Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар бо иштироки мудири бахши коргузорӣ ва назорати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Шаҳло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе Шарифзода Мавлуда, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушдил Исмоилов бонувони собиқадори соҳаи фарҳангу санъати кишвар, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо бо сухани шодбошӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, бонувон ва ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Модар муборакбод намуд. Мавсуф дар идомаи суханронияш тазаккур дод, ки Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳояшон модарро ба гунаи олӣ васф намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон буда, сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад. Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд.
Мудири бахши коргузорӣ ва назорати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Шаҳло бо суханронии пурмуҳтаво ҳозиринро ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ раванди зоҳир намудани ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон вусъати тоза касб намуда, занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир гузоштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир бонувони донишкада ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати иди Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Имрӯз модарону бонувони мо дар ҳама соҳаҳо, хусусан соҳаи фарҳанги кишвар фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе Шарифзода Мавлуда ҳозиринро бо суханронии муассир ба ифтихори ҷашни Рӯзи Модар муборакбод намуда, аз ҷумла изҳор намуд, ки воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушдил Исмоилов низ дар навбати худ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар табрик карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки вақте ки модар мегӯем, зери ин калима самимияту садоқат, хушгуфторию хушахлоқӣ ва хоксориҳое ниҳон аст, ки симои пур аз нураш дунёи фарзандро ҷило мебахшад. Инчунин, таъкид намуд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Пас аз ироаи суханрониҳо як зумра бонувони донишкада бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.


