Санаи 10.05.2025 дар толори “Арғунун”-и донишкада чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 56-умин солгарди фаъолияти эҷодӣ ва пурсамари омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ,  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Ҳошим Гадо бо иштироки раёсати донишкада намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони театри тоҷик ва донишҷӯён баргузор гардид.

  Сараввал ректори донишкада н.и.ф., дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ба кушодашавии ин чорабинии фарҳангиву адабӣ ва маърифатӣ ҳусни оғоз бахишида, барои ҳунарманди асил умри дароз, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву бобаракат ва дар ростои талошҳои ҳаррӯза баҳри рушди фарҳанги миллӣ ва эҷоди китобҳои тозанашр муваффақияту комёбиҳои нав ба нав, ва аз ҳама неъмати бузург саломатии бардавом таманно намуд.

     Баъдан қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста мефармоянд, ки ҳар як миллати тамадуонфарро дар ҳама давру замон манзалату шуҳрати ин ё он миллатро аз бузургии фарҳангу санъат ва адабиёту тамаддунаш муайян мекунанд, ки ин муқаддасотро нобиғагони беҳамто — фарзандони фарзонааш — шоирон, нависандагон, олимон ва ҳунармандонаш мешиносанд. Хушбахтона, халқи бузурги мо бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои илму фарҳангу адабиёт фарзандони фарзонаи худро доро мебошад, ки барои баланд бардоштани ному нанги миллати шарафмандамон камари ҳиммат бастаанд. Яке аз ҳазорон фарзандони фарзонаи миллати тамаддунофари мо устод Ҳошим Гадо мебошанд.

       Ҳунарпешаи беҳамто профессор Ҳошим Гадо 56 сол аст, ки фаъолияти пурсамари эҷодӣ – омӯзгориро содиқона ба ҷо оварда, дар рушду нумуи санъати тоҷик бо офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино саҳм гузошта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор эътироф гардидааст. Ин ҳунарманди маъруфи  саҳнаи тоҷик   баъди хатми Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) фаъолияти кориашро аз Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, чандин намоиш, аз ҷумла асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди   умедбахш будани худро собит сохтааст.

     Ҳунарманди беназиру нотакрор устод Ҳошим Гадо  устоди садҳо ҳунарманди маъруфи  саҳнаи тоҷик   тӯли фаъолияти  зиёда аз 56-солаи худ дар театр ва  кино беш аз 150 нақш офарида, беш аз 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштаанд . Устод дар баробари ҳунарманд, инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза зоҳир намудааст. Эшон муаллифи зиёда аз 1000 китобҳои баландмазмун, ки имрӯз китоби 1000-уми ӯро ном гирифтанд, албатта ин табиист, ки бо меҳнатҳои шабонарӯзӣ дар давоми коргоҳи  ва  эссеҳои фалсафӣ мебошанд, ки дар ин ҷода назир надоранд. Китобҳои «Розҳо», «Ассо», «Танҳо», «Андешаҳо»,  «Кунҷ», «Сӯҳроби ман» ва садҳои дигар аз ҳамин қабиланд.

     Аз ҷониби устод Ҳошим Гадо  дар сатҳи баланди касбӣ офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш» — и Гогол,  нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет» — и Шекспир, «Эдип» — и Софокл,  нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат» — и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ» — и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа» — и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон» — и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек»  ва  дигар нақшҳои хотирмон   собит намуданд, ки устод ҳунарманди нотакрор ва яке аз бозёфтҳои нодири театри тоҷик мебошанд.

     Ёдрас мешавем, ки устод Ҳошим Гадо соли 1999 ба ифтихори 1100 — солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфта буд, дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобин нақши Шоҳ Исмоили Сомониро бозиданд ва соли 2008 ба шарафи 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» — ро ба саҳна гузоштанд, ки сазовори баҳои баланди аҳли фарҳангу ҳунар гардид.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 80-солагии устод Ҳошим Гадо барои таҳияи асарҳои баландмазмуни бадеӣ, намоишнома ва тарбияи ҳунармандони ҷавон устодро ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд, ки ин иқдоми наҷиб бори дигар аз фарҳангпарварӣ ва эҳтироми хос доштани Сарвари давлат нисбат ба аҳли ҳунарро собит намуд.

      Воқеан,  нақшҳои офаридаи устод  ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Маскав устодро машҳури ҷаҳон гардонданд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки ин ҳунарманди асил  санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки Тоҷикистон низ дилбохтагони ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад.

      Дар ин росто, мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд бо Ҳошим Гадоев ҳампоя бошанд».

       Адиби маъруфи  тоҷик Сотим Улуғзода   дар хотираҳояш навиштааст: «Ҳангоми тамошои спектакли «Ҷавонии Сино» бори аввал фаромӯш кардаам, ки он асари ман аст ва  дар саҳна Ҳошим Гадо  нақши Синоро мебозад».

      Ҳунарманди асилу соҳибмактаб, санъаткори рангинхаёлу навовар, паҳлавони беназири майдони театри тоҷик устод Ҳошим Гадо тамоми ҳастии худро ба рушду такомули театру синамои миллӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи сарҳадшикани он бедареғ ва ҷонфидоёна бахшидаанд. Ин родмарди қавииродаю оҳанинрӯҳ, коргардони соҳибистеъдоду камназир ва нависандаи беҳамто тавонистанд осори зиёди гаронмоя таълиф намуда, дар ин ҷодаи муборак имрӯз ҳам қадамҳои устувор мениҳанд. Мо мутмаинем, ки устод Ҳошим Гадо нақшаҳои зиёди эҷодӣ доранд ва минбаъд низ тамоми донишу таҷрибаи тайи ин солҳо андӯхтаашонро барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, рушди фарҳанг ва санъати миллӣ ва  боз ҳам бештар муаррифӣ кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон сарф хоҳанд кард.

        Баъд аз суханронии ректори донишкада н.и.ф., дотсент Назарзода М.М.  факултети санъати театрӣ ва режиссура дар намоиши фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, хотири аҳли толорро бо намоишҳои ҷолиби худ аз ҳаёти шахсии Ҳошим Гадо шод гардониданд, ки бо кафкӯбиҳои соҳибҷашн ва аҳли нишаст сазовори таҳсин гардиданд. Факултети  Мусиқии омӯзгорӣ ва Санъати мусиқии мардумӣ низ бо савту наво, рақсу суруд ҳунари волои худро баҳри ин чорабинӣ бахшиданд ва инчунин сардори раёсати илми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар низ устодро барои фаъолияти пуртаҷрибаву заҳматҳои дар ҷодаи ҳунар, фарҳанг бахшидааш арҷгузорӣ намуд. Ғайр аз ин  ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев аз хотироти даврони донишҷӯӣ то фаъолиятҳои кориву эҷодӣ ёддошт доир ба Ҳошим Гадо хотирарезӣ намуданд.

       Дар фарҷоми барнома, ки ҳам ба  фарҳангиву фароғатӣ ва саҳнавӣ табдил ёфта буд, ректори донишкада н.и.ф., дотсент муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо устод Ҳошим Гадоро бори дигар  самимона барои тарбия намудани актёрон, ҳунармандони оянда сипосгузорӣ намуда, ҳозиринро барои сарҷамъона гузаронидани ин маъракаи адабиву фарҳангӣ ва саҳнавӣ хушомадед намуд.