Санаи 28-уми феврали соли ҷори дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шанбегии дастаҷамъона бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар фазои ҳамдилӣ ва масъулиятшиносӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин иқдоми созанда корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди донишкада гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Ҳадафи асосии баргузории шанбегӣ беҳтар намудани муҳити зист, зебову озода нигоҳ доштани атрофи муассиса ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар миёни ҷавонон мебошад.
Иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯён нишон дод, ки фарҳанги муҳити зист ва муносибати ғамхорона ба табиат ҷузъи муҳими тарбияи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Чунин ташаббусҳо на танҳо ба ободии муҳити донишкада мусоидат мекунанд, балки дар ташаккули ҷаҳонбинии экологӣ ва фарҳанги меҳнатии донишҷӯён низ нақши муассир мегузоранд