Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми июни соли ҷорӣ барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд. Пешвои миллат ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шуданд.
Бояд зикр намоем, ки 13 августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса пешбарӣ гардида буд, якдилона қабул шуда буд. Бо қабул гардидани ин Қатънома аз тамоми кишварҳои узви СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал оварда шуд, ки тавассути пешбурди фаъолиятҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим, инчунин, таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва бар асари ин тағйирот дар криосфера дар ҳама сатҳҳо мусоидат намуда, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034-ро ба ҳайси роҳбари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бо суханронии пурмуҳтаво ҳусни оғоз бахшида, дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлати мо дар ҳошияи чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ва дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо як қатор иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд суҳбатҳои судбахш низ анҷом доданд, ки далели возеҳи сиёсатмадори ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ буданашон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ифтитоҳии хеш иброз намуданд, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад. Бинобар ин, таъкид карданд, ки «…ба инобати аҳаммияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем».
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард. Президенти кишвари мо иброз доштанд, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд. Пешвои миллат зимни суханронии худ аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд. Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҷумҳурии мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад. Таъкид гардид, ки «…ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд».
Сарвари давлат пас аз ибрози андешаҳо ва мулоҳизаҳои худ ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуданд, ки ҳамкориро баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, зимни суханрониашон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус зикр намуданд, ки имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст. Гуфта шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи «Раванди оби Душанбе», дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳам меоранд. Вобаста ба мушкилоти обшавии пиряхҳо Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза ба шумор мераванд, дар нигаҳдории экосистемаи глобалӣ нақши муҳим мебозанд. Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки «Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст».
Пешвои миллат дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид. Дар оғози суҳбат Эммануэл Макрон ба Президенти кишвари мо барои қабули даъват ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии Нитса арзи сипос намуда, нақши пешвои Тоҷикистонро дар умури ҷаҳонии обу иқлим махсус манфиатбор таъкид карданд. Тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои таъсири он ба муҳити зист, аз ҷумла дар чаҳорчӯби «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ», солҳои 2025-2034 аз мавзуъҳои муҳими суҳбати роҳбарони ду кишвар буд.
Маврид ба зикри хос аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманд бо кишварҳои ҷаҳонро барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шуд.
Шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд. Пешвои маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Муносибат бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ташкил медиҳад.
Сиёсати сулҳдӯстонаи Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусҳои созанда ва манифтбори Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи ташаббусҳои бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ» солҳои 2025-2034 ва ниҳоят 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 2,6 ҳазор мутахассисон аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат карданд. Ин рӯйдоди муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ яке аз иқдомҳои бесобиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт гардид.
Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обї ва њифзи пиряхњои минтақа талқин менамоянд. Мо итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созандаи байналмилалї ва мардумпарваронаву миллатдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш дар арсаи байналмилалї мавқеи худро истеҳком мебахшад ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати
Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Назарзода Маҳмуд Мирзо