Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Вазифаи муҳими олимони соҳаҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитариро муайян намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: «вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд.
Вобаста ба ин таҳқиқи нақши фаъолияти-иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ хеле бузург аст.
Аз ибтидои тараққиёти хеш ҷумҳурии мо ба масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ ва истифодаи арзишҳои он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва иқтидори иҷтимоию иқтисодии истиқлолияти давалатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро ки, инкишофи муносибатҳои дӯстона, таҳкими дӯстӣ ва ҳамраъйи тамоми халқу миллатҳое, ки дар кишвари мо сукунат доранд, омили асосӣ рушди ҷомеаи тоҷикистониён ва истиқлолияти давалатии он ба шумор меравад. Нигаҳдорӣ ва таҳким бахшидани он яке аз вазифаҳои муҳим, мубрам ва ҳамарӯза ба шумор меравад. Ҳалли ин вазифаҳо ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза ба масъалаҳои маънавиёти ҷомеа, баланд бардоштани тафаккури инсон ва фарҳанги маънавии мардум диққати ҷиддӣ дода мешавад, то чӣ ҳад ин масъалаҳо аз ҷониби идораву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешавад.
Дар яке аз Паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президент Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи бузурги фарҳангро дар ҷомеа муайян намуда, чунин зикр мекунанд, ки “Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу такомули ҷаҳони маънавии ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир ва ҳатто ҳалкунанда мебозад”.
Мутаассифона, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба рушди фарҳанг, нақши тарбиявии он таъсири манфӣ расонида, таҳдид ва хатар ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистон ва пароканда шудани миллати тоҷикро, воқеан, ба миён оварда буд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва воқеаҳои маълуми иҷтимоию сиёсӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба амал омадаанд, натанҳо ба инкишофи иқтисодиёту маънавиёти кишвар зарари беандоза калон расонд, балки ба дигар ҳодисаи ғайричашмдошт афзудани майлони миллатчигӣ ва маҳалгароӣ, ҷудоандозии фарҳангҳои милливу маҳаллӣ оварда расонд. Робитаҳои фарҳангӣ, чи дар миқёси кишварҳои хориҷаи дур ва чи дар миқёси собиқ ҷумҳурии иттифоқӣ қариб канда шуданд. Ҳатто дар доираи вилояту шаҳру навоҳии худи ҷумҳурӣ зарур омад, ки алоқаҳои фарҳангӣ мустаҳкам гардонда шуда, тавассути он дӯстию бародарӣ ва якдигарфаҳмии байни сокинони худи кишварамон барқарор ва мустаҳкам карда шавад.
Ин равандҳо ба афзудани майлони миллатчигӣ ва маҳалгароӣ ва дигар падидаҳои ғайричашмдошт оварда расонд, алоқаҳои мадании давлатҳо ва ҳатто гурӯҳҳои гуногуни миллиро дар доираи як давлат халалдор намуд. Ҳол он ки фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи арзишҳои анъанавии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, халқияту миллатҳои дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сукунатдошта иборат аст. Худи мавқеи геополитикии ҷумҳурӣ чунин фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки дар як тарафи он шаклҳои фарҳанги анъанавии як гурӯҳи аҳолӣ ва дар тарафи дигар намудҳои фарҳанги волои минтақаҳои дигар инкишоф ёфта истодааст. Дар маҷмӯъ, ин ҳама арзишҳои фарҳанги як халқу миллатанд ва на барои қисмат кардан, балки барои ба вуҷуд овардани манфиатҳои ягонаи миллӣ ва фарҳанги ягонаи умумимиллӣ мусоидат менамоянд. Дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва устувор гардонидани истиқлолияти давлатӣ истифода бурда шуда, муҳити солими маънавиро ба вуҷуд меоранд, барои ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ватанамон хизмат менамоянд. Якдигарро ғанӣ мегардонанд, дӯстию бародарии халқҳои ҷумҳуриамонро мустаҳкам месозанд.
Миллати хирадманди мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги зиёда аз ҳазорсолаи хеш такя намуда, арзишҳои беҳтарини фарҳанги сиёсӣ ва муколамаи тарафайн, муоширати фарҳангӣ ва ақлу заковати хешро истифода бурда собит сохт, ки тоҷикон дорои анъанаҳои беҳтарини инсондӯстӣ ба шумор рафта сулҳдӯст ва ваҳдатофаранд. Ва дар ин кори созанда ва бунёдкорона кормандони фарҳангу санъат тамоми ақлу заковат ва неруи эҷодии худро истифода намуда, бо асарҳои пурмазмун, барномаҳои рангин ва репертуари сулҳофар дар байни мардум ҳунарнамоӣ намуда, ғояҳои дӯстӣ, ягонагӣ, ба ҳам овардани манотиқи мухталифи ҷумҳуриамонро васф карда, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд. Онҳо ба аҳли башар собит сохтанд, ки мардуми мо воқеан, фарҳангофар ва ваҳдатсоз мебошад.
Таҷрибаи бунёди давлатдории миллии мо ва тахкими истиклолияти давлатӣ, таҷрибаи қариб 35- солаи соҳибистиқлоли кишварамон собит месозад, ки танҳо фазои ягонаи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва бахусус фарҳангӣ ва тавсеаи босуботи фарҳанги ягонаи маънавӣ, пойдории шуури умумимиллӣ имкон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ дар мамлакат поянда бошад. Ва чунон, ки борҳо Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар таъкид месозад, “мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем”. Аз ин рӯ, дар асоси беҳтарин арзишҳои фарҳангӣ ва комёбиҳои иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва анъанаҳои пешрафтаи ҳар як манотиқи кишвар ғанӣ гардонидани фарҳангҳои маҳаллӣ, мустаҳкам намудани робитаи байни мардуми кишвар, фарҳанги умумимиллӣ ташаккул ёфта метавонад ва манфиатҳои миллии моро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намуда, ваҳдату ягонагии халқияту миллатҳои ҷумҳуриро мустаҳкам менамояд.
Қобили қайд аст, ки фарҳанги миллӣ ва таҳсилот яке аз омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд, вазифаи дар руҳи хештаншиносӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия намудани насли наврасро амалӣ месозанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, Тоҷикистон ватани ҳамаи тоҷикистониён мебошад. Аз ин сабаб ободии ин кишвар, кори созанда ва бунёдкорона ба нафъи ҳамаи мардуми он ва пеш аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллии халқияту миллатҳо дар ин кишвар вазифаи муҳиму аввалиндараҷа барои кулли кормандони соҳаи фарҳанг ба шумор меравад. Ва барои амалӣ намудани ин вазифаҳо дар ҷумҳурӣ ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам аст.
Марказҳои фарҳангӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстии байни наврасон ва ҷавонон, таъини роҳҳои тозаи рушди онҳо ба фарҳанги миллӣ, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ нақши муассир мебозанд. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки фарҳанги асил дар кадом пояе набошад, як шакл ва ё намунаи зоҳиршавии фарҳанги умумибашарист ва арзишхои умумибашариро ташаккул медихад. Аз паҳлуи дигар, фарҳанги умумибашарӣ танҳо синтези муайяни фарҳангҳои миллӣ шуда метавонад. Онҳо ба ҳам махлутанд ва якдигарро ғанӣ мегардонанд ва воситаи муҳими густариш ва таҳкими ваҳдати миллӣ мегарданд.
Фарҳангиён ин чизро нағз мефаҳманд ва аз зумраи аввалинҳое буданд, ки дар саҳнаву майдонҳои ҷашнӣ, барномаҳои консертӣ, қироати шеър, чорабиниҳои театришуда, тавассути филмҳои мустанад бо унвони “Ваҳдати миллӣ”, сулҳу ваҳдат ва шодию нишоти мардумро бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ тараннум мекарданд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳими дигар мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин проблемаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, анъана ва расму оин, иду маросимҳои миллии ҳар як манотиқи кишвар ва ғ. мебошад, ки ифодагари манфиатҳои миллии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавассути намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаву маросимҳо мо метавонем ваҳдати миллии кишвари худро тақвият бахшем, аҳолии як минтақаро ба арзишҳои миллии манотиқи дигар бипайвандем.
Вазъи дар як қатор давлатҳои соҳибихтиёр бавуҷудомада шаҳодат медиҳад, ки дар натиҷаи ҷангҳои мазҳабӣ ва дохилии кишварҳо душманон ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ин кишварро нобуд карданд. Ба мероси фарҳангии онҳо зарари ҷиддӣ расонданд. Ойинҳои миллиро аз байн бурданд. Меъёрҳои оддитарини ахлоқиро коҳиш доданд. Ганҷинаи ҷаҳонии донишу маърифатро халалдор сохтанд ва оммаи васеи мардумро аз арзишҳои фарҳангиашон маҳрум намуданд. Намояндагони гуруҳои манфиатхоҳ, ки танҳо маҳрум сохтан аз илму маърифат, дину фарҳанг, ёдгориҳои чандин асраи халқ, забони модарӣ, анъанаҳо ва амсоли онҳо миллатро несту нобуд карда метавонад. Дар ибтидои солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ намояндагони беҳтарини илму фарҳанг, ходимони намоёни давлатӣ кушта шуданд. Ин амалҳои номатлуб моро водор месозад, ки ба ҳифзи фарҳанги миллиамон таваҷҷуҳи бештар намоем, ҷиҳати нигаҳдорӣ ва рушди он тамоми чораву имкониятҳои заруриро андешем, ба ҳама гуна зуҳуроти ғайриинсонӣ оштинопазир бошем.
Маҳз барои ҳамин ҳам дар суханрониҳояш Пешвои фарҳангофари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи забон, фарҳанги асил таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамзамон таъкид менамояд, ки ба зуҳур гаштани хурофотпарастӣ, ҳисси бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, бахуссус либоси ба миллати мо хос набуда, ки куллан ба ҳувияти миллии мо мувофиқ нест, набояд роҳ дод. Роҳи ҳалли ин масъала аз боло бардоштани фарҳанги маънавии мардум, самаранок гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани маърифати волидайн, фаъол намудани аҳли ҷомеа ва дигар омилҳои фарҳангию маърифатӣ вобастагии зич дорад. Дар ин раванд масъалаи фарҳангикунонии кулли ҷомеаи муосир тавассути ҳамаи ниҳодҳои он ва институтҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ боиси пешрафти кору фаъолият мегардад.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон самтҳои асосии сулҳсозӣ, фарҳангофарӣ ва ваҳдатофарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии эҷодӣ неру ва сифати нав пайдо кард. Онҳо чунинад: истифодаи маводи сулҳофарӣ, тарбияи ҳисси дӯстӣ, ватанпарастӣ ва ҳамраъйи донишҷӯён аз кулли манотиқи ҷумҳурӣ дар таълими мазмуни фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ; дар кори тарбиявӣ васеъ истифода бурдани барномаву репертуари эҷодӣ-таълимӣ, таҳия рисолаҳои хатми бакалаврият ва магистратура, ғанӣ гардонидани онҳо; таъмин намудани иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ва ғ.; доир намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, таҳсилотиву фароғатӣ, варзишӣ, ташкили маҳфилҳо ва дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, муҳассилинро бевосита тарғибгари идеяҳои ваҳдати миллӣ мегардонанд; иштироки донишҷӯён дар маҳфилҳои илмиву эҷодӣ, конференсияву симпозиумҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва амсоли онҳо.
Аз гуфтаҳои дар боло зикр гардида чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ваҳдати миллӣ ин дастоварди бузурги давлат ва миллати мо дар қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ пояи устувори давлат ва миллат аст. Дар ба даст овардани он хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик ва нақши фарҳанг, бахусус фарҳанги маънавӣ хеле назаррас аст.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад”.
Таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин дастоварди бузург бояд мустаҳкам шуда тавсеа ёбад ва тамоми паҳлуҳои кори тарбияӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангиро фаро бигирад.
Мудири кафедраи технологияҳои
иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии
Муассисаи давлатии таълимии
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати
Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»,
номзади илмҳо педагогӣ, дотсент Раҳмонов А. А.