Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА–094-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» муаллимаи кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Ашурзода Саида Файзалӣ рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои санъатшиносӣ аз рӯи ихтисос 17.00.09 – назария ва таърихи санъат бомуваффақият дифоъ намуд.


