Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 95-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, композитори маъруфи тоҷик Абдуллоев Хайрулло маҳфили хотирмони эҷодӣ бо барномаи консертии ҷолиб баргузор гардид. Чорабини фарҳангӣ бо ибткори бевоситаи Иттифоқи Композиторони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гашт, ки дар он чеҳраҳои саршиноси соҳаи фарҳангу санъати кишвар, ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Чорабинии фарҳангиро раиси Иттифоқи Композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоев ҳусни оғоз бахшида, доир ба осор ва рӯзгори композитори маъруфи тоҷик Абдуллоев Хайрулло ёддоштҳо ва андешаву мулоҳизаҳояшро баён намуд.
Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ Назарзода Маҳмуд Мирзо меҳмонон — чеҳраҳои саршиноси соҳаи фарҳангу санъати кишварро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати 95 — солагии оҳангсоз Абдуллоев Хайрулло табрик карда, изҳор намуд, ки дар ҳама давру замон манзалату шуҳрату шони ин ё он миллатро аз бузургии фарҳангу санъат ва адабиёту тамаддунаш муайян мекунанд, ки ин муқаддасотро нобиғагони беҳамто — фарзандони фарзонааш — шоирон, нависандагон, олимон ва ҳунармандон меофаранд. Хушбахтона, халқи бузурги мо дар тамоми соҳаҳои баландбардорандаи шукӯҳу шаҳомати миллат фарзандони фарзонаи худро дорад, ки барои баланд бардоштани ному нанги миллати шарафмандамон камари ҳиммат бастаанд. Яке аз ҳазорон фарзанди фарзонаи миллати тамаддунофари мо Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ композитори маъруф Абдуллоев Хайрулло мебошад.
Ин оҳангсози маъруф дар рушду нумуи санъати тоҷик бо офаридани асарҳои баландмазмуни мусиқӣ саҳм гузошта, ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор эътироф гардидааст.
Пас аз ироаи суханрониҳо барномаи ҷолиби консертӣ аз осори Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, композитори маъруфи тоҷик Абдуллоев Хайрулло пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу диданӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки Хайрулло Абдуллоев аз асосгузорони мусиқии касбии тоҷик буда, соли 1930 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Ӯ соли 1953 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1958 шуъбаи композитории Консерваторияи мусиқии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Композитори чирадаст дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ, бахусус дар жанри суруд ва ҳамсароӣ (хор) оҳангҳо навишта, яке аз асосгузорони Фестивали мусиқавии «Бӯстон» мебошад. Оҳангҳои ин ҳунарманди асил бештар ба оҳанҳои халқӣ наздик буда, ҳамзамон мусиқии халқиро бисёр моҳирона ва эҷодкорона такмил дода, оҳанг офаридааст.
Оҳангҳои машҳури Хайрулло Абдуллоев «Духтари Помир», «Душанбе», «Гулдаста», «Аскарбача», «Фалак» ва амсоли инҳо то ҳол дар байни мардум маъруфият доранд. Коршиносони соҳа муътақиданд, ки Хайрулло Абдуллоев дар баробари З. Шаҳидӣ, Ф. Одина, Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Охунов, Ф. Солиев ва дигарон ҳамчун кадри маҳаллӣ аввалин шуда, дар ҷодаи мусиқии композиторӣ ҷиҳати густариши мусиқии касбии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Ҳунарманди асилу соҳибмактаб, санъаткори рангинхаёлу навовар тамоми ҳастиашро ба рушду такомули санъати миллӣ дар ҳамкорӣ бо театру синамои миллӣ бахшида, баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи фарҳангу санъати ватанӣ бедареғ ва ҷонфидоёна хидмат намудааст.
Мо мутмаинем, ки ҳар боре сухан аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангу ҳунари тоҷик равад, кору пайкори Абдуллоев Хайрулло чун навор аз лавҳаи хотири имрӯзиён ва фардоиён мегузарад ва номи ӯро ба некӣ бо эҳтирому ифтихор ёд мекунанд.
ҚУДРАТОВ СИНО