш надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ маҳсуб меёбанд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишастаанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад».
Тазаккур дода шуд, ки фаъолияти бисёрсолаи устод дар рушди фарҳанги тоҷик дар ҳақиқат сазовори таҳсин ва эҳтиром аст. Меҳнати пайваста ва арзандаи устод барои мустаҳкам намудани муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳо сазовори миннатдории махсус буда, осори устод дар таърихи театр ва синамои шуравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ ба саҳифаи дурахшоне табдил ёфтааст. Истеъдоди фавқулодаи нависандагӣ, осори тарҷумаиҳолӣ ва фалсафии саршор аз ҳикмати устод шавқи беандозаи хонандагонро бедор намуда, устод дар ҷодаи интихобнамудааошн шуҳрати бузургеро ба даст овардааст.
Ректори донишкада ёдовар шуд, устод Ҳошим Гадо соли 2021 дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар Театри таълимии донишкада намоишномаи “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо”- ро бо маҳорати баланди коргардонӣ ва касбӣ ба саҳна гузошта буд, ки дар он суннатҳои наврӯзӣ, ҳақиқати таърихӣ ва маданияту фарҳанги мо пурра таҷассум ёфтаанд. Аз истиқболи гарми тамошобинон маълум буд, ки ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик устод Ҳошим Гадо ҳанӯз ҳам қобилияти фавқулодаи коргардонӣ дошта, маҳбубу машҳур аст.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром устод Ҳошим Гадоро ба муносибати 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгорӣ табрику муборакбод намуда, барои ҳунарманди асил умри дароз, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву бобаракат ва дар ростои талошҳои ҳаррӯзааш баҳри рушди фарҳанги миллӣ муваффақияту комёбиҳои навбанав таманно намуданд.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон манзалату шуҳрату шони ин ё он миллатро аз бузургии фарҳангу санъат ва адабиёту тамаддунаш муайян мекунанд, ки ин муқаддасотро нобиғагони беҳамто, фарзандони фарзонааш — шоирон, нависандагон, олимон ва ҳунармандон меофаранд. Хушбахтона, халқи бузурги мо дар тамоми соҳаҳои илму фарҳангу адабиёт фарзандони фарзонаи худро дорад, ки барои баланд бардоштани ному нанги миллати шарафмандамон камари ҳиммат бастаанд. Яке аз ҳазорон фарзандони фарзонаи миллати тамаддунофари мо устод Ҳошим Гадо мебошад.
Ҳунарпешаи беҳамто профессор Ҳошим Гадо 55 сол аст, ки фаъолияти пурсамари эҷодӣ – омӯзгориро содиқона ба ҷо оварда, дар рушду нумуи санъати тоҷик бо офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино саҳм гузошта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор эътироф гардидааст. Ин ҳунарманди маъруфи саҳнаи тоҷик баъди хатми Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) фаъолияти кориашро аз Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, чандин намоиш, аз ҷумла асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди умедбахш будани худро собит сохтааст.
Ҳунарманди беназиру нотакрор устод Ҳошим Гадо устоди садҳо ҳунарманди маъруфи саҳнаи тоҷик тӯли фаъолияти зиёда аз 60-солаи худ дар театр ва кино беш аз 100 нақш офарида, беш аз 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштаанд ва муаллифи чандин китобу мақолаҳо мебошанд. Устод дар баробари ҳунармандӣ, инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза доранд. Эшон муаллифи зиёда аз 750 китобу мақолаҳои баландмазмун ва эссеҳои фалсафӣ мебошанд, ки дар ин ҷода назир надоранд. Китобҳои «Розҳо», «Ассо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Кунҷ», «Сӯҳроби ман» ва садҳои дигар аз ҳамин қабиланд.
Аз ҷониби устод Ҳошим Гадо дар сатҳи баланди касбӣ офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш» — и Гогол, нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет» — и Шекспир, «Эдип» — и Софокл, нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат» — и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ» — и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа» — и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон» — и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек» ва дигар нақшҳои хотирмон собит намудаанд, ки устод ҳунарманди нотакрор ва яке аз бозёфтҳои нодири театри тоҷик мебошад.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ёдрас намуданд, ки устод Ҳошим Гадо соли 1999 ба ифтихори 1100 — солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфта буд, дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобин нақши Шоҳ Исмоили Сомониро бозиданд ва соли 2008 ба шарафи 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» — ро ба саҳна гузоштанд, ки сазовори баҳои баланди аҳли фарҳангу ҳунар гардид.
Пешвои миллат дар арафаи 80-солагии устод Ҳошим Гадо барои таҳияи асарҳои баландмазмуни бадеӣ, намоишнома ва тарбияи ҳунармандони ҷавон устодро ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд, ки ин иқдоми наҷиб бори дигар аз фарҳангпарварӣ ва эҳтироми хос доштани Сарвари давлат нисбат ба аҳли ҳунарро собит намуд.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг таъкид намуданд, ки воқеан, нақшҳои офаридаи устод ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Маскав ӯро машҳури ҷаҳон гардонданд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки ин ҳунарманди асил санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки Тоҷикистон низ дилбохтагони ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад. Дар ин росто, мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд бо Ҳошим Гадоев ҳампоя бошанд». Адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар хотираҳояш навиштааст: «Ҳангоми тамошои спектакли «Ҷавонии Сино» бори аввал фаромӯш кардаам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо нақши Синоро мебозад».
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг дар анҷоми суханронияшон баён доштанд, ки ҳунарманди асилу соҳибмактаб, санъаткори рангинхаёлу навовар, паҳлавони беназири майдони театри тоҷик устод Ҳошим Гадо тамоми ҳастии худро ба рушду такомули театру синамои миллӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи сарҳадшикани он бедареғ ва ҷонфидоёна бахшидааст. Ин родмарди қавииродаю оҳанинрӯҳ, коргардони соҳибистеъдоду камназир ва нависандаи беҳамто тавонистанд осори зиёди гаронмоя таълиф намуда, дар ин ҷодаи муборак имрӯз ҳам қадамҳои устувор мениҳанд. Мо мутмаинем, ки устод Ҳошим Гадо нақшаҳои зиёди эҷодӣ доранд ва минбаъд низ тамоми донишу таҷрибаи тайи ин солҳо андӯхтаашонро барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, рушди фарҳанг ва санъати миллӣ ва ба боз ҳамбештар муаррифӣ кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон сарф хоҳад кард.
Профессор Розиқов Тағоймурод – мудири кафедраи маҳорати актёрии донишкада доир ба рӯзгор, осор ва фаъолияти омӯзгории Арбоби ҳунари Тоҷикистон устод Ҳошим Гадо суханронӣ намуда, қиссаҳои ҷолиберо аз лаҳзаҳои нақшофарии устод Ҳошим Гадо баён намуд.
Котиби Шурои олимони донишкада, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Синои Абуалӣ шеъри дар васфи устод Ҳошим Гадо эҷодкардашро қироат намуд, ки бо мисраҳои
Марди дунёи ҳунар Ҳошим Гадо,
Саҳнаҳоро зебу фар Ҳошим Гадо.
оғоз гашта, бо байти
Ифтихори Тоҷикистони азиз,
Тоҷики волоназар Ҳошим Гадо.
ҳусни анҷом ёфта, дар он ҳунару истеъдод, ошиқи касби хеш будан ва ватанпарастии устод Ҳошим Гадо дар зевари тараннум пероста шудааст.
Сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонид шуд, ки саҳначаҳои ҷолиб аз ҳаёту фаъолияти эҷодии устод Ҳошим Гадо ва сурудҳои ватандӯстона фарогир гашта, ҷолибу диданӣ буд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳунарпешаи беҳамто профессор Ҳошим Гадо ба саҳна баромада, лаҳзаҳоеро аз ҳаёти ҳунарӣ, эҷодӣ ва омӯзгориашро ёдовар шуда, миннатдории самимонаи худро ба иштирокдорони чорабинӣ баён намуд.
ҚУДРАТОВ Сино