Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар, навозандагони собиқадори созҳои зарбӣ, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён чорабинии муҳимми фарҳангӣ —  консерти муштараки навозиши созҳои зарбӣ бо иштироки ҳаваскорон — дойранавозони Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҳунармандони мо, ки ҳамин ҳоло баргузор гардид.

Барномаи консертиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳозиринроба донишкада хайрамақдам гуфт.

Мавсуф зимни суханронии худ аз ҷумла зикр намуд, ки муносибатҳои фарҳангӣ барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, тарғиби ҳунару санъат, забон ва дигар арзишҳои маънавии кишварҳо саҳми калон мегузорад. Итминони комил дорам барномаи муштараки навозиши созҳои зарбӣ бо иштироки ҳаваскорон-дойранавозони Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҳунармандони мо василаи боз ҳам рушд ёфтани равобити фарҳангӣ ва дӯстии мо гашта, табодули таҷрибаи судманд ба бор меорад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳаки асосии ҳама осори фарҳангии халқҳоро дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки халқи тоҷик баробари рушди тамоми соҳаҳо аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун бо ҳар роҳ аз ҷумла бо ҷодаҳои фарҳангӣ робитаҳои зичи дӯстона барқарор менамуданду ҳамеша паи он мекӯшиданд, ки дар фазои дӯстиву якдилӣ умр ба сар баранд. Хуш аст, ки ин хислатҳои ҳамидаро давра ба давра гузаштагони мо аз ҷанбаҳои асосии ҳаёти худ қарор дода, ин пиндори башардӯстонаро имрӯз низ миллати барӯманди зери роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома медиҳанд.

Ректори донишкада дар бораи таърихи созҳои зарбӣ, хусусан сози дойра ва дойранавозони машҳури тоҷик андешаҳояшро баён намуда, маълумот дод, ки дойра яке аз асбобҳои мусиқии куҳантарини халқи тоҷик ба шумор меравад. Дойра ҳанӯз аз давраҳои қадим ҳангоми суруд хондан ва рақсидан васеъ истифода мебурданд. Ин асбоб чандин ҳазор бор аз дасти устодон — дойранавозони моҳири тоҷик зарб хурдаву ва садояш ба дили санъатдӯстон ҳамовоз гаштааст. Дойра асбоби мусиқии доирашакл буда, ҳалқачаҳо дорад, ки барои навохтани мусиқии классикӣ ва муосир дар кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон ва дигар мамлакатҳои ҳамҷаворе, ки миёни ҳам пайванди таърихӣ ва фарҳангию мусиқӣ доранд, ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дойра сози зарбии хеле маълуму серистифода дар анъанаи иҷроӣ буда, дар санъати мақомсароӣ нақши муассир дорад ва низоми зарбию авзонии мақомҳо бештар бар пояи усули дойра сурат мегирад.

Сарвари муассиса аз устодони чирадаст ва дойрадастони моҳири халқи тоҷик Усто Барака Ҳомидов, Авнер Аминов, Ёқуб Аълоев, Аъло Аълоев, Каримҷон Бурҳонов, Шарифҷон Орипов, Саттор Фозилов, Ғуфронҷон Раҳимбоев, Каримҷон Ҳошимов, Файзулло Улмасов, Иноятулло Саидов, Файзулло Дадабоев, Авазмурод Шоҳимардонзода ва ғайраҳо ёдовар шуд, ки дар рушди сози зарбии дойра хизмати арзанда кардаанд. Ҳамзамон дойрадастони ҷавон Хайрулло Дадабоев, Фахриддин Қурбонов, Алишер Фозилов, Ҷамшед Муҳсиддинов, Нуралӣ Саидов, Шавкат Муллоҷонов, Улуғбек Ҷураев, Дилшод Юсупов, Фарҳод Одинаев, Шавкат Нурматов, Валиҷон Икромов, Наимҷон Руябов ва дигаронро ситоиш кард, ки аз устодон сабақ гирифта, нозукиҳои сози дойраро аз бар намуда, дар байни аҳли фарҳангу ҳунар соҳиби  маҳбубият гаштанд.

 

Таъкид карда шуд, ки барои баргузории ин чорабинии муҳим барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шоҳимардонзода Авазмурод Бекмурод, шарқшиноси олмонӣ Ута Шиллинг ва дойранавози чирадаст Хайрулло Дадобоев саҳми арзанда гузоштанд.

Роҳбари донишкада китоби тозанашри дотсенти кафедраи сарояндагии халқӣ, декани факултети такмили ихтисос Авазмурод Шоҳимардонзодаро, ки таҳти унвон “Сози дойра”  ба табъ расидааст, муаарифӣ карда, онро дастури муфиди таълимӣ барои устодону донишҷӯён номид.

 

Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар низ дар суханронии худ баргузории консерти муштараки навозиши созҳои зарбӣ бо иштироки ҳаваскорон-дойранавозони Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҳунармандони моро рӯйдоди муҳим унвон карда, онро натиҷаи сиёсати дарҳои боз ва фарҳангпаваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Сипас, барномаи консертии муштараки навозиши созҳои зарбӣ бо иштироки ҳаваскорон — дойранавозони Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҳунармандони мо пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он Хайрулло Дадабоев, Вивиан Фручи, Марианна Ҳиб, Сюзана Бартелт, Эдвард Хинсен, Анита Янссен, Гюнтер Каминский, Насиба Охундон, Ирина Рай, Миша Тсорн, Грит Яссен, Фахриддин Қурбонов ва Дамир Каримов ҳунарнамоӣ карда, бо асарҳои мусиқии беҳтарини созҳои зарбӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

 

ҚУДРАТОВ Сино