
18.03.2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанг гузаронида шуд. Дар кори конфронс муҳақиқони соҳаи осорхонашиносӣ ва фарҳангшиносӣ, омӯзгорон, магистрон, докторантон иштирок намуданд.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада н.и.ф., дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат номиданд. Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик дар замони муосир шумурдаанд. Истиқлолият ва мавҷудияти ҳар як кишвару миллат аз истиқлоли фарҳангии он сарчашма мегирад. Ректори донишкада инчунин қайд намуданд, ки дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар равона гардидааст.
Пасон Маҷид Салимзода н.и.ф., нависанда, омӯзгори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон дар замони истиқлол” маъруза намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими фарҳангӣ дар осори олимон ва адибони тоҷик мисолҳои мушаххасро ироа намуд.
Дар рафти конфренсия мудири кафедраи педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанг Комрон Фозилов дар мавзуи “Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар сиёсати кишварҳои хориҷӣ” баромад намуда, таъкид намуд, ки дипломатияи фарҳангӣ метавонад барномаҳои табодули академӣ, касбӣ, фарҳангӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, адабиёт, кино, санъати театр, намоишҳои бадеӣ, инчунин барномаҳои консертиро фаро гирад. Инчунин Фозилов К зикр намуд, ки дипломатияи фарҳангӣ дар навбати худ меҳвари дипломатияи ҷамъиятиро ташкил дода, маҳз тавассути фарҳанг миллат ба ҷаҳониён ҳуввият ва арзишу ақоиди худро муаррифӣ месозад.

Оиди мавзуи “Мероси фарҳангӣ ва механизмҳои муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналхалқӣ” бошад, докторант (PhD), омӯзгори калони кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода – Мирзошариф Абдусаломзода чунин изҳори ақида намуд, ки Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО фаъолона иштирок мекунад. Масалан, дар иҷлосияи 47-уми Кумита, ки моҳи июли соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор шуд, ҳайати Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табииро баррасӣ намуд. Дар феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО чанд намунаи барҷастаи фарҳанги тоҷикон сабт шудаанд. Инҳо унсурҳое мебошанд аҳамияти ҷаҳонӣ доранд

Мудири шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон, н.и.т., омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ – Фирдавси Абдулҳамид дар мавзуи «Рушди осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ҳамчун макони ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон» баромад намуд. Фирдавси А. доир ба феҳристи ифтитоҳ ва боздиди Пешвои миллат аз Осорхонаҳои Тоҷикистонро пешниҳод намуда, чанде аз ин намунаҳоро ба таври рунамоӣ манзури иштирокунандагони конфренсия гардонид.
-17.07.2001. Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ аз экспозитсияи осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоятии ба номи Қирғизбек Хушқадамов шинос гардиданд. Баъд аз боздиди осорхонаи мазкур бо супориши Сарвари давлат қарор қабул гардид, ки барои тармими осорхона 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад;
-7.09.2001. Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз љониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардид;
-10.09.2002. Боздиди роњбари давлат аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан ба ифтихори 2500 — солагии Истававшани бостонӣ;

-23.08.2006. Осорхонаи таърихии Вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардид;
-10.09.2006. Бахшида ба 2700 — солагии Кӯлоби бостонӣ боздид аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии шаҳри Кӯлоб;
-10.09.2008. Бахшида ба 1150-солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, ки бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тармим гардида буд, бо сифати тоза дари худро ба рӯи тамошобинон боз кард ва Президени кишвар аз ин осорхона дидан намуданд;
-
20.11.2009. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 70 — солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамзамон аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд;

Дар ниҳоят дар мавзуи «Истиқлоли фарҳангӣ – сарчашмаи мавҷудияти асосии ҳастии миллат», мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ Бахтибегим Рамхудоева ироа намуда, аз ҷумла қайд кард, ки чун сухан дар бораи истиқлоли фарҳангӣ меравад, сухани Пешвои миллат “Фарҳанг ҳастии миллат” ин масъаларо тақвият мебахшад, зеро дар ҳақиқат сарчашмаи асосии ҳастии миллатро фарҳанг ташкил медиҳад. Рамхудоева Б. дар маърузаи худ таъкид намуд, ки дар баробари ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар ҷомеаи мо бояд барои ҳифзи истиқлоли фарҳангӣ талоши бештар дошта бошанд ва аз ҳар гуна фарҳанги бегонапарастӣ дурӣ ҷуянд. Зеро фарҳанг ин асоси рушди ҷомеаи солим ва шинохти арзиҳои ҳазорсолаи мо мебошад.
Бо ҳамин, конференсия бо пешниҳоди саволҳо ва ҷавобҳои мушаххаси илмӣ ба анҷом расид. Ректори донишкада н.и.ф., дотсент муҳтарам Назарзода М. М. дар фарҷом аз рафти конференсия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба иштирокдорони конфренсия, ҷиҳати пешниҳоди мавзуҳои мубрами ҷомеа арзи сипос намуд.
